ШУКУФТАНИ «ҒУНЧАҲОИ УМЕД»-РО ХОҲОНЕМ!
«Ғунчаҳои умед» - рубрикаест дар ин сомонаи мо барои кӯдакону наврасон. Онро мо бо хоҳиши хонандагони доимии худ, азҷумла Кароматуллоҳ Аслонов, Ҳалим Рашидов, Розӣ Саидов ва дигарон созмон додаем.
Дастандаркорони сомона кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, ки он иддаъ хонанда ва бинандаҳои хурдсоли мо, ки имрӯзҳо аз бозиҳои мухталифи интернетӣ хеле хаста шудаанд, дар ин гӯша маводҳоеро барои худ пайдо намоянд, ки ба дарди онҳо бихӯрад. Яъне донишу ҷаҳонбинии онҳоро оиди таъриху адабиёт ва фарҳангу ҳунари миллати мову халқҳои дигари ҷаҳон боз бештар намояд, аз пешравиҳои илму техникаи ҷаҳонӣ онҳоро то он ҷое, ки савияи дониши онҳо инро қабул карда метавонад, огаҳ созад.
Дар ин кори хайр, хонандаи гиромӣ, мо аз ҳамкориҳои шумо бо сомонаи мо умедҳои зиёд дорем. Рости гап, мо аллакай барои хурдсолоу наврасон маводеро таҳти унвони «Қиссаҳои Қуръонӣ» дар сомонаи худ дар рубрикаи «Дин насиҳат аст» ба табъ расонидем. Вале шояд на ҳама дӯстони хурдсоли мо аз ин матлаб бохабар шуда бошанд.
Аз ин рӯ мо нахуст ҳамон навиштаи ҳамкори азизамон Қамариддин Афзалиро ба гӯшаи «Ғунчаҳои умед» интиқол дода, нашри онро идома медиҳем ва ба шарофати ин қиссаҳои зебои Илоҳӣ ба Парвардигори хеш дасти дуъо мебарем, ки фарзандони моро ба роҳи рост ҳидоят кунаду тамоми некиҳои зиндагиро барояшон арзонӣ бидорад ва дар дунёву охират азҷумлаи муваффақону растагорон бигардонад. Омин Ё Раббалъоламин.
Бо эҳтиром аҳли эҷоди «Рӯзгор».