21:32:47 15-уми Январи 2026 сол

«Қонун зери назорат қарор дорад!»

Прокуратураи вилояти Хатлон ҳолати иҷрои Фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 26 аз 16 феврали соли 2016 «Дар бораи тадбирҳои пурзӯр намудани назорати прокурорӣ оид ба иҷрои қонунгузории нақлиёт»-ро дар давраи 9 моҳи соли 2025 дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2024 мавриди таҳлилу ҷамъбаст қарор дод.

1 sadama 655988512Таҳлилу ҷамъбасти ҳолати иҷрои қонунгузории нақлиёт нишон дод, ки дар ин давра 77 (74) санҷиш гузаронида, 2451 (2132) - қонунвайронкуниҳо ошкор карда шуд. Ҷиҳати рафъӣ камбудиҳои ошкоршуда ба мақомотҳои дахлдор 241 (172) - амр, 130 (123) - пешниҳод ирсол намуда, бо натиҷаи баррасии онҳо 328 (273) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 237 (165) нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шудаанд.

Ба 575 (544) - қарорҳои ғайриқонунӣ эътироз оварда, 893 (788) - парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 41 (37) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ 759751 (579663) сомонӣ маблағи зарар барқарор карда шудааст.

Зимни санҷишҳои гузаронида муайян гардид, ки кормандони Раёсатҳои минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар ва Кӯлоб уҳдадориҳои хизматии худро ба таври зарурӣ ба роҳ намонда, ба фориғболӣ ва мусолиҳакорӣ роҳ дода, бо ин амалҳои худ боиси ба миён овардани шубҳаноки оиди ба таври зарурӣ ва шаффоф ба иҷро расонидани вазифаҳои хизматиашон гардидаанд.

Аз ин беамалӣ ва ё мусолиҳакорӣ субъектони муносибатҳои соҳаи мазкур истифода намуда, иҷрои талаботи иҷозатномадиҳӣ барои кашонидани бор, борҳои вазнин ва калонҳаҷм, сертификатсияи баркашии воситаҳои нақлиётӣ ва ғайраро даѓалона поймол намудаанд.

Новобаста аз ин мутахассисони соҳаи мазкур бархилофи манфиатҳои хизматӣ ва моддаҳои 2, 8, 9, 35 КҲМ ҶТ, моддаҳои 78, 80 ва 84 КМҲМ ҶТ амал карда, маводҳои зарурӣ тартиб намедиҳанд.

Дар баъзе мавридҳо дар якҷоягӣ бо субъектони муносибатҳои соҳаи мазкур даст ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии коррупсионӣ ва ҷиноят низ задаанд.

Чунончи, Тураев С.А аз 11.03.2020 сол то моҳи январи соли 2025 дар вазифаи мудири бахши назорат ва танзими нақлиёти роҳи оҳани Раёсати ХДНТДСН дар минтақаи Бохтар фаъолият намуда, даст ба ҷинояти хунукназарӣ задааст.

Номбурда зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз моҳи ноябри соли 2023 то моҳи декабри соли 2024 бархилофи талаботҳои КМҲМ ҶТ ва талаботи фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №19 аз 21.01.2022 сол амал намуда, 158 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии ба расмият даровардашудаи бахши назорат ва танзими нақлиёти роҳи оҳани Раёсати ХДНТДСН дар минтақаи Бохтарро бо моддаҳои 290 қ.2, 291 қ.2, 311 қ.1 ва 2, 322 ва 323 қ.1 КҲМ ҶТ-ро мавриди баррасӣ қарор надодаааст.

Тураев С.А. 158 нафарро ғайриқонунӣ аз ҷавобгарии маъмурӣ дур намудааст, ки маблағи ҷаримаи маъмурии онҳо тибқи талаботҳои КҲМ ҶТ аз 54504 сомонӣ то 80352 сомониро ташкил медиҳад, ки бояд ба буҷети давлат ворид карда мешуд. Дар натиҷаи муносибати бепарвоёнаи ӯ ба хизмат ва ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои бар зиммаи ӯ гузошташуда, номбурда ба таври ҷиддӣ манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи давлатро поймол намудааст.

Бинобар ин 18.01.2025 сол нисбати Тураев С.А. ва дигарон бо аломати моддаи 322 қисми 1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пас аз ба итмом расонидани пешбурди тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуда, нисбаташ ҷазои сазовор татбиқ гардидааст.

Ё ин ки раиси Кумитаи ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳияи Дустӣ Қурбонов Б.А. аз рӯи маслиҳати пешакӣ ваколатҳои хизматии худро бархилофи манфиатҳои хизматӣ истифода карда, ба сохтакории хизматӣ роҳ дода, дар натиҷа ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи давлат зарари ҷиддӣ расонидаанд.

Чунончӣ, шаҳрванд Неъматов Ш.И. сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, Ҷамоати деҳоти Дӯстӣ, деҳаи Ғалаба, моҳи декабри соли 2024 бо мақсади гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ бо раиси Кумитаи ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Б.А. вохӯрда барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба охирин 4400 сомонӣ додааст. Сипас раиси Кумитаи ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Б.А. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо кормандони ташкилоти мазкур Неъматов Ш.И.-ро дидаву дониста, ки дар дарсҳои омӯзишӣ иштирок накардааст, аз руи манфиатдории шахсӣ ҳамчун шахси иштирокдошта баҳо гузошта, номбурдаро барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагии тахассуси “В, С” ворид намуда, ба ШБИ РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои минбаъда супоридани имтиҳони давлатӣ ва гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ пешниҳод кардааст.

Бинобар ин сабаб 24.06.2025 сол нисбати раиси Кумитаи ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳияи Дустӣ Қурбонов Б.А. ва дигарон бо моддаи 340 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Дар ин давра санҷишҳои прокурорӣ доир ба самти риояи қонунгузорӣ оиди ҳамлу нақли мусофирон, амалияи маъмурӣ дар фаъолияти Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаҳои Бохтар ва Кӯлоб, инчунин риояи қоидаҳои боркашониро фаро гирифта, бо натиҷаи он чораҷуӣ карда шудааст.

Зимни санҷиш дар Раёсатҳои номбурда ҳолатҳои нопурра тартиб додани маводҳои маъмурӣ, дарҷ накардани моҳияти қонунвайронкунӣ, сари вақт баррасӣ накардани парвандаҳои маъмурӣ, бандубаст ва татбиқи нодурусти меъёрҳои қонунгузории маъмурӣ ошкор карда шуда, бо тариқи назоратӣ эътирозҳо оварда шудаанд.

Дар як вақт диққати ҷиддӣ ба иҷрои қонунгузорӣ вобаста ба боркашонӣ дода шуда, дар ин самти назорати прокурорӣ аз тарафи прокуратураи вилоят ва прокуратураи шаҳру ноҳияҳои он 33 (28) -санҷиш гузаронида, 418 (315) - қонунвайронкуниҳо ошкор карда шуд. Ҷиҳати рафъӣ камбудиҳои ошкоршуда 25 (22) - амр, 23 (18) - пешниҳод ба мақомотҳои дахлдор ирсол карда шуда, бо натиҷаи баррасии онҳо 48 (41) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуд. Ба 76 (43) -қарорҳои ғайриқонунӣ эътироз оварда, 236 (181)-парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 1 (1) –парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ‘‘Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ” асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии фаъолияти роҳдорӣ, рушди шабакаи роҳҳои автомобилгард ва тартиби истифодаи онҳоро муайян намуда, барои танзим ва идоракунии фаъолияти роҳдорӣ равона гардидааст.

Заминҳои роҳҳои автомобилгард қисмати заминҳои наклиёти автомобилӣ мебошанд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои сохтмони роҳҳои автомобилгард, азнавсозӣ ва истифодабарии онҳо ҷиҳати бунёди бинову иншоотҳои роҳдорӣ ва хизматрасонии роҳ, инчунин қисматҳои ҳамшафат ва минтақаҳои захиравӣ дода шудаанд.

Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 9 Қонуни мазкур замини роҳи автомобилгарде, ки барои таъмини бехатарии аҳолӣ ва ба вуҷуд овардани шароити истифодабарии роҳҳои автомобилгард бо назардошти талаботи бехатарии ҳаракат дар роҳ, инчунин имконияти азнавсозӣ, таъмир, нигохдорӣ ва ҷойгиркунии иншооти роҳдорӣ ва хизматрасонии роҳ пешбинӣ шудааст, қисмати ҳамшафати роҳи автомобилгард дониста мешаванд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир аз ҷониби макомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳангоми додани заминҳои нақлиётӣ ба истифодаи бемуҳлат, муҳлатнок, якумраи меросӣ ва иҷора ба қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ роҳ дода мешавад.

Инчунин, аз тарафи шаҳрвандон заминҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгард, оҳан ва заминҳои майдонҳои ҳавоӣ аз тарафи шахсони воқеӣ худсарона ишғол гашта, дар онҳо биною иншоотҳо сохта шудаанд, ки ин ҳолатҳо боиси халалдор сохтани таъмини бехатарии ҳаракати нақлиётҳо дар роҳҳои автомобилгард, оҳан ва фурудгоҳҳо мегарданд.

Қайд намудан бо маврид мебошад, ки назорат, нигоҳубин ва истифодабарии роҳҳои автомобилгард, оҳан ва фурудгоҳҳо ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ва зерсохторҳои поёнии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуда бошад ҳам, аммо қонунвайронкуниҳо дар ин самт аз мадди назари онҳо дур мондааст.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки аксарияти зиёди ронандагони боркаш талаботҳои оддитарини сархати 34 моддаи 17-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” -ро риоя накарда, бе иҷозатнома тавассути воситаи нақлиётии боркашон дар ҳудуди вилояти Хатлон ба фаъолияти боркашонӣ машғул гардидаанд.

Чунончӣ, шаҳрвандон Сиёвуши И., Қурбонов А.Ҷ., Ҳамидов Д.А., Каримов И.У., Иддиев Р. ва дигарон бе дастрас намудани иҷозатнома тавассути воситаҳои нақлиёти калони боркашашон ба фаъолияти боркашонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар машғул гардидаанд.

Бинобар ин, нисбати номбурдагон аз ҷониби прокуратураи вилояти Хатлон бо моддаи 510 қисми 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба суди шаҳри Бохтар ва ноҳияи Хуросон ирсол карда шуда, нисбати онҳо муҷозоти маъмурӣ татбиқ гардидааст.

Дар ин муддат баҳри фаҳмондадиҳии нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Раёсатҳои минтақавии мақомоти назорату танзим дар соҳаи нақлиёт вохӯриву сӯҳбатҳо доир карда шудаанд. Ба замми ин бо мақсади баланд бардоштани донии ҳуқуқии аҳолӣ ва кормандони соҳаи нақлиёт дар давраи љамъбастии мазкур доири мавзӯҳои ҳуқуқии дахлдор вохӯриву сӯҳбатҳо гузаронида шуда, дониши ҳуқуқии онҳо то андозае боло бурда шудааст.

Ҳамин тавр, таҳлил ва ҷамъбасти фаъолияти прокуратураи вилоят вобаста ба соҳаи мазкур нишон дод, ки фаъолият дар ин самт нисбат ба соли таҳлилии гузашта беҳтар гардида, натиҷаҳои корӣ дар ҳамаи самтҳои прокурорӣ нисбат ба соли гузашта рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.

Прокуратураи вилояти Хатлон ҳолати иҷрои Фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 26 аз 16 феврали соли 2016 «Дар бораи тадбирҳои пурзӯр намудани назорати прокурорӣ оид ба иҷрои қонунгузории нақлиёт», талаботҳои қарорҳои ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кории худ қарор дода, минбаъд низ вобаста ба амалӣ намудани риояи иљрои қонунгузориҳо дар соҳаи нақлиёт дар ҳудуди вилоят чораҳои дахлдорро хоҳад андешид.

Зайниддинов Варқа Давлатҷонович, Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ