10:15:32 01-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

FACEBOOK НОРОЗИЁНИ РУСРО БА МАЙДОНИ "ИНҚИЛОБ" МЕХОНАД Равзана ба ҷахон 08.12.2011 11:36 1018
Афроди норозӣ аз натоиҷи интихобот ба Думаи давлатии Русия ба эътирозҳои худ идома медиҳанд. Ҳарчанд ба навиштаи хабаргузориҳо теъдоди эътирозгарон назар ба рӯзҳои пеш коҳиш ёфтааст, вале коршиносон ба муттасил идома кардани ин намоишҳо ишора мекунанд.
“МАҲБУСОНИ ЗИНДОНИ ҚУРҒОНТЕППА ГУРУСНАНИШИНӢ НАКАРДААНД” Хабар 08.12.2011 11:34 865
Бархе аз расонаҳои хабарӣ аз эътисоби ғазои иддае аз маҳбусони танҳо зиндони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иттилоъе пахш кардаанд. Расонаҳо бо истинод ба бархе аз маҳбусони ин зиндон навиштаанд, ки сабаби аслии ин эътироз эъмоли шиканҷа алайҳи маҳбусон ва мавориди фасод дар ин зиндон будааст.
ТӮРАҶОНЗОДА ИТТИҲОМОТИ ШӮРОИ УЛАМО АЛАЙҲИ ХОНАВОДААШРО РАД КАРД Сиёсат 07.12.2011 15:20 2206
Шӯрои уламои динии Тоҷикистон бо пахши баёнияе аз Нуриддин Тӯраҷонзода ва бародаронаш барои "баргузории маросими Ошуро" дар яке аз масоҷиди ноҳияи Ваҳдат башиддат интиқод кардааст. Ин шӯро таҷлил аз маросими Ошуроро, ки дар байни ...
ЗИНДОНИЁНИ ГУРУСНАНИШИН ТАҲДИДИ ХУДКУШӢ МЕКУНАНД Иҷтимоъ 07.12.2011 15:17 1077
Бино бар иттилои дарёфтӣ, бархе аз маҳбусони зиндони Қӯрғонтеппа сар аз 1-уми декабр даст ба гуруснанишинӣ задаанд. Рӯзи 6-уми декабр дар як тамоси телефонӣ бо радиои Озодӣ нафаре аз ҷумлаи маҳбусон гуфт, ки раҳбарони муассисаи мазкур нисбат ...
РОҲАНДОЗИИ САФОРАТИ МАҶОЗИИ ИМА БАРОИ ЭРОН Хабар 07.12.2011 15:15 986
Рӯзи сешанбе вазорати умури хориҷии Амрико сафоратхонаи маҷозӣ барои Эронро роҳандозӣ кард. Ин вебсайт бо забонҳои форсӣ ва англисӣ аст ва барои анҷоми корҳои эрониён роҳандозӣ шудааст.
РОҒУН ДАР ШИОРҲОИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ИСЛОМ КАРИМОВ Сиёсат 07.12.2011 11:08 1226
Сарони ду кишвари ҳамсоя - Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов аз масъалаи Роғун шиори миллӣ дуруст кардаанд. Ҳарду онро ҳамчун парчаме баланду бузург дар қабзаи худ гирифтаанд, яъне бо «мемураму Роғунро месозам» ва «мемураму намегузорам, ки Роғун ...
КЛИНТОН: " ИНТИХОБОТИ РУСИЯ ОЗОД ВА ОДИЛОНА НАБУД" Равзана ба ҷахон 07.12.2011 11:05 1053
Вазири умури хориҷии ИМА хостори ислоҳоти демократӣ ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқи башар дар кишварҳои собиқ шӯравӣ шуд. Зимни суханронӣ дар нишасти дурӯзаи вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Вилнюс...
МАККЕЙН БА ПУТИН: "ВЛАДҶОН, БАҲОРИ АРАБӢ ДАРАТРО МЕКӮБАД!" Равзана ба ҷахон 07.12.2011 11:02 983
Сенотури омрикоӣ Ҷон Маккейн нахуствазири Русияро аз эҳтимоли вуқӯъи нооромиҳои шабеҳ ба инқилобҳои арабии соли ҷорӣ дар Русия ҳушдор дод. Оқои Маккейн, ки рақобат барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бо Борок Убоморо дар соли 2008 бохта буд ...
ИДОМАИ РАҚОБАТИ РУСИЯ ВА АМРИКО ДАР ТОҶИКИСТОН? Сиёсат 07.12.2011 11:00 990
Русия аз эҳтимоли интиқоли ҷангафзорҳои НАТО аз Афғонистон ба Тоҷикистон изҳори ташвиш кард. Пойгоҳи 201-и Русия, мустақар дар Тоҷикистон, пас аз ивази сарбозони даъватӣ ба афсарони ҳирфаӣ, ки ҳудуди севуним ҳазор нафарро ташкил кард ...
КОҲИШИ ДАВРАИ РАЁСАТИ ҶУМҲУРӢ ДАР ӮЗБАКИСТОН Равзана ба ҷахон 06.12.2011 17:12 863
Маҷлиси улёи порлумони Ӯзбакистон давраи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишварро аз 7 ба 5 сол коҳиш додааст. Бино ба иттилоъи сойти интернетии Вазорати хориҷаи Ӯзбакистон, коҳиши муддати ваколати раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар ба ибтикори худи Ислом Каримов, раиси ҷумҳур, сурат мегирад.