12:47:47 11-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Се гумонбар дар қатли нозири Раёсати маҳбасҳо зиндонӣ шуданд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар марги Ҷӯрабек Дӯстов, нозири Раёсати маҳбасҳои Тоҷикистон, се сокини Душанберо гунаҳкор донист.

general-dustum_98985644554.jpgДодгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар марги Ҷӯрабек Дӯстов, нозири Раёсати маҳбасҳои Тоҷикистон, се сокини Душанберо гунаҳкор донист. Ҳукми додгоҳ дар нисбати ин афрод, ҳудуди ду ҳафта қабл содир шудааст.

Ин нозири Раёсати маҳбасҳои Тоҷикистон, ки бо номи “генерал Дустум” миёни ҳамкорону ҳамдеҳагон шинохта мешуд, аввалҳои моҳи майи соли равон дар Душанбе ғайб зад. Ғайб задани ӯ замоне сару садо баланд кард, ки ҳамдеҳаи ӯ Гулмурод Ҳалимов, полковники фирорӣ пас аз як моҳи ғайб задан дар навори видиоие аз Ироқ аз худ дарак дод.

Якбора беному нишон шудани Ҷӯрабек Дӯстов он замон ин сарудсадро ба вуҷуд овард, ки эҳтимол ӯ бо ҳамсоядеҳааш Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи ОМОН ба Сурия рафтааст. Вале аз рӯзи аввал наздиконаш ба ин сарудсадоҳо бовар надоштанд ва бештар ӯро дар кӯҳу пушта ва соҳили рӯдхонаҳо ҷустуҷӯ мекарданд.

Тағойбек Дӯстов, бародари ӯ гуфта буд, дар мавриди гум шудани бародараш ба идораи умури дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода муроҷиат карда, инчунин, аз ҳукумати шаҳр хоҳиш карданд, то барои ҷустуҷӯ оби соҳили Лучобро муваққатан қатъ намояд.

Пас аз 21 рӯзи ғайб задан, ҷасади Ҷӯрабек Дӯстов аз рӯдхонаи Лучоб пайдо шуд ва ӯро рӯзи 29 май ба хок супурданд. Наздиконаш мегуфтанд, эҳтимол ӯғарқ шуда бошад, аммо тафтишот муайян кардааст, ки ҳангоми мастӣ ва дар пайи як муноқиша, се сокини Душанбе ӯро то ба ҳалокат расидан лату куб карда, дар соҳили рӯдхонаи Лучоб партофтаанд.

Бар асоси ҳукме, ки як нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ гардид, пас аз барррасии парванда бо моддаҳои 237, қисми 2, банди “Б” (авбошии гурӯҳӣ) ва 127, қисми 2-и (дар хатар мондане, ки боиси ҳалокат мегардад) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон Шӯҳрат Юнусов ба 4 солу 6 моҳ, Ашуралӣ Юнусов 4 сол ва Азим Тошев 3 солу 6 моҳ равонаи зиндон гардиданд. Маҳкумшудагон зимни мурофиаи додгоҳӣ иқрор шудаанд, ки Дӯстов ҳангоми муноқиша бо онҳо мегуфт, “ман генерал Дустум ҳастам” ва талаб мекардааст, ки ба ӯ арақ харида диҳанд.

Хайриддин Ғуломов, писарамаки Дӯстов, ки шоҳиди ин ҳодиса будааст, тасдиқ кардааст, ки “баъзан вақтҳо Дӯстов ба тарабхонаи “Дидор” меомад ва ӯро кормандони ин тарабхона бо лақаби генерал Дустум мешинохтанд”.

Ҷӯрабек Дӯстови 46-сола 23 сол собиқаи кор дар Раёсати маҳбасҳои Тоҷикистонро доштааст. Ӯ замоне лақаби “генерал Дустум”-ро ба худ гирифта будааст, ки бо як шеваи хос ба мисли Абдурашид Дустум, генерали афғон, ки ҳоло муовини аввали президенти Афғонистон ҳаст, ҳарф мезадааст. Ба мисли ӯ муйлаб гузошта, аз ҳамкорон тақозо мекардааст, то ӯро “генерал Дӯстум” ном баранд. Аз унвони “генерал Дустум” хеле хушаш меомадааст.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi