01:56:23 19-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
26 27 28 29 30 31

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

КОҲИШИ ДАВРАИ РАЁСАТИ ҶУМҲУРӢ ДАР ӮЗБАКИСТОН

Маҷлиси улёи порлумони Ӯзбакистон давраи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишварро аз 7 ба 5 сол коҳиш додааст. Бино ба иттилоъи сойти интернетии Вазорати хориҷаи Ӯзбакистон, коҳиши муддати ваколати раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар ба ибтикори худи Ислом Каримов, раиси ҷумҳур, сурат мегирад.

/images/stories/2011/12/06_karimov_61211.jpgИн сойт менависад: "Коҳиши давраи раёсати ҷумҳурӣ баёнгари вазъияти воқеъӣ, мантиқ ва дар чорчӯби кунсепсиюни ислоҳоти демукротик ва ташаккули ҷомеъаи маданӣ дар Ӯзбакистон аст ва бо таваҷҷӯҳ ба таҷрубаи кишварҳои пешрафтаи демукротик сурат мегирад."

Аммо гуфта мешавад, ки дар соли 2002 низ авомиле мушобеҳ ба унвони зарурати тамдиди муддати раёсати ҷумҳурӣ дар Ӯзбакистон таъкид шуда буд. Дар назар аст, ки интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳури Ӯзбакистон дар соли 2014 баргузор шавад. Аммо то ҳол, Ислом Каримов, ки дар муддати 22 соли ахир раҳбарии Ӯзбакистонро ба ӯҳда дорад, қасди худ барои ширкат дар ин интихоботро эълом накардааст.

Пӯлод Юлдошев, диплумоти собиқ ва сиёсатмадор аз Ӯзбакистон, зимни сӯҳбат бо Би-би-сӣ ин таҳаввулотро навъе "бозии сиёсӣ" дар ин кишвари дорои бештарин ҷамъият дар Осиёи Марказӣ хондааст. Ба гуфтаи оқои Юлдошев, Ислом Каримов аз таҷрибаи худ дарк кардааст, ки муддати тӯлонии раёсати ҷумҳурӣ мумкин аст ба эҷоди рукуд дар кишвар мунҷар шавад.

Ҳамзамон, ӯ гуфтааст: “Ин тағйироти муҳим дар Қонуни асосӣ нишонаи поёни ҳукумати Ислом Каримов нест. Ҳарчанд тасвиби чунин ислоҳот ба ӯҳдаи порлумони Ӯзбакистон аст, аммо ин порлумон мустақил набуда ва бо дастури раиси ҷумҳурӣ кор мекунад.”

Ба эътиқоди Пӯлод Юлдошев, имкон дорад бар асоси тағйироти кунунӣ оқои Каримов бори дигар номзадии худро ба интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ кунад. Ҳамчунин, дар иҷлоси Сено ё Маҷлиси улёи порлумони Ӯзбакистон дар иртибот бо 19-умин солгарди тасвиби Қонуни асосии ин кишвар санади афв тасвиб шудааст.

Тибқи ин санади ҳуқуқӣ занҳо, ҷавонони то 18-сола, мардони беш аз 60-сола, атбоъи хориҷӣ, маълулон ва афроде, ки муртакиби ҷароими сангин нашудаанд, афв хоҳанд шуд. Аммо санади афв дар қиболи ашхосе, ки ба ҷароими сангин даст задаанд, ба муддати тӯлонӣ ё ҳабси абад маҳкум шудаанд, аъзои созмонҳои фаъолияташон мамнӯъ ва гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ иҷро нахоҳад шуд.

Би-Би-Си


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi