03:08:29 01-уми Июни 2025 сол

Хазина аз

Боздошти Шӯҳрат ба Шӯҳрат чӣ меорад: Шӯҳрат ё зиндон? Сиёсат 25.07.2014 23:10 895
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошти Шӯҳрат Қудратовро фишор ва дахолат ба кори вакилони мудофеъ номиданд, вале мақомот мегӯянд, ба гунаҳкории ӯ шак надоранд.
Даргузашти Ҷонибеки Акобир Хабар 25.07.2014 23:06 880
Ҷонибеки Акобир, аз намояндагони барҷастаи "насри кӯҳистонӣ" дар адабиёти тоҷик, рӯзи 25 июл дар синни 62 ба зиндагӣ падруд гуфт. Ҷонибеки Акобир, яке аз адибони шинохтаи муосири Тоҷикистон рӯзи 25 июл дар синни 62 даргузашт.
Вазорати молия: Маблағгузории "Роғун" идома меёбад Роғун – ормони миллат 25.07.2014 23:04 2057
Мақомоти вазорати молияи Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"-ро барои рафъи камбуди нерӯи барқ дар фасли зимистон муҳим арзёбӣ карданд ва гуфтаанд, ки сохтмони он идома меёбад.
Нархи гӯштро дар бозорҳои Тоҷикистон чӣ гуна арзон кардан мумкин? Иҷтимоъ 25.07.2014 12:38 1077
Баъд аз талошу ҳушдорҳои пай дар пайи масъулин нархи гӯшт дар моҳи Рамазон дар бозорҳои шаҳри Душанбе то ҷое поён фаромад. Тоҷироне, ки дар бозорҳои пойтахт ба фурӯши гӯшт машғуланд, мегӯянд, аз ҷониби раҳбарияти бозор муваззаф шудаанд ...
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо Аз ҳар мавзуъ 25.07.2014 12:34 3252
Ман ҳайронам: Дар Фаластин хун мерезад, рӯзе садҳо мусалмон аз ҷониби артиши мусаллаҳи давлати яҳудӣ куштаву захмӣ мешаванд, ки аксари онҳо занону кӯдакону пирону аҳолии ғайринизомианд. Дар сар то сари олам, ҳатто дар Қирғизистони ҳамсоя мардум зидди Исроил тазоҳурот карданд, вале дар Тоҷикистон ороманд.
Форсаж-Близко-СНГ-низоми ҷадиди интиқоли маблағ Иқтисод 25.07.2014 12:32 1344
Айни замон бозори байналмиллалии интиқоли маблағ давраи рақобатҳои носолимро аз сар мегузаронад. Мувофиқи таҳлили коршиносон сабаби асосии ин вазъ дар маҳдудшавии доираи хизматрасониҳо ва мавҷуд набудани манбаҳои дигари даромад аз фаъолият маънидод мешавад.
Хабарҳои фарҳангии ҷаҳон: 100 миллион "лайк"-и Шакира дар Facebook Хабар 25.07.2014 12:28 763
Ситораи попи Колумбия Шакира бо дарёфти 100 миллион "лайк" дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук дар ҷойи аввал гузашт.Ин сарояндаи машҳур, ки бо забонҳои гуногун таронаҳои марғуб бо садои шево ва мусиқии поп мехонад ...
Google Play дастрасӣ ба китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуровро осон кард Uncategorised 25.07.2014 12:24 687
Истифодабарандагони интернет акнун метавонанд ба осонӣ китоби аллома Бобоҷон Ғафуров "Тоҷикон"-ро (бо забони русӣ) нусхабардорӣ кунанд ва мавриди истифода қарор диҳанд. Ин кори хайрро метавон аз ин тариқ анҷом дод ...
Вазорати фарҳанг истифодаи фонограмма дар озмуни "Андалеб"-ро манъ кард Хабар 25.07.2014 12:22 846
Қарор аст аз 4-ум то 22-юми августи соли ҷорӣ бо ширкати дастаҳои ҳунарии ғолиб аз шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ "Андалеб-2014" аз доир гардад.
Дар Балҷувон оромгоҳи Ҳайтолиён кашф шуд Хабар 25.07.2014 12:21 849
Ахиран дар қаламрави ноҳияи Балҷувон қабристони Ҳайтолиёнро пайдо кардаанд, ки мансуб ба асрҳои 3 то 5 милодӣ будааст. Қарор аст аввали моҳи оянда ҳафриёти он бо кӯшиши олимони тоҷику рус оғоз гардад.

sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854