“Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ талаби замон аст!”
Дар соли 2025 дар миқёси вилояти Хатлон аз ҷониби прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вобаста ба ҳолати иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм” ва “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” диққати махсус дода шуда, дар ин самт 64 санҷишҳо гузаронида, бо натиҷаи онҳо 816 қонунвайронкуниҳоро ошкор ва муайян карда, ҷиҳати бартарафсози ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда 121 пешниҳод, 239 амр оварда шуда, дар асоси ҳуҷҷатҳои эътиноии прокурорӣ 100 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 120 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, дар ҳамкорӣ бо дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ 231 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Бо парвандаҳои ҷиноятии оғоз карда шуда, нисбати ҳамаи шахсони дастгир карда шуда, чораи пешгирӣ дар намуди дар ҳабс нигоҳ доштан интихоб ва татбиқ карда шудааст.
Ҳамчунин дар маҷмӯъ дар давраи таҳлилӣ баҳри пешгирии омилҳои терористӣ, ифротгароӣ ва радикализсми динӣ аз тарафи кормандони прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 945 маротиба вохӯрию сӯҳбатҳо анҷом дода шуда, аз васоити ахбори омма (радио, телевизион ва матбуот) низ пайваста истифода бурда шудааст.
Масалан, соли равон вобаста ба баланд бардоштани дониши ҳуқуқии аҳолӣ ва хосатан вобаста ба пешгирии андешаҳои ифротгароӣ ва радикалӣ, фаҳмонидани моҳияти терроризм ёрдамчии калони прокурори вилоят Зайниддинов В.Д. тариқи барномаи “Инсон ва қонун”-и ТВ «Хатлон» ва тариқи барномаи “Қонун ва ҷомеъа”-и Радиои Хатлон, Радиои Тоҷикистон, телевизионҳои марказӣ ва минтақавӣ баромадҳои зиёдеро анҷом додааст.Ба ин монанд чунин баромадҳо ҳамчунин аз ҷониби сардори шуъбаи муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии прокуратураи вилояти Хатлон, Ҳасанзода А.Р. анҷом дода шудааст.
Бояд гуфт, ки чунин баромаду сӯҳбатҳо ҳамчунин аз тарафи сардорони шуъбаҳо оиди назорати умумӣ Азимзода А., назорати риояи иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ,назорати маводи нашъаовар Ҷамолиддинзода К., назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон Шарифзода Д.Ш., назорати иҷрои қонунӣ будани санадҳои судӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ Давлатзода А.Д., ёрдамчиёни калони прокурори вилоят Шайдуллозода О., Мурододлизода С.М. прокурор-криминалисти калон Маҳмадализода Қ., тариқи радио ва телевизион дар давраи ҷамъбастӣ зиёд анҷом дода шудааст.
Тариқи барномаи “Прокуратура”-и ТВ “Ҷаҳоннамо” дар ин давра як қатор кормандони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят аз қабили прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Фархор,А.Ҷомӣ, Кӯлоб, Бохтар, Левакант, Восеъ, Данғара, М.С.А.Ҳамадонӣ,Кӯшониён,Ҷайҳун, Ҷ.Балхӣ, Вахш,А.Ҷомӣ, Ёвон вобаста ба вазъи ҷинояткорӣ ва пешгирии он, пешгирии ифротишавии қишрҳои гуногуни ҷомеъа баромадҳо анҷом дода шудааст.
Оиди масъалаи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ вохӯриҳои зиёде аз тарафи кормандони дастгоҳи марказии прокуратура ва прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо дар байни аҳолӣ ва муассисаҳои таълимӣ доир гашта, пайваста баромадҳояш тариқи радио, телевизон намоиш дода шуда, оиди мавзӯъҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ мақолаҳояш чоп гаштаанд.
Ҳамчунин аз тарафи кормандони прокуратура вобаста ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки санаи 24-уми декабри соли 2022 таҳти №1920 ба тавсиб расидааст дар ташкилоту муасисаҳо, муассисаҳои таълимӣ, шуъбаҳои маориф, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бештар аз 17 шаҳру ноҳияҳои вилоят аз қабили дар Бохтар, Левакант,Мӯъминобод, Фархор Хуросон, Ёвон, Шаҳритус ва ғайраҳо вохӯрию сӯҳбатҳо бо ҷавонону наврасон, устодони литсейҳо ва мактабҳои миёна гузаронида шуда, оиди ин вохӯриҳо тариқи нашрияҳои даврии маҳалӣ хабарҳо ба нарш расидаанд.
Чунин мисолҳо вобаста ба корҳои фаҳмондадиҳӣ дар роҳи пешгирии ифротишавӣ ва радикализми динӣ, ки аз тарафи кормандони дастгоҳи марказии прокуратура ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо дар давраи ҷамъбасти соли 2025 анҷом ёфтааст зиёданд.
Бо натиҷаи ҷамъбаст ва таҳлилҳои гузаронидашуда назорати прокурорӣ минбаъд низ дар ин самт бо пурзӯртар карда хоҳад шуд. Бояд гуфт, мубориза бо ин аъмоли номатлуб кори дастҷамъона буда, барои пешгирии ин раванди хатарзо тамоми ҷомеъа бояд таъваманд бошанд.
Дар ин асос андешаҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии терроризм ва ифротгароӣ,ки дар Паёмҳо худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола садо медиҳанд бояд сармашқи кори ҳар як шаҳрванди ватандӯст қарор бигиранд ва ҳамагӣ барои баланд бардоштани дониши ҳуқуқии аҳолӣ ва андешаи ифтихору ғурури миллӣ саҳмгузор бошем.
Расулов И.Р., Прокурори калони шуъбаи назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратураи прокуратураи виллояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 2
















