03:38:44 25-уми Майи 2025 сол

ҲУКМИ САҲАРӢ ХӮРДАН БАРОИ РӮЗАДОРОН

Аз силсилаи посухҳои Юсуфи Қарзовӣ

Суол: Дар бораи ҳукми саҳарӣ хӯрдан, моро баҳраманд созед… оё саҳарӣ хӯрдан шарти сиҳҳати рӯза аст ё хайр?

/images/stories/2011/08/02_ramazan_2.8.2011.jpgҶавоб: Саҳарӣ хӯрдан шарти сиҳҳати рӯза гирифтан нест, балки як суннат аст. Паёмбар (с) онро анҷом медоданд ва бад-он дастур додаанд ва фармудаанд: «Тасаҳҳру фаинна фис суҳури баракатун» (барои хӯрдани саҳарӣ бихезед, ки дар саҳарӣ хӯрдан баракат аст), (Саҳеҳи Бухорӣ ва Саҳеҳи Муслим ба ривояти Анас).

Бинобар ин, саҳарӣ хӯрдан ва ҳамчунин таъхир андохтани он то наздики тулӯъи фаҷр суннат аст, зеро муҷиби тақвияти мусалмони рӯзадор ва тахфифи машаққати рӯздорӣ мегардад ва муддати замони гуруснагӣ ва ташнагиро коҳиш хоҳад дод ва аз онҷо, ки тасҳил ва осонгирӣ мавриди таваҷҷӯҳи дини ислом мебошад, лизо, ислом ибодотро бар мардум осон гирифта ва мардумро ба сӯи осонсозии он тарғибу ташвиқ кардаааст.

Аз ҷумлаи ҳамин осонгириҳои ислом, зудтар ифтор кардан ва дертар саҳарӣ хӯрдан аст. Пас барои мусалмони рӯзадор мустаҳабб аст, ки ҳангоми саҳар ба по хезад ва андаке ғизо ба унвони саҳарӣ, ҳатто як хурмо бошад ҳам, бихӯрад ё як ҷуръа об бинӯшад, ба хотири инки ба суннати Паёмбари Худо (с) амал намуда бошад. Дар саҳарӣ хӯрдан фоидаи маънавии дигаре низ ҳаст, ки ҳамон бедорӣ, қабл аз тулӯъи фаҷр аст.

Дар он соати саҳар, Худованд раҳмати худро бар бандагонаш мутаҷаллӣ менамояд, дуоҳоро иҷобат мекунад ва истиғфоркунандагонро мавриди мағфират қарор медиҳад ва аъмоли солеҳро мепазирад. Тафовут бисёр аст миёни касоне, ки вақти саҳарро бо зикр гуфтан ва тиловати Қуръон сипарӣ мекунанд, бо касоне, ки ин соатро дар хоб ва бехабарӣ ба сар мебаранд.

Таҳияи Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ