23:03:05 28-уми Августи 2025 сол

Иштироки Вазорати энергетика ва захираҳои об дар “Ҳафтаи ҷаҳонии об – 2025” дар шоҳигарии Шветсия

Дар шаҳри Стокҳолми Шоҳигарии Шветсия аз 24-ум то 28-уми августи соли 2025 Ҳафтаи ҷаҳонии об баргузор гардид, ки дар он Ҷамшед Шоимзода – муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

4 wordl water week 202521254548Бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи чорабинии мазкур гӯшаи Вазорат таъсис дода шуд, ки ҳадафи он муаррифии сиёсати кишвар дар самти идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, ташаббусҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо, инчунин ҳадаф ва вазифаҳои Конфронси чоруми байналмилалии Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028” буд.

Ҳамзамон, дар доираи Ҳафтаи ҷаҳонии об ҷаласаи навбатии Кумитаи байналмилалии машваратии Раванди оби Душанбе баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои марбут ба Конфронси чоруми Душанбе, аз ҷумла ҳадафҳо, вазифаҳо ва харитаи роҳ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Инчунин, бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати замин, инфрасохтор, нақлиёт ва сайёҳии Ҷопон, Панели коршиносону роҳбарони сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва офатҳо (HELP) ва Маркази рушди минтақавии СММ (UNCRD)/UNDESA, ҷаласаи сатҳи баланд таҳти унвони «Об ва офатҳо: аз пирях то баҳр» баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ Ҷамшед Шоимзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро, ки рӯзҳои 29–31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, муаррифӣ кард.

Ӯ таъкид намуд, ки хулосаҳо ва тавсияҳои ин Конфронс заминаи муҳим барои таҳияи роҳҳалу сиёсати муштарак дар самти обшавии пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ, таҳкими ҳамкорӣ ва омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба об дар соли 2026 мебошанд.

Иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои Ҳафтаи ҷаҳонии об бори дигар нақши калидии кишварро дар пешбурди ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва идоракунии устувори захираҳои об таъкид намуд.

mewr.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ