13:54:29 24-уми Майи 2025 сол
Пурсишеву посухе 29.09.2013 18:38 1580
Инсон табиатан кунҷков аст. Мехоҳад чизҳои зиёдеро донад, ки алоқаманд ба зиндагии ӯст. Бахусус, дар бораи сиҳативу саломатӣ. Дар ин замоне, ки бемориҳои гуногун рӯ ба рушд меоранд, масоили тиббӣ беш аз ҳар вақти дигар инсонҳоро безобита мекунанд ва мехоҳанд хеле чизҳоеро донанд, то аз гирифторӣ ба бемориҳо ҷилавгирӣ намоянд. ....
Мулло Сироҷиддин гӯем ё эшони Сироҷиддин? 26.09.2013 14:38 1606
Дуруд бар Шумо хонандагони иззатманд! Бо гузашти як ҳафтаи дигар аз чоп шумораи навбатии "Рӯзгор" боз ҳам чун анъана зангҳои телефонӣ ва номаҳои расидаро мурур кардем. Таҳлилгари шинохтаи тоҷик ва сардабири ҳафтаномаи "Наҷот" Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода зимни тамоси телефонӣҷузъиётеро аз сарнавишти бозмондагони эшони Султон баён кард.
Чӣ гуна инқилоби театриро интизор бошем, ки мо драматургияи солим надорем? 05.09.2013 10:24 1396
Бо арзи салом хидмати ҳамаи хонандагони арҷманди «Рӯзгор». Ҳафтае, ки сипарӣ шуд, шумораи 11-уми ҳафтанома дар мутолиаи хонадагон қарор дошт. Он чӣ метавон сухан аз шумора гуфт, боз ҳам аз зангҳои телефонии хонадагону мухлисон ва номаҳои расида аз тариқи пустаи электронӣ бармеояд.
"Ӯзбак" ё "Ӯзбакистон" навиштан тобиши манфӣ надорад ва таҳқир нест 22.08.2013 12:02 1584
Салом хидмати ҳамаи алоқамандони "Рӯзгор". Инак, дар садади омода намудани шумораи навбатӣ муруре кардем ба навиштаҳо ва зангҳои телефонии ҳаводорони худ. Онҳое, ки ҳафтаи гузашта "Рӯзгор" мутолиа карданд, албатта қатори он ки навиштанд ё гуфтанд фалон матлаб писанд буд, боз эродҳои ҷиддӣ ҳам доштанд, ки ба назар нагирифта наметавонем.
Масҷид баставу фасодхона боз? Ин сиёсат аст ё заъфи ҳукумат? 13.08.2013 11:05 1678
Бо арзи салом хидмати ҳамаи азизоне, ки ҳафтаи сипаришуда "Рӯзгор" хонданд. Умедворем матолиби он мавриди писанди дӯстон қарор гирифта бошад. Ин ҳафта ҳам зангҳои зиёди телефонӣ доштем. Назарҳои гуногун матраҳ шуданд, ки дар корбасти шумораҳои баъдии "Рӯзгор" аз он машварату маслиҳатҳо кор хоҳем гирифт. Иддае аз дӯстон дар мавриди баъзе ....
Бо тафаккури куҳна чӣ гуна метавон меҳмонро пазироӣ кард? 09.08.2013 10:41 3878
Салом хонандаҳои гиромӣ. Бо гузашти ҳафтаи дигар саҳифаи "Рӯзгор" ва хонанда"-ро боз мекунем, то бубинем, ки ин ҳафта кӣ бароямон чӣ навиштааст. Нахуст аз зангҳои телефонӣ мехоҳем шурӯъ кунем. Масъуди Мухтор, як хонандаи мо аз Восеъ дар тамоси телефонӣ гуфт, ки бори аввал ҳафтаномаро хондааст. Аз матлаби интишорёфта ба мақолаи ....
Куҷост Айнии дигар, ки Одинаи нав офарад? 04.08.2013 10:03 4004
Дуруду саломҳои бепоён ба ҳамаи касоне, ки ҳафтаи қаблӣ бо мо буданд, "Рӯзгор"-ро мутолиа карданд, варақ заданд ва ҳамзамон бо ин вақт ёфтаву сари баъзе аз нигоштаҳои он андешаҳои худро иброз намуданд. Мо хушем аз ин. Мебинем, ки бо чопи шумораи ҳафтум иртиботи мо бо хонандагони худ бештар мешавад. Он ....
"Рӯзгор" аз додгоҳӣ шудани баҳсҳои эҷодӣ пуштибонӣ намекунад 29.07.2013 10:28 3734
Бо арзи салом хидмати ҳамаи дӯстоне, ки шумораи шашуми "Рӯзгор"-ро мутолиа карданд. Умедворем он барояшон мавриди писанд қарор гирифта бошад. Аз зангҳои телефонӣ ва ибрози назарҳо ба мақолоту сӯҳбатҳои ҷудогонаи он пайдост, ки хонадагон бештар мекӯшанд ба назари интиқод бингаранд ва ин айни ҳамон тақозоест ...
Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам... 27.07.2013 10:45 4455
Аз нахустин рӯзи интишори шумораи панҷуми “Рӯзгор” то ба ин дам шоҳиди зангҳои телефонии зиёд шудем, ки наметавон дар бораи ҳар кадоми онҳо муфассал муҳокимаронӣ кард. Иддае аз хоннадагон пешниҳодоти вижае доштанд, ки қабул кардем, вале ҳоло ифшо намекунем, онҳоро дар ҷараёни кор амалӣ хоҳем кард.
Ситоиш ва интиқоди хонанда 19.07.2013 16:07 3757
Дуруд ба ҳамаи онҳое, ки ин ҳафта шумораи охирини "Рӯзгор"-ро дар даст доштанд ва онро варақ заданд. Шодем агар аз ин шумора низ баҳраҳо бардошта бошанд. Чун ҳафтаҳои гузашта интизор будем, ки назари хонандагони худро донем, то агар камбуде ифшо шуд, дар пайи ислоҳи он бошем. Зангҳои телефонӣ ва номаҳои ....
Номаҳо ва умедҳо аз гомҳои аввалин 09.07.2013 18:05 3769
Инак, чорумин шумораи "Рӯзгор"-ро дар даст доред. Нашрияи фарҳангиву маърифатӣ ва иҷтимоӣ, ки нахустин гомҳои худро дар олами нопайдоканори матбуот мегузорад ва ҳоло маълум нест, ки ин гомҳо онро то ба куҷо мебаранд. Аммо яқин он нукта аст: гоми "Рӯзгор" ба сӯи қалби хонандаи худ аст.
МОДАР МЕХОҲАД, ПИСАРАШРО АЗ ПОКИСТОН БАРГАРДОНАНД 07.03.2013 21:26 9323
«Ман зидди терроризм ҳастам, намехоҳам, ки аз писарони ман террористу одамкуш созанд. Илтиҷо мекунам, ба додам бирасед…» Ин суханони модарест, ки намехоҳад фарзандонаш террористу худкуш шаванд.