05:48:21 01-уми Июли 2025 сол

МАККЕЙН БА ПУТИН: "ВЛАДҶОН, БАҲОРИ АРАБӢ ДАРАТРО МЕКӮБАД!"

Сенотури омрикоӣ Ҷон Маккейн нахуствазири Русияро аз эҳтимоли вуқӯъи нооромиҳои шабеҳ ба инқилобҳои арабии соли ҷорӣ дар Русия ҳушдор дод.

/images/stories/2011/12/07_john_mccain_71211.jpgОқои Маккейн, ки рақобат барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бо Борок Убоморо дар соли 2008 бохта буд, дар веблоги шахсии худ дар Twitter дар вокуниш ба натоиҷи интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе дар Русия хитоб ба Владимир Путин навиштааст: "Влади гиромӣ! "Баҳори арабӣ" перомунатро фаро гирифтааст."

Барои аввалин бор нест, ки ин сенотури омрикоӣ мақомоти Русияро аз эҳтимоли вуқӯъи нооромиҳои шабеҳ ба кишварҳои арабӣ ва шимоли Офриқо ҳушдор медиҳад. Вай дар авохири моҳи октябр дар мусоҳибае бо Би-би-сӣ гуфта буд, ки пас аз пирӯзии мухолифон дар Либӣ ва қатли Муъаммар Қаззофӣ "диктотурҳо дар саросари ҷаҳон", аз ҷумла дар Русия, бояд "даступоча шаванд."

Пештар ҳам оқои Маккейн гуфта буд, ки иқдоми мухолифон дар Либӣ бояд улгӯе барои Русия бошад. Дар авосити моҳи ноябр Кундулизо Ройс, вазири хориҷаи собиқи Омрико, дар мусоҳиба бо хабаргузории Руйтер ширкати Владимир Путин дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Русияро "хиёле хом" хонда буд.

Хонуми Ройс зимни интиқод аз оқои Путин гуфт, ки вай "ҷараёни интихоботро ба мазҳака" табдил хоҳад дод. Ӯ гуфт баъид нест, ки дар Русия низ ошӯбҳои умумӣ ба по шавад. Дар вокуниш ба ин суханон, Дмитрий Песков, сухангӯйи нахуствазири Русия, гуфт, ки назароти сенотур Маккейн бо "ақли салим" ҷӯр дарнамеояд, чун ӯ "бағоят хаста" шудааст. Оқои Песков суханони хонуми Ройсро низ як навъ беэҳтиромӣ ба Қонуни асосии Русия арзёбӣ кард.

Вай пас аз интихобот дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ гуфт, ки сарфи назар аз натоиҷи орое, ки ҳизби "Русияи муттаҳид" дар интихоботи порлумонӣ дар якшанбеи гузашта ба даст овард, ҳеч далеле барои нигаронии оқои Путин дар бораи имкони пирӯзияш дар интихоботи соли 2012 вуҷуд надорад.

Ин дар ҳолест, ки Кохи Сафед ва Вазорати хориҷаи Омрико нигаронии худрро дар мавриди ҷараёни баргузории интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе дар Русия иброз доштаанд. Ҳилорӣ Клинтун, вазири хориҷаи Омрико, гуфт, ки гузоришҳои марбут ба мавориди густардаи тахаллуф дар интихобот бояд ба таври амиқ таҳқиқ шаванд.

"Тахаллуфоти густарда"

Нозирони дохилию байналмилалӣ ва намояндагони аҳзоби мухолиф дар Русия рӯзи душанбе аз тахаллуфоти густарда дар интихоботи порлумонии ин кишвар хабар доданд. Онҳо аз ҷумла ба мавориди мудохилаи мақомоти давлатӣ дар ҷараёни раъйгирӣ, андохтани баргаҳои раъй ба сандуқҳо ва тахаллуфоти густарда ба ҳангоми шумориши оро ишора кардаанд.

Аз сӯйи дигар, шумори зиёде аз видиюҳои сабтшуда дар ҷараёни раъйгирӣ, ки аъмоли ғайриқонунии бархе аз аъзои кумисиюнҳои раъйгириро ба намоиш мегузоранд, дар интернет мунташир шудааст. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия, гуфт, ки пас аз дидани ин видиюҳо дар сиҳҳати онҳо шубҳа пайдо кардааст: "Дар онҳо (видиюҳо) ҳич чиз маълум нест. Фақат садо мезананд, ки "қаровул", "беназмӣ"..."

Аммо Владислав Сурков, муъовини аввали раиси дафтари раёсати ҷумҳурии Русия, дертар таъйид кард, ки дар ҷараёни раъйгирӣ тахаллуфоте сабт шуда, вале "на дар миқёси бузург". Дар тавзеҳи натоиҷи раъйгирӣ, оқои Медведев, ки номаш дар садри феҳристи ҳизби "Русияи воҳид" буд, гуфт, ки ширкати ин ҳизб дар интихобот шарофатмандона буда ва ҳайъати тозаи Думо баёнгари саҳм ва нуфузи воқеъии нерӯҳои сиёсӣ дар кишвар аст.

Шаби душанбе чанд ҳазор нафар аз афроди мӯътариз ба тахаллуфот ва тақаллуботи густардаи интихоботӣ дар Русия дар яке аз маҳаллоти шаҳри Маскав даст ба тазоҳурот заданд. Ин тазоҳурот бидуни иҷозаи мақомот барпо шуд ва нерӯҳои давлатӣ ҳангоме ки мӯътаризон ба сӯйи Лубянка, маҳалли ҷойгирии Кумисиюни марказии интихобот ва Сервиси федероли амниятии Русия (ФСБ), ҳаракат мекарданд, садҳо нафарро боздошт карданд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ