18:20:26 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Нархи гӯштро дар бозорҳои Тоҷикистон чӣ гуна арзон кардан мумкин?

Баъд аз талошу ҳушдорҳои пай дар пайи масъулин нархи гӯшт дар моҳи Рамазон дар бозорҳои шаҳри Душанбе то ҷое поён фаромад. Тоҷироне, ки дар бозорҳои пойтахт ба фурӯши гӯшт машғуланд, мегӯянд, аз ҷониби раҳбарияти бозор муваззаф шудаанд, ки нархи  як килло гӯштро аз 36 сомонӣ  боло набаранд. Мо низ аз чанд бозори пойтахт, аз қабили бозори "Саховат" Шоҳмансур" ва бозори "Деқон" дидан намудем, ки тоҷирон бо нархи 36 сомонӣ гӯштро ба савдо гузоштаанд.

1 gusht 548798Зоҳиран ҳар боре, ки Тоҷикистон бо афзоиши нархи гӯшт рӯ ба рӯ шавад, масъулини дахлдор талош мекунанд назоратро аз болои савдогарон пурзӯр намоянд. Вале дар доираи бархе коршиносон коҳиш додани  нархи маҳсулот бо чунин шева, яъне назорат бурдан, як чораи муваққатӣ ва сунъӣ унвон шуда, онҳо бар ин назаранд, ки ҷиҳати арзон шудани нархи гӯшт метавон аз дигар роҳҳо кор гирифт.

Бо таваҷҷӯҳ ба талаботи истеъмолкунандагон воридоти ҳаҷми бештари маҳсулот, беҳтар гардидани вазъи чорводорӣ, барқарор намудани фермаҳои чорвопарварӣ аз зумраи пешниҳодҳоест, ки барои мӯътадил нигоҳ доштани нархи гӯшт аз забони коршиносон садо медиҳанд.

Назрулло Сабзов, иқтисодчӣ дар суҳбат ба мо гуфт, аз рӯи қонунҳои бозор, агар тибқи талаботи мардум маҳсулот ба бозор барзиёд ворид гардад ва камчинии он ба назар нарсад, нархаш арзон хоҳад шуд. 

Номбурда мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба он ки дар як моҳи Рамазон талаботи мардум ба гӯшт зиёд мешавад ва бо назардошти ин омил, ҳаҷми воридоти онро ба бозорҳо ба назар намегиранд, хоҳ нохоҳ нарх қимат мешавад: "Яъне аз таҷрибаи солҳои пеш, ки медонем дар ҳамин як моҳ нархи гӯшт боло меравад, бояд қаблан чораҳо андешида шавад. Дуруст аст, ки назорат мебаранд, вале назорат танҳо роҳи ҳалли масъала шуда наметавонад".

Ин мусоҳибамон гуфт, пеш аз он ки нархи гӯштро коҳиш додан мехоҳем, ба чорводорони асосӣ, ки бидуни миёнравҳо мехоҳанд чорвои худро забт карда ба савдо гузоранд, имконияти бештар бояд дод.

Ахиран масъулини Вазорати кишоварзии Тоҷикистон барои арзон намудани нархи гӯш иброз намуданд, ки бояд фермаҳои  чорвопарвариро барқарор ва шумораи чорворо зиёд кард.

Давлаталӣ Ҳотамов, муовини якуми вазири кишоварзӣ ҳафтаи гузашта зимни як нишасти хабарӣ Душанбе ба масъалаи нархи маҳсулоти гӯшт низ дахл карда, сабабашро гаронии ин навъи маҳсулотро, холӣ мондани фермаҳои чорводорӣ баъди замони шӯравӣ гуфт.

2 gusht 548798Номбурда афзуд, ки барои поён бурдани нархи маҳсулоти гӯшту ширӣ бояд, фермаҳои чорводорӣ ҳар чӣ зудтару бештар барқарор карда шаванд. Давлаталӣ Ҳотамов дар идомаи суҳбаташ  илова намуд, ки феълан аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ 50-55 дарсади талаботи кишвар бо маҳсулоти гӯштӣ таъмин мегардад.

Ин масъули Вазорати кишоварзӣ таъкид кард, ки ният доранд чунин нишондиҳандаро дар ояндаи наздик ҳадди ақал ба 80-85 дарсад расонанд.

Бояд зикр намуд, соли 2012 ба хотири афзоиши тавлиди гӯшт ҳукумат барои зиёд кардани фермаҳои чорвопарворӣ қарор бароварда буд, вале ин қарор то куҷо дар самти коҳиши нархи гӯшт мусоидат кардааст, маълум нест.

Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, то замоне, ки давлат чорвопарваронро бевосита дастгирӣ накунад ва ин соҳа рушд наёбад, гумон аст, ки дар Тоҷикистон нархи гӯшт поён равад.

Мавриди зикр аст, ҷаҳиши нархи гӯшт дар бозорҳои кишвар одатан дар як моҳи Рамазон бештар ба назар мерасад ва ин масъала дар расонаҳои кишвар низ ба як мавзӯи мубрам табдил меёбад.

Нозим Ишанқулов, директори иҷроиявии "Маркази бозори озоди Тоҷикистон" дар суҳбат ба"Рӯзгор" гуфт, дар як моҳи Рамазон маҷбур кардани тоҷирон барои коҳиш додани нархи маҳсулоташон мувофиқи мақсад буда наметавонад.

3 gusht 548798Номбурда мегӯяд, дар моҳи Рамазон дар бозор талабот зиёд мешавад ва тибқи қонуни бозор нарх низ баланд мешавад: "Нархҳо боз паст мешаванд, замоне, ки  талабот коҳиш меёбад. Маҷбур кардани соҳибкорон барои арзон намудани маҳсулот аз як тараф тамоман ғайрисамаранок аст, аз дигар тараф ҳуқуқҳои моликияти хусусиро вайрон мекунанд. Вақте як чиз дар моликияти шахс мебошад, ин одам ҳукуқи пурра дорад амр кардан бо ин молу маҳсулот, яъне хоҳад агар бо нархи 3 маротиба зиед мефурӯшад, нахоҳад агар - нест мекунад.

Мақсади ҳар як соҳибкор - зиед кардани фоида аз фаолияти худ аст. Вақте ки кормандони давлат онҳоро маҷбур мекунанд, ки ба нархи арзон фурӯшанд, албатта онҳо дигар ҳавасманд намешаванд дар фаъолият, чунки зарар мебинанд".

Нозим Ишанқулов иброз медорад, ки дар сурати бо роҳи маҷбурӣ коҳиш додани нархҳо соҳибкорон барои гум накардани фоида, барои мутобиқ шудан бо нархи муайяншуда сифати маҳсулотро паст мекунанд ва маҳсулоти босифатро бошад захира мекунанд, то анҷоми танзими нархҳо: "Дар натича ҳаҷми таклифот (истеҳсол, фурӯш) кам мешавад ва дар бозор норасоӣ пайдо мешавад, кадом нархҳои пештараро боз баланд мекунад. Ин тавр амал ба ҳеч кас фоида намеорад, ҳатто баръакс - зарар меорад.

Нозим Ишанқулов пешниҳод мекунад, ки барои ҳалли чунин масъала дар бозорҳои кишвар масъулин бояд фазои сармоягузориро беҳтар намуда, дар пайи ин рушди рақобатро ба миён оранд.

Дар ҳамин ҳол Санавбар, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, тоҷирон ҳолатҳое мешавад аз 36 сомонии пешбинишуда зиёд карда гӯштро ба савдо мегузоранд. Ин ҳамсуҳбатамон мегӯяд, бо 36 сомонӣ харидории як килло гӯшт барояш мушкил аст, зеро маоше, ки мегирад, ҳамагӣ 400 сомонӣ буда, асосан дар харидории орду равған ва дигар хароҷотҳои лозима барои гузаронидани рӯзгораш сарф мешавад.

Темур Раҷабализода, "Рӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi