14:24:51 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Вируси Зика, Зукоми хук: эҳтимоли таҳдид ба Тоҷикистон вуҷуд дорад?

Пас аз коҳиш ёфтани бемории Эбола ба сокинони курраи замин боз ду бемории сироятии нав- «вируси Зика» ва «зукоми хук», гурӯҳи А1H1N1 таҳдид карданд. Бино ба иттилои ВАО вируси Зика аллакай дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба қайд гирифта шудааст. Зукоми хук мардуми Русия ва Украинаро ба ташвиш овардааст.

dukhturho-98544512.jpgТоҷикистон сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифтаасту имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар метавонад  бе мамониат ба дилхоҳ давлати дунё сафар кунад ва шаҳрвандони хориҷӣ имкон доранд ба Тоҷикистон оянд. Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, шаҳрвандони Тоҷикистон ба ду кишвари бузурги дунё - Русия ва Чин бештар аз тариқи тайёра сафар мекунанд ва аз он ҷо низ мардуми зиёд ба кишварамон ворид мешаванд.

Оё имрӯз хавфи аз тариқи тайёра вуруд шудани вируси Зика ва зукоми хук ба Тоҷикистон имкон дорад ё не ва фурудгоҳ дар ин самт кадом корҳои пешгирикунандаро роҳандозӣ намудааст?

Ба ин ва дигар саволҳои мо духтури қисми санитарии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Мирзоумар Шокиров чунин посух дод:

mirzoumar-shokirov_45784545.jpgМ.Шокиров: -Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар мавриди  пешгирии зукоми хук ва вируси Зико тамоми шароит муҳайё шудааст. Дар қисми тиббии беҳдоштӣ ва бунгоҳи тиббӣҳароратсанҷи масофавӣ (теплосканер), ки аз масофаи беш аз 3 метр баланд будани ҳарорати бадани мусофирро хабар медиҳад, фаъол аст.

Дар сурати ошкор шудани беморӣ мо мусофирро ба хуҷраҳои махсуси маҳкам ворид мекунем ва дар он ҷо муоинаи такрорӣ мегузаронем. Ба ғайр аз теплосканери масофавие, ки ҳама мусофирон аз он  мегузаранд, мо теплосканери дастиро ҳам харидаем ва ҳамаи кормандони бунгоҳи тиббӣ бо он таъминанд. Барои пешгирӣ ва бехатарӣ аз тарафи фурудгоҳи байналмиллалӣ дар бунгоҳ капсулаи Эбола харид шудааст. Бемор дар ин капсула метавонад аз 9 то 12 соат қарор гирад. Капсула тамоми шароити ҳаётии беморро дар дохил таъмин менамояд. Духтурон метавонанд тамоми муоинаро дар дохил гузаронанд.

-То имрӯз ягон нафар бо нишонаҳои ин ду беморӣ аз ҷониби кормандони фурудгоҳ ба қайд гирифта шудааст?

-Мо ҳоло ягон ҳолати гузаштани мусофиронро бо ин ду намуди беморӣ ба қайд нагирифтаем. Ҳамаи мусофироне, ки хоҳ рӯзона ва хоҳ шабона парвоз мекунанд ва ё ба кишварамон вуруд мешаванд, аз теплосканер мегузаранд. Дар ҳолати пайдо шудани аломати ин бемориҳо мо, албатта, аз он огоҳӣ меёбем.

-Аз ҷониби кормандони фурудгоҳ дар  тайёраҳо корҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд?

-Ҳамаи тайёраҳое, ки аз фурудгоҳи мо парвоз мекунанд ва ё фуруд меоянд, бо маҳлулҳои махсуси безараргардонӣ коркард мешаванд. Ин коркарди давравӣ буда, ҳамаи тайёраҳо дар як шабонарӯз як маротиба онро мегузаронанд.

-Барои пешгирӣ ва огоҳонидани мусофирон дар фурудгоҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд?

-Албатта. Кормандони фурудгоҳ ба ҳамаи мусофирон китобчаҳои махсусеро, ки вобаста ба бемориҳои сироятӣ омода шудаанд, тақсим мекунанд. Ҳоло чунин варақаҳо вобаста ба вируси Зика ва зукоми хук таҳия шудаанд ва байни мусофирон ҳам дар фурудгоҳ ва ҳам дар дохили тайёра тақсим мешаванд.

-Оё эҳтимоли таҳдиди вируси Зика ва зукоми хук  ба Тоҷикистон вуҷуд дорад?

-Тавассути нақлиёти ҳавоӣҳамеша эҳтимоли таҳдиди ин вирусҳо  ба кишвар мавҷуд аст. Тавре ки медонед, мо ба бисёр шаҳрҳои калони Русия ва Чин парвозҳоро ба роҳ мондаем. Омадани хомӯшакҳо ба Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест. Дар ин самт дар фурудгоҳ мутахассиси соҳаи ҳашаротшиносӣ фаъолият намуда, пас аз ҳар як парвоз дар ин самт ташхис мегузаронад. Бояд   гуфт, ки барои пешгирии ин вирус мо корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаем ва дар оянда низ идома медиҳем.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi