15:42:39 21-уми Июли 2025 сол

“Истифодаи самараноки нерӯи барқ кафили пешравии ҷомеъа”

Прокуратураи вилояти Хатлон ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи истифодаи самараноки нерӯи барқро дар давраи 6-моҳаи якуми соли ҷорӣ мавриди санҷиш ва ҷамъбаст қарор дод.

1 nerui barq 23326555412Муайян карда шуд, ки дар ҳудуди вилоят филиалҳои ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб фаъолият дошта, дар тобеияти онҳо 23-шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо вобаста буда, шабакаҳои барқи шаҳри Норак ва ноҳияи Ёвон тобеи филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошанд.

Вазъи қарздориҳо аз ҳисоби истифодаи қувваи барқ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сол аз сол тамоюли болоравӣ дошта, дар 23 шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ҳолати 1 июни соли 2025 ҳамагӣ 1 миллиарду 254 миллиону 230 ҳазор 590 (ба аввали сол 1 млр 214 млн 916 ҳазору 077) сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 35,3 млн сомонӣ зиёд гардидааст, ки 2,9 % қарздорироо ташкил мекунад.

Таҳлили гузаронидашуда нишон дод, ки яке аз сабабҳои асосии зиёд гардидани маблағи қарзи истифодаи нерӯи барқ ин аз тарафи муштариён саривақт пардохт нашудани маблағи ҳаққи истифодаи нерӯи барқ ва аз тарафи дигар бефаъолияти зоҳир намудани масъулини соҳа ҷиҳати руёнидани маблағи қарздорӣ мебошад.

Чунончи, аз қарзи умумии истифодаи нерӯи барқи минтақаи Кӯлоб, ки ба 493304,75 ҳазор сомонӣ омада расидааст, аз он 45077,18 ҳазор сомонӣ ба корхонаҳои буҷетӣ, 9663,32 ҳазор сомонӣ ба ҳоҷагии коммуналӣ ва 81021,08 ҳазор сомонӣ ба хоҷагии об рост омада, 16,2% маблағи қарзро ташкил медиҳад.

Новобаста аз бефаъолиятии масъулини шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати рӯёнидани маблағи қарзи истифодаи нерӯи барқ, прокуратураи вилоят дар ин самт мунтазам санҷишҳоро ба роҳ монда, чораҳои судманд андешида истодааст.

Сабабҳои зиёд гардидани талафоти нерӯи барқ асосан дар фарсуда шудани ноқилҳои хатҳои интиқоли қувваи барқ буда, омили дигар, ин дар зеристгоҳҳои барқӣ муҳлати корношоямии трансформаторҳои қуввагӣ аз меъёри додашуда гузаштаанд, ки ҳангоми бе бор ё пурбор коркарданашон ба зиёд шудани талафот оварда мерасонанд. Дигар омили зиёд гардидани талафот, аз ҷониби истифодабарандагон бо роҳи пинҳонӣ истифода бурдани нерӯи барқ мебошад.

Кормандони баъзе аз Шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо, ки тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ӯҳдадориҳои мансабӣ бояд масъалаи пешгирии дуздии ҳаққи истифодаи қувваи барқ, пешгирии талафот ва напардохтани маблағи истифодаи қувваи барқро гиранд, баръакс дар баъзан мавридҳо худашон даст ба қонунвайронкунӣ зада, маблағҳои аз аҳолӣ ҷамъоварикардашударо азонихуд намуда, бо ин роҳ ба манфиати давлат ва Шабакаҳои барқ зарарҳои молу мулкӣ мерасонанд.

Чунончи, Шарипов Сиёвуш Зафархонович, дар вазифаи сарнозир дар филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Кӯлоб кор карда, дар давоми фаъоляти кориаш бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ аз роҳбари ҶДММ “Иборатмоҳ” маблағи 30690 сомонӣ ҳаққи истифодаи қувваи барқро гирифта, ба охирон расиди пардохти пешниҳод намуда, вале минбаъд маблағи мазкурро дар барнома ворид накарда, ба манфиатҳои шахсиаш истифода намудааст.

Ё ин, ки Шарипов Ҷ.М. дар вазифаи назоратчии Шабакаҳои барқи ноҳияи Дӯстӣ кор карда, давоми солҳои 2023-2024 ва давраи сипаришудаи соли равон аз 7-нафар муштариён тиҷоратӣ маблағи 42609 сомонӣ ҳаққи истифодаи қувваи барқро ҷамъоварӣ намуда, ба суратҳисоби ташкилоти барқ ворид накарда, дар эҳтиёҷоти шахсияш сарф карда, бо ин кирдораш ба Шабакаҳои барқи ноҳияи Дӯстӣ ва давлат зарари моддӣ расонидааст.

Ба ҳамин монанд, назоратчиёни Шабакаҳои барқи ноҳияи Дӯстӣ Додарбеков М.А., Мирзода Э.У. маблағи 64497 сомонӣ ҷамъ 137 ҳазору 796 сомонӣ маблағҳои ҳаққи истифодаи неруи барқро аз муштариён ҷамъоварӣ ва азонихуд намудаанд.

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати нозир-барқчиёни дар боло зикршуда бо моддаи 245 қисми 2 бандҳои “а,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Яке аз мушкилоти дигари соҳа ин аз тарафи шахсони масъули шабакаҳои барқ бо роҳи таҳрифкорӣ барзиёд нишон додани миқдори барқи истифоданашуда дар зиммаи корхонаю муассисаҳо буда, ҳолати мазкур боиси зиёд гардидани маблағи қарздории барқ дар вилоят гардида истодааст.

Санҷиши гузаронидаи дастгоҳи прокуратураи вилоят дар ноҳияи Ёвон нишон дод, ки масъулини шабакаҳои барқи ноҳия дар зиммаи ҶСК “Тоҷикхимпром” ва 58 нафар муштариёни маишӣ (аҳолӣ” бо роҳи таҳрифкорӣ 6522017,04 кВт қувваи барқи истифоданашударо ба маблағи 24 миллиону 623 ҳазору 244 сомонӣ ғайриқонунӣ нишон дода, ба манфиати ҷамъият, давлат ва шаҳрвандон зарар расонидаанд.

Баъзе кормандони шабакаҳои барқ ба ҷои пешгирии ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ худ ба дуздии нерӯи барқ даст зада, ҷиноят содир намудаанд.

Масалан, Раҳимбеков Р.Ш. дар вазифаи назоратчии Шабакаҳои барқи ноҳияи Ҷайҳун кор карда, бо истифода аз мақоми хизматӣ аз моҳи майи соли 2025 инҷониб таҷҳизотҳои барқии манзили истиқоматии худро воқеъ дар ноҳияи Ҷайҳун, Ҷамоати деҳоти Ваҳдати-миллӣ, деҳаи Навоӣ бидуни ҳисобкунаки барқӣ, ба зеристгоҳи трасформаторӣ пайваст намуда, ба ғайриқонунӣ истифодабарии қувваи барқ машғул шудааст.

Нисбати Раҳимбеков Р. 6 июни соли 2025 бо моддаи 2531 қисми 2 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Ҳамзамон, муайян карда шуд, ки дар баъзан мавридҳо сарнозир, назоратчиён ва дигар кормандони шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо уҳдадориҳои мансабии хешро оид ба сари вақт ҷамъоварӣ кардани маблағи истифодаи қувваи барқ дуруст ба роҳ намонда, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳиро байни аҳолӣ бобати маданияти истифодабарии қувваи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он тақвият намебахшанд, ки дар натиҷа муштариён талаботи қонунро дарк накарда, ба талафот ва аз меъёр зиёд истифода намудани қувваи барқ даст зада, ҳатто маблағи истифодаи қувваи барқро сари вақт ва ба пуррагӣ пардохт наменамоянд.

Бинобар аз ҷониби шахсони масъули шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ, дар минтақаи Бохтар 3,3 млн сомонӣ ва минтақаи Кӯлоб бошад, 22,5 млн сомонӣ, ҷамъ 25,8 млн сомонӣ кам маблағ ба шабакаҳои барқ ворид карда шудааст, ки ин ба беҳ кардани шароити кор ва таъминоти таҷҳизотҳои барқӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ин омил низ боиси зиёд гардидани қарзи истифодаи қувваи барқ дар вилоят гардида истодааст.

Ҳамзамон, дар рафти санҷишҳои интихобии гузаронидаи шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилоят дар давраи сипаригардидаи соли ҷорӣ муайян гардид, ки баъзе аз шаҳрвандон талаботи бандҳои 1.3.1, 1.3.2-13.9, 1.4.3, 1.5.1-15.12-и Қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармиро (бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 6 марти соли 1998, таҳти №84 тасдиқ шудааст), ки тибқи он истифодабарандагони қувваи барқ вазифадоранд, низоми истифодаи барқро риоя намоянд, истифодаи оқилона ва пурсамари онро таъмин намуда, ба тороҷ ва бемавқеъ хароҷотшавии қувваи барқ роҳ надиҳанд ва барои ҳолати техникии дастгоҳҳои барқӣ ҷавобгар мебошанд, дағалона вайрон намуда, даст ба қонуншиканиҳо задаанд.

Чунончи, Зайдуллоев Ғ.А. сокини шаҳри Бохтар бидуни бароҳ мондани ҳисоби дурусти истифодаи энергия, худсарона пломбаи дастгоҳи барқии нерӯи барқро халалдор карда, қувваи барқро бидуни дастгоҳи дурусти ҳисобкунаки барқӣ дар манзили истиқоматиаш истифода намуда, низоми муқарраршудаи истифодаи қувваи барқро риоя накардааст, ки боиси истифодаи бесамари қувваи барқ гаштааст.

Бинобар ин, нисбати номбурда бо моддаи 382 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба Раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Бохтар ирсол карда шуд.

Чунин камбудиҳо зимни санҷишҳои прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Вахш, Хуросон, Қубодиён, Ҷ.Балхӣ, Ҷайҳун, Кӯшониён, Норак, Восеъ ва дигар прокуратураҳо ошкор карда шуда, чораҳои маъмурӣ татбиқ карда шудааст.

Ҷиҳати рӯёнидани 37 млн 142 ҳазорӯ 580 сомонӣ маблағи қарздорӣ 36-аризаҳои даъвогӣ ба суди иқтисодӣ оварда шудааст, ки аксари онҳо баррасӣ ва қонеъ карда шудаанд.

Ҳамин тариқ, бо натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда баҳри фавран бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 578 амр, 39 эътироз, 80 пешниҳод ирсол карда шуда, 75 парвандаи ҷиноятӣ, 471 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 1349 истеҳсолот дар бораи ба ҷавобгарии моддӣ ва 247 истеҳсолот дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ кашидан оғоз карда шуда, дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи 77516787 сомонӣ қарздории ҳаққи истифодаи қувваи барқ пардохт карда шуд.

Прокуратураи вилояти Хатлон минбаъд низ назорати прокурориро дар ин самт пурзӯр намуда, ҷиҳати пешгирию ошкор намудани қонунвайронкуниҳо тамоми чораҳои дахлдорро роҳандозӣ менамояд.

Амирзода А., Прокурори шуъбаи назоратиумумии прокуратураи вилояти Хатлон,мушовири адлияи дараҷаи 3

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ