17:14:34 02-уми Июни 2025 сол

ДОДСИТОНИ КУЛ: ВАЗЪИ ИРТИКОБИ ҶАРОИМ ДАР ТОҶИКИСТОН ПЕЧИДА АСТ

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, мегӯяд, ки дар солҳои ахир вазъияти иртикоби ҷароим дар ин кишвар "мураккаб шудааст." Ба гуфтаи вай, дар ҳоле ки дар соли 2009 ҳудуди 12,5 ҳазор мавриди иртикоби ҷароим дар Тоҷикистон сабт шуда буд, як сол баъд, шумори ҷароим беш аз ду ҳазор маврид бештар шуда ва ба 14,5 ҳазор расидааст.

 salimzoda305258.jpg

Оқои Салимзода бавижа аз афзоиши қобили мулоҳизаи иртикоби ҷароим дар соли милодии ҷорӣ ибрози нигаронӣ кард. Вай гуфт, ки дар чаҳор моҳи гузашта мавориди иртикоби ҷароим дар Тоҷикистон 60 дарсад афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи Додситони кулли Тоҷикистон, дар ин давра маъмурони интизомию амниятӣ шаш амали теруристӣ ва 19 амали экстремистӣ (ифротгароёна)-ро сабт кардаанд.

Оқои Салимзода ин арқомро зимни суханронӣ дар ҳамоиши "Осиёи Миёнаи бидуни ҳукми эъдом", ки рӯзи сешанбеи 17 май дар ноҳияи Ҳисор оғоз шуд, эълом кард. Ин кунфронси байналмилалӣ ба ибтикори "Иттиҳодияи (лигаи) занони ҳуқуқдон", як созмони ғайридавлатӣ, ва намояндагони давлати Тоҷикистон ва бо ҳимояти молии намояндагиҳои Сандуқи Сурус дар Тоҷикистон ва Ожонси Ҳамкориҳои Суис доир мешавад.

Ин ҳамоиш намояндагони беш аз 60 ниҳоди давлатӣ ва созмонҳои ҷомеъаи маданӣ аз Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Миёна ва Урупоро гирдиҳам оварда ва қарор аст дар поёни кунфронс ширкаткунандагон тавсия ва пешниҳодҳои худ барои лағви ҳукми эъдомро ба давлат ироа кунанд.

Дар ин ҳамоиш, мақомоти баландпоя аз вазоратхонаҳо ва идороти муҳимми Тоҷикистон, аз ҷумла, раиси Додгоҳи олӣ, додситони кул, раиси Шӯрои адлия, мушовири ҳуқуқии раиси ҷумҳур ва ғайра, ки мавзӯъи лағви ҳукми эъдом ба фаъолияти онҳо муртабит аст, ширкат доштанд.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, эълом кард, ки дар соли 2010 мавориди иртикоби ҷароими сангин дар ин кишвар нисбат ба соли 2009 тақрибан 40 дарсад афзоиш ёфтааст. Вале ӯ гуфт, ки афзоиши ҷароими сангин ба мавзӯъи таълиқ дар иҷрои ҳукми эъдом иртибот надорад.

Бисёриҳо афзоиши ҷароими сангинро ба таълиқ дар иҷрои ҳукми эъдом марбут медонанд ва мӯътақиданд, ки иҷрои муҷозоти қатл афроди муртакиби ҷароим тарс хоҳад дод ва ба ин васила аз иртикоби ҷароими сангин монеъ хоҳад шуд.

Аммо оқои Салимзода гуфт, ки яке аз далоили афзоиши шохиси ҷароим дар Тоҷикистон таъсиси ниҳоде воҳид дар муассисоти интизомӣ барои сабти ҷароим аз оғози соли 2010 аст. Ба гуфтаи ӯ, қаблан чунин шабакаи воҳиде барои сабти ҷароим вуҷуд надошт ва омору арқом дар ин замина пароканда буд.

Ӯ дар бораи ин ниҳод ҷузъиёти бештаре ироа надод, вале афзуд, ки мумкин аст тақвияти фаъолияти нерӯҳои интизомӣ ба кашф ва сабти ҷароими бештаре дар Тоҷикистон мусоъидат карда бошад. Зимнан, дар Тоҷикистон барои панҷ ҷурм - одамкушӣ, таҷовуз ба номус, терурисм, наслкушӣ ё генотсид, биотсид ё тахриби табиъат - ҳукми эъдом ё қатл дар назар гирифта шудааст.

Ба гуфтаи оқои Салимзода, дар чаҳор моҳи гузашта 58 ҳодисаи қатл ошкор шудааст. Вай гуфт, ки мавориди иртикоби қатл дар даҳ соли ахир, яъне аз соли 2000 то 2010 дар Тоҷикистон ду баробар коҳиш ёфтааст.

Вай омореро дар мавриди ончи давлат "аъмоли теруристӣ" мехонад, низ ироа дод. Ба гуфтаи додситони кулли Тоҷикистон, маъмурони интизомии ин кишвар дар соли 2005 панҷ маврид, дар 2007 шаш маврид, дар 2008 ду маврид ва дар 2010 даҳ мавриди иртикоби аъмоли теруристиро сабт кардаанд.

Сатҳи иртикоби ҷароим ба ҳар 100 ҳазор нафар аз ҷамъияти Тоҷикистон дар соли 2009 баробари 167 маврид ва дар соли гузаштаи милодӣ баробари 172 маврид будааст. Бо ин ҳол, оқои Салимзода мегӯяд, ки сатҳи иртикоби ҷароим дар муқоиса бо кишварҳои дигари ҳамсуд дар Тоҷикистон нисбатан беҳтар аст.

Зимнан, Тоҷикистон дар соли 2004 иҷрои ҳукми эъдом дар ин кишварро ба таълиқ даровардааст. Ҳамакнун, ба гуфтаи Ҷумъа Давлат, мушовири ҳуқуқии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин кишвар "ҳеч гуна талоше барои бозгашт ба ҳукми эъдом" сурат намегирад.

Ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон омодаанд чун бархе дигар аз кишварҳои Осиёи Миёна ҳукми эъдомро ба таври комил лағв кунанд. Ин кишвар тайи солҳои гузашта ба манзури лағви ҳукми эъдом таҳти фишори афзояндаи созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар қарор гирифтааст.

Дар ин иртибот, дар моҳи апрели соли гузашта як гурӯҳи корӣ ба раҳбарии оқои Давлат аз ҷумлаи намояндагони ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон таъсис шуда ва ба гуфтаи манобеъи расмӣ, ин гурӯҳ то ҳол ба баррасии афкори умумӣ дар бораи лағви ҳукми эъдом машғул аст.

Зимнан, тибқи мутолеъае, ки сандуқи иҷтимоъии мавсум ба "Нота Бене" дар авоили имсол анҷом додааст, тақрибан 60 дарсади мардуми Тоҷикистон бо иҷрои ҳукми эъдом дар ин кишвар мухолифанд.

Бар асоси гузориши созмони Афви Байналмилалӣ, ҳукми эъдом ҳоло дар 137 кишвари ҷаҳон аз миён бурда шуда ва ҳануз ҳам ин навъи муҷозот дар ҳудуди 70 кишвар роиҷ аст ва ҳамасола теъдоди 10 ҳазор нафар дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон эъдом (қатл) мешаванд.

Омрико, Эрон, Ироқ, Ҳинд, Чин, Покистон, Афғонистон ва Арабистони Саъудӣ аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки ҳукми эъдомро то кунун лағв накардаанд ва ба хотири иҷрои ин ҳукм барои иртикоби ҷароими мухталиф ҳамвора мавриди интиқоди мудофеъони ҳуқуқи башар қарор гирифтаанд.

Аз миёни кишварҳои Осиёи Миёна, Туркманистон дар соли 1999, Қирғизистон дар соли 2007 ва Ӯзбакистон дар соли 2008 муҷозоти қатл ё эъдомро лағв карданд. Аммо муҷозоти эъдом дар Тоҷикистон ва Қазқистон, ду кишвари дигари минтақа, ҳануз лағв нашудааст.

Ба гуфтаи Рудолф Шоҳ, раиси намояндагии Ожонси ҳамкориҳои Суис дар Тоҷикистон, дар ин кишвар ҳама гуна шароит барои лағви муҷозоти эъдом фароҳам аст ва мақомоти тоҷикро лозим аст ҳарчи сареътар дар ин замина иқдом кунанд. Созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар ва бархе аз давлатҳои урупоӣ эълом кардаанд, ки аз лағви муҷозоти эъдом дар Тоҷикистон ҳимоят хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, нигаронии умдаи гурӯҳҳои ҳуқуқи башар аз иҷрои ҳукми эъдом имкони эъдом шудани афроди бегуноҳ ва ё мухолифони сиёсӣ дар кишварҳое монанди Тоҷикистон аст, ки системи қазоӣ дар онҳо пешрафта ё мустақил нест ва ҳар гуна иштибоҳ ё тахаллуф дар фаъолияти додгоҳҳо мушоҳида мешавад.

Соҳибназарон мегӯянд, ки ҳоло ҳукми эъдом дар Тоҷикистон ба таълиқ даромада ва ба ҳар ҳол иҷро намешавад. Аммо лағви он аз қонуни кайфарӣ метавонад ба афзоиши эътибори ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба унвони як давлати демукротик ва тарафдори арзишҳои башарӣ мусоъидат кунад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854