13:21:38 12-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Холиқзода: "158 нафар дар хориҷ ғайрирасмӣ таҳсил доранд"

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар таълимгоҳҳои мазҳабии кишварҳои исломӣ 158 нафар ҷавонони тоҷик ба таври ғайрирасмӣ таҳсил доранд.

kholiqzoda-8789477887.jpgАбдураҳим Холиқзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 6 январ зимни нишасти хабарӣ дар робита ба масъалаи бозгардонидани ҷавонони тоҷик аз мактабҳои динии кишварҳои хориҷӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир 158 ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар таҳсили ғайриқонунӣ доранд. Ба гуфтаи ҷаноби Холиқов, аз 3054 нафар ҷавононе, ки дар таълимгоҳҳои динии кишварҳои исломӣ таҳсил мекарданд, 2896 нафари онҳо ба кишвар баргардонида шудаанд.

Кумитаи дини Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ин ҷавонон дар марҳилаи синусоли ҳассос қарор доранд ва имкони ба гурӯҳҳои тундгароиву террористӣ пайвастанашон бештар аст. Тоҷиддин Асомиддинзода, муовини раиси Кумитаи дин дар ин робита гуфт, "навҷавонон талаботи зиёд барои таъмини модии худ доранд ва аз ҳар самте барои ба даст овардани маблағ метавонанд истифода кунанд. яъне сабаб танҳо омили эътиқодӣнест."

Абдураҳим Холиқзода афзуд, ки агар як гурӯҳ аз ҷавонони тоҷик ба ҷангҳо дар хориҷи кишвар аз Русия сафарбар шаванд, гурӯҳи дигар онҳое ҳастанд, ки барои таҳсил ба кишварҳои хориҷ рафта, ба омӯзиш фаро гирифта намешаванд ва ба гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд.

Масъулини Кумитаи дин як омили аслии ширкати ҷавонон дар ҷангҳои хориҷ ва воридшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъро дар беназорат мондани онҳо аз сӯи волидон дар марҳилаи ҳассоси синусолӣ, мебинанд. Аммо ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, бо ин ҳама вазъ дар ин самт дар Тоҷикистон чандон бӯҳронӣ нест ва дар қиёс бо афроди дигар кишварҳо, ширкати ҷавонони тоҷик дар гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ камтар аст:

"Гароишу ҷалб шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои терористи метавонист аз Тоҷикистон бештар бошад, аммо ба хотири вуҷуди як фарҳанги миллии бисёр босубот, пеши роҳи ингуна ҷарраёнҳо хеле хуб гирифта шудааст. Сиёсати давлат ҳам ба ҳимояи дин ва ҳимояи мардуми мусалмони ҷумҳурии Тоҷикистон аз падидаҳои номатлуб равона шудааст. Мо дар ин самт муваффақиятҳои зиёд дорем ва нисбат ва дигар кишварҳо хела пешрафт кардаем. "

Раванди бозгардони толибилмони тоҷик аз мадрасаҳои хориҷӣ аз поёни моҳи августи соли 2010, дар пайи як суханронии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ шуд, ки аз волидайн аз ин мадрасаҳо баргардондани фарзандонашонро тақозо карда буд. Дар пайи он садҳо тан аз ҷавонони тоҷик аз мадориси динии Покистон, Эрон ва кишварҳои арабӣ ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi