00:58:57 24-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Як кушта ва 5 захмӣ дар муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон

Бар асари тирандозии марзбонони қирғиз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида ва чаҳор тани дигар захм бардоштаанд. Мақомоти қирғиз мегӯянд, нахуст марзбонони тоҷик оташ кушодаанд.

bemorkhona-4585211Дар бемористони шаҳри Ғафуров чаҳор сокини деҳаи Қалъачаи ин ноҳия, ки рӯзи гузашта аз тири низомиёни қирғиз захм бардоштаанд, бистарӣ шудаанд. Яке аз табибони беморхона ба шарти ошкор накардани номаш гуфт, ки ҳоли яке аз захмиён хеле вазнин буда, дар шӯъбаи эҳё таҳти назорати доимии табибон қарор дорад. Ба гуфтаи вай, шоми гузашта ба ин бемористон аз маҳали муноқишаи мусаллаҳона 5 захмиро оварда буданд ва яке аз онҳо, ки ҷарроҳатҳои сабук бардошта буд, аз бемористон ҷавоб дода шуд.

Хабарнигори мо яке аз захмиҳо, Ҳалимҷон Сатторовро, ки ба гарданаш пораи норинҷак расидааст, аёдат карда, дар бораи муноқишаву чӣ тавр сокинони оддӣ захмӣ шуданашон сӯҳбате анҷом дод.

Дар ҳамин ҳол аз ҷамоати ОвчӣҚалъа ба мо хабар доданд, ки яке аз захмиён - Нуъмонҷон Набиеви 25-сола, ки захм бардоштаву бинобар дар маҳали тирандозӣ мондан сокинон натвониста буданд ӯро ба бемористон интиқол диҳанд, ҷон додааст. Сокинон ҷанозаи ӯро субҳи имрӯз, 26 - уми август ба хок супурдаанд.

Боз тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯянд, дар тирандозие дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон панҷ сокини Тоҷикистон захмӣ шудаанд. Мақомоти қирғиз мегӯянд, нахуст марзбонони тоҷик оташ кушодаанд.Бино ба гузоришҳо низомиёни қирғиз ба сӯи сокинони деҳаи марзии Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз силоҳ оташ кушода, ҳадди ақал 5 сокини Тоҷикистонро захмӣ кардаанд. Ин ҳодиса имрӯз, душанбеи 25 уми август тахминан соатҳои 6–и бегоҳ рух додааст. Ба гуфтаи 3 сокине, ки аз маҳалли ҳодиса бо мо тамос гирифтанд, тирпарронии низомиёни қирғиз дар канори ин деҳа, ки ҷониби Бодканд як ҳафта инҷониб талош дорад бунёди пул аз болои рӯди Хоҷа Боқирғонро аз сар гирад, рух додааст. Ба гуфтаи онҳо, тирпаронӣ амалан дар ду нуқтаи маҳаллаи Муғи канори деҳаи Қалъача рӯй додааст, ки бо ҳам 500 метр фосила доранд.

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, нахуст дар нуқтаи аввал фармони оташ кушодан ба суи сокинони ҷамъомадаи тоҷикро афсари низомиёни қирғиз дода, сарҳадбонҳои тоҷик аз кушодани оташи ҷавобӣ худдорӣ кардаанд. Сокинони оддии тоҷик умдатан дар ҳамин мавзеъ захмӣ шудаанд. Дар нуқтаи дуюм аз ду ҷониб сарҳадбонҳо сӯи ҳам оташ кушода, дар бораи пайомади он сокинон хабар надоштаанд. Ба гуфтаи сокинон, гурӯҳи иловагии марзбонони тоҷик ба маҳали ҳодиса ҳозир шуда, ба вазъ назорат мебаранд.

Аммо Гулнара Борубоева, сухангӯи Кумитаи марзбонии Қирғизистон гуфт, ки тирандозӣ байни марзбонони тоҷику қирғиз замоне ба вуқӯъ пайвастааст, ки марзбонони тоҷик то 800 метр ба дохили қаламрави Қирғизистон ворид шуда, хостаанд, ки дар онҷо посгоҳ гузоранд: "Марзбонони тоҷик ба сӯи сарҳадбонони мо аввал шуда тир андохтанд ва аз гранатамёт истифода кардаанд." Ба қавли ӯ, гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ ба тарафи сарҳадбонони қирғиз санг андохта, хостаанд, пулеро ки қирғизҳо сохтаанд бо булдозер вайрон кунанд.

Ба гуфтаи сокинон, низомиёни қирғиз ба суи гурӯҳи сокинони деҳаи Қалъача, ки ба хотири монеъ шудан ба кори сохтмони пул ҷамъомада оташ кушода, 5 нафар: Мансурҷон Ҷумъаев, раҳбари хоҷагии деҳқонии “Сарбанд”, Нӯъмон Набиев, Ислом Ҷалилов, Зайнидин Зиёев ва Ҳалим Сатторов, ҳамагӣ сокинони деҳаи Қалъачаро захмӣ кардаанд. Ба гуфтаи сокинон, захмиҳо ба беморхонаи ноҳияи Ғафуров интиқол дода шудаанд.

Зиёуддин Зиёев, сокини ин деҳа дар суҳбати телефонӣ бо мо гуфт, ки хабари захмӣ шудани писараш – Зайниддинро шунида, ба маҳалли ҳодиса омад ва шунид, ки писарашро ба бемористон фиристодаанд. Вай гуфт, аз ҳоли писараш дигар хабар надорад ва сахт хавотир аст. Ҳангоми сӯҳбат дар соати 7 ӯ ба мо гуфт, ки садои тирандозии алоҳида аз дур ба гӯш мерасад. Марзбонҳои тоҷик маҳалли ҳодисаро таҳти назорат гирифтаанд ва намегузоранд, ки мардуми рустоҳо ба онҷо наздик шаванд. Ҳамчунин ҷиҳати таъмини амнияти сокинон ва ором кардани онҳо мақомоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  ба маҳали ҳодиса ҳозир шудаанд.

Сокинони деҳаи Қалъача мегӯянд, ки аз захмишудагон яке ва ба эҳтимоли зиёд Нуъмон Набиев дар маҳалли тарпарронӣ монда, ҳанӯз ба бемористон интиқол дода нашудааст. Ӯро дар қатори интиқолёфтагон ба бемористон пайдо накардаанд. Ҳоло марзбонони тоҷик ба интиқоли захмии дар маҳалли ҳоидиса монда ба маркази деҳаи Қалъача ва аз он ҷо ба бемористон талош доранд. Ба гуфтаи сокинон, аз он ки  тирандозҳои қирғиз аз баландии канор деҳаи Қалъачаро таҳти назорат гирифта будан ва суи одамони ҳаракаткунанда ба маҳали даргирӣ тир мекушоданд, имкони рафтан ба канори деҳаву овардани захмиии он ҷо мондаро надоштанд. Ҳоло дар дили шаб бархе сокинони канор ва наздик ба маҳали даргирии деҳаи Қалъача ба хотири ҳадафи тири нишонгирҳои қирғиз нашудан худро ба маркази деҳа, ба ҷойи амнтар мегиранд.

Гулнора Борубоева гуфт, ки авзоъ дар марз пуршиддат боқӣ мемонад, вале хабари захмӣ шудани шаҳрвандони Тоҷикистонро шарҳ надод. Вай ҳамчунин хабари захмӣ шудани як сарбози Қирғизистонро рад кард.

Навбатдори Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон дар суҳбат бо мо тасдиқ кард, ки муноқишае дар марз сар задааст, вале гуфт, ҳанӯз дар бораи он иттилои дақиқ дастрас нашудааст.

Чанд соат пештар аз ин ҳодиса сокинони марзӣ, ба мо гуфтанд, ки талоши ҷониби Қирғизистонро барои бунёди пул аз болои рӯди ОвчӣҚалъача, сокинони ин маҳали марзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  бо таҷаммӯву раҳбандии кӯтоҳмуддат ҷилавгирӣ кардаанд. Як сокини деҳаи Қалъаи ҷамоати мазкур, ки худро Мурод Султонов муаррифӣ кард, дар сӯҳбат бо мо гуфт,  ахиран ҷониби Бодканд ба назди рӯди Хоҷа Боқирғон дар канори ин деҳаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ба суи деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки Қирғизистон як “Камаз” ва экскаватор оварда, хостанд ба бунёди пул аз болои рӯд сар кунанд, аммо сокинони марзии тоҷик ба ин монеъ шуданд. Ба гуфтаи вай, мақомоти Бодканд бо сохтмони ин пул ҳадаф доранд, ду пораи аз ҳам ҷудои заминҳои баҳсноки марзиро, ки он ҷо як гурӯҳ хонаводаҳои қирғиз низ зиндагӣ мекунанд, ба ҳам пайванданд, вале пули нав роҳи гузари сокинони бумии тоҷиконро ба сӯи обанбори худ ва садҳо гектар заминҳои он сӯи пул мебандад.

Соли равон чандин бор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, муноқиша ба вуқӯъ пайваст ва дар натиҷаи он 7 сокини деҳаи Бедаки Тоҷикистон захмӣ ва як нафарашон кушта шуданд. Дар рӯзи 11-уми январ дар тирандозӣ байни марзбонони ду кишвар 8 нафар ва аксаран маъмурони милисаи Қирғизистон захмӣ шуданд. Аз 970 километр марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон, 519 километри он таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва борҳо шудааст, ки мардуми рустоҳои марзӣ дар қаламравҳои баҳсбарангез барои обу чарогоҳу замин ҷанҷолу занозанӣ кардаанд. Ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон солҳост, ки бинобар ихтилофи назар наметавонанд, сари хати сарҳад ба мувофиқа бирасанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi