Хазина аз
АЛ-ҚОИДА РАҲБАРИ НАВ ПАЙДО КАРД
Хабар
18.05.2011 18:59
1839
Тибқи гузориши хабаргузориҳо, Сайф Одил раҳбари муваққатии шабакаи Ал-Қоида интихоб шудааст. Сайф Одили 48-сола мисритабор буда дар рӯйхати афроди матлуби хадамоти истихборотии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дорад.
ТАМДИДИ МӮҲЛАТИ ГУЗОР БА НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА
Иҷтимоъ
18.05.2011 18:54
1401
Давлати Тоҷикистон пешниҳоди вазорати маъориф дар бораи тамдиди замони гузариш ба низоми таҳсили 12-сола дар мадориси ин кишварро пазируфтааст. Ба гуфтаи манобеъи вазорати маъориф, иҷрои ин барнома ба далели мушкилоти иқтисодӣ ба таъвиқ дароварда мешавад.
МАСКАВ: АФЗОИШИ ШУМОРИ ТОҶИКОНИ КУШТАШУДА ДАР ОТАШСӮЗӢ
Хабар
18.05.2011 18:52
1921
Шумори муҳоҷирони тоҷики кушташуда дар оташсӯзии шаҳри Маскав ба панҷ нафар расидааст. Дар ин бора Давлаталӣ Назриев, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, баъд аз зӯҳри рӯзи чаҳоршанбеи 18 май ба Би-би-сӣ хабар дод.
АМАЛИЁТИ "МАДРАСА" ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Хабар
18.05.2011 18:50
2113
Мақомоти вилояти Суғд мегӯянд, дар ҷараёни амалиёти “Мадраса” 3 мавриди таълими ғайриқонунии диниро ошкор ва алайҳи мударрисон парванда боз кардаанд.
АБДУРАҲИМ ХОЛИҚОВ: “ДАВЛАТ АЗ ДИН ҶУДО НЕСТ”
Дин ва ҷомеъа
18.05.2011 12:35
2267
Созмонҳои байналмилалии нозири ҳуқуқи башар ва низ бархе аз коршиносон аз тағйири муносибати давлати Тоҷикистон бо дин изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба гуфтаи ин манобеъ, вақтҳои ахир давлат дар ҳамкорӣ бо намояндагони дин аз роҳи фишор ва зӯр наздик мешавад.
ДОДСИТОНИ КУЛ: ВАЗЪИ ИРТИКОБИ ҶАРОИМ ДАР ТОҶИКИСТОН ПЕЧИДА АСТ
Иҷтимоъ
18.05.2011 12:32
1331
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, мегӯяд, ки дар солҳои ахир вазъияти иртикоби ҷароим дар ин кишвар "мураккаб шудааст." Ба гуфтаи вай, дар ҳоле ки дар соли 2009 ҳудуди 12,5 ҳазор мавриди иртикоби ҷароим дар Тоҷикистон сабт шуда буд, як сол баъд ...
ҲАФТАНОМАИ МУСТАҚИЛИ "ПАЙКОН" АЗ ЧОП МОНД
Хабар
18.05.2011 12:28
1749
Чопхонаи "Шарқи озод" аз нашри ҳафтаномаи мустақили "Пайкон", ки ахиран додгоҳ фаъолияташро қатъ намуда буд, худдорӣ кард. Фазлиддин Хоҷаев, сармуҳаррири нашрия мегӯяд, тайи чанд моҳи ахир "Пайкон" аз ин чопхона 7 ҳазор сомонӣ қарздор шуд ва ҳамчунин ду шумораи ахираш ...
"МОДАР СӮЗОН" ОЗОД ШУД. БО МУБОРАК ЧӢ МЕКУНАНД?
Равзана ба ҷахон
18.05.2011 12:25
1262
Cӯзон Муборак, хонуми раҳбари пешини Миср, барои дар ихтиёри давлат гузоштани сарвату молу мулкаш розӣ шуд. Ӯ ахиран зери санаде имзо гузошт, ки бар пояи он аз манзили бошукӯҳ дар канори шаҳри Қоҳира ва 3,4 миллион доллар дар ду ҳисоби бонкияш ба манфиати давлат даст мекашад.
ВАЗИРИ НАФТИ ЛИБӢ "ДАВЛАТРО ТАРК КАРДААСТ"
Равзана ба ҷахон
18.05.2011 12:21
1153
Шукрӣ Ғоним, вазири нафти Либӣ, кишварашро тарк карда ва бархе гузоришҳо ҳокист, ки ӯ қасди паноҳандагӣ дорад. Мақомҳои тунисӣ мегӯянд оқои Ғоним, ки замоне нахуствазир буд, ибтидо аз роҳи заминӣ вориди Тунис шуд ва баъд ба ҷазираи Ҷербо рафт.