Ҷароҳати 14 талабаи мактаби Ёвон дар пайи заминларзаи шадид
Дар ҳоле ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, ки ҳанӯз дар бораи хисороти заминларза ба онҳо иттилоъ нарасидааст, аммо дар пайи тахриби зинапояи як мактаб дар Ёвон 14 талаба маҷруҳ шудаанд.
Дар пайи заминларзаи шадиди рӯзи душанбе дар Тоҷикистон зинапояи мактаби рақами 45 дар ноҳияи Ёвон фурӯ рафта, дар натиҷаи он чордаҳ талабаи ин мактаб ҷароҳат бардоштаанд. Як масъули мактаби рақами 45 дар суҳбат бо хабарнигори мо гуфт, ки вазъи чаҳор нафари онҳо вазнин буда, ҳамагӣ таҳти муроқибати табибон қарор доштаанд.
Дар ҳаминҳол, пизишкони бемористони "Ёрии таъҷилӣ", маъруф бо номи "Скорый", дар Душанбе мегӯянд, баъд аз заминларзаи шадиди 26 октябр ҳудуди 60 нафар ба онҳо телефонӣ муроҷиат карда, кумак хостаанд. Дилбарниссо Мирзоева, корманди "Ёрии таъҷилӣ" ба мо гуфт, "асосан аз тарс фишори бархе аз сокинон поин рафта, беҳуш шудаанд. Барои ҳамин, ба мо муроҷиат карданд ва кормандони мо ба назди онҳо рафта, ёрӣ расонданд. Ҳамагӣҳафт нафарро ба "Ёрии таъҷилӣ" оварданд ва онҳо низ баъди дарёфти кумак ба хонаҳояшон баргаштанд. Ҳеч кас нафавтидааст. Аксари муроҷиатнамудаҳо занон буданд.”
Зимнан, як устоди донишгоҳи давлатии Хоруғ ба мо гуфт, дар вақти такон хӯрдани замин донишҷӯён ба таҳлука афтода, ҳангоми аз ошёнаи сеюм ба поён поён фаромадан талотум шудааст ва тақрибан 7 нафари онҳо беҳуш гардидаанд. Ӯ гуфт, бо расидани кумаки пизишкон вазъи ин донишомӯзон ҳоло беҳтар шудааст. Бахши ҳолатҳои фавқулодаи Бадахшон мегӯяд, бар пояи маълумоти комиссияҳои изтирорӣ, дар ноҳияи Ишкошим 8 хона хароб шуда, мактаби рақами 42-и ҳамин ноҳия қисман хароб шудааст. Феълан комиссияҳо вазъи ноҳияи Ванҷ, Дарвоз ва дигар навоҳии Бадахшонро месанҷанд.
Аммо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, иттилоъ дар мавриди эҳтимоли талафот ва хисорот бар асари заминҷунбӣ ба онҳо нарасидааст. Орифҷон Нозимов, сухангӯи Кумита рӯзи 26 октябр зимни сӯҳбат бо мо гуфт, “бо он ки ин иттилои муқаддамотӣ аст, аммо ситодҳои ҳолатҳои фавқуллода дар шаҳру ноҳияҳои кишвар корро дар самти эҳтимоли талафот ва хисорот бар асари заминларза ба вуқуъ омада ба роҳ мондаанд, ки дар сурати ҷой доштани он иттилоъ паҳн карда мешавад.”
Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон мегӯяд, заминларзаи шадид соати 14-ву 9 дақиқа рух дода, маркази он 300-километрии ҷанубушарқи Душанбе, дар қаламрави Афғонистон, будааст. Ба гуфтаи масъулони ин марказ, шиддати заминларза дар маркази он аз 6 то 7 балл ва дар шаҳри Душанбе 5-6 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст. Мувофиқи маълумоти Маркази зилзилашиносии Амрико маркази ин заминҷунбӣ дар шимолушарқи Афғонистон буда, 7,7 дараҷа аз рӯи ҷадвали Рихтер будааст. Зилзиларо дар Кобул, Деҳлӣ, Исломобод, Тошканд ва Бишкек ҳам эҳсос кардаанд. Аз ин минтақаҳо аз вайрон шудани хонаҳо ва ҳалокати сокинон хабар мерасад.
Масъулони Пажӯҳишгоҳи геология, сохтмони ба замин тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон заминларзаи пуршиддати 26 октябрро ба зилзилаи бист соли пеш шабеҳ медонанд, ки дар пай хисороти зиёд доштааст. Баҳром Олимов, як масъули ин пажӯҳишгоҳ дар сӯҳбат бо мо гуфт, “бори охир соли 1995 чунин заминларзаи шадиди беш аз 6-дараҷаиро ба қайд гирифта будем, ки маркази он ҳам Афғонистон буд”.
Заминҷунбии рӯзи душанбе аксари сокинонро дар ҳолати тарс гузоштааст ва бештари ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, баробари заминҷунбӣ худу фарзандонашонро аз дохили хонаҳо ва идораҳо ба берун кашидаанд. Роҳгузарон дар хиёбонҳои Душанбе низ дар суҳбат бо хабарнигорони мо гуфтанд, ки шиддати баланди заминҷунбиро эҳсос кардаанд.
«Озодӣ»