04:41:41 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Тоҷикистон ба Русия бештар сабзавоту мева мефиристад

Минтақаҳои Россия ба интиқоли маҳсулоти меваю сабзавот аз Тоҷикистон тамоми сол манфиатдор мебошанд, аз ин рӯ, ширкати «Роҳҳои оҳани Русия» тахфифи интиқол аз Тоҷикистонро барои соли 2023 тамдид кард. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора агентии иттилоотии «РЖД-Партнер.ру» 22 декабр бо истинод ба ширкати роҳи оҳан хабар дод.

plodoovoshhnoj-produktsii-iz-Tadzhikistana-2«Раёсати ҶСК «Роҳҳои оҳани Русия» тахфифҳои ҷорӣ барои ҳамлу нақли як қатор борҳоро барои соли оянда тамдид кард. Аз ҷумла, 50% тахфифи воридоти меваю сабзавот аз Тоҷикистон ва Узбекистон барои соли 2023 тамдид карда мешавад», — омадааст дар иттилоия.

Ёдовар мешавем, ки нархҳо аз моҳи январи соли 2021 коҳиш дода шуданд. Сиёсати тахфиф нисбат ба вагонҳои яхдондор аз Тоҷикистон ва Узбекистон татбиқ мешавад.

Чанде пеш намояндаи тиҷоратии Русия Евгений Коренков ба агентии Sputnik гуфт, ки истеъмолкунандагони Русия ба маҳсулоте, ки таҳти тамғаи «Made in Tajikistan» ворид мешаванд, талаботи зиёд доранд. Инҳо зардолуи тару тоза ва хушк, ангур, олу, гелосу тамашк ва хушкмевҳои гуногун мебошанд.

Бино бар хусусиятхои иқлимию географӣ аксари минтақаҳои Русия ба фиристодани меваю сабзавот аз минтакаи офтобӣ манфиатдор мебошанд.

«Маҳсулоти саноатию кишоварзӣ яке аз даромадҳои асосии пулии Тоҷикистон аст ва дар равобити тиҷоратӣ бо Русия нақши муҳим дорад», — таъкид кард Е. Коренков.

Ӯ афзуд, ки соли равон 21,2 дарсади содироти Тоҷикистонро маҳсулоти озуқаворӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ ташкил дод. Ба ҳисоби пулӣ ин рақам 14 миллион долларро ташкил медиҳад.

Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, ки ин раванд дар навбати худ, дар муқоиса бо соли 2021, ду баробар афзоиш ёфтааст, ки ин асосан дар натиҷаи сиёсати тахфифии «Роҳҳои оҳани Русия» сурат гирифтааст.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi