00:50:07 09-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Июн 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ШАБНАМИ СУРАЙЁ ДАР ВАНКУВЕР

 

Имрӯз шанбеи 8-уми августи соли 2009 дар яке аз толорҳои консертии яке аз зеботарин шаҳрҳои Канада Ванкувер дуввумин консерти маъруфтарин овозхони ҷавони тоҷик Шабнами Сурайё дар чаҳорчӯбаи гастроли нахустини ӯ ба ин кишвар сурат мегирад. 

Аввалин консерти ӯ дар чаҳорчӯбаи ин сафари ҳунарӣ рӯзи 31 июл дар шаҳри Монреал баргузор гардид. Алоқамандони таронаҳои ноби Шабнам аз ҷумлаи тоҷикон, афғонҳо ва эрониёни муқими Канада ӯро дар ин консерт хеле гарм пазироӣ карданд. Ин сафари ҳунарӣ аз сӯйи ширкатҳои «Шерзод Энтертаймент» ва «Даф Энтертаймент» созмон дода шудааст. Дар ин консертҳо Шабнами Сурайёро овозхони ҷавон, вале маъруфи афғон Алии Эътимодӣ- писари Абдуллои Эътимодӣ ҷозбанднавози (ударник) Аҳмад Зоҳири нотакрор ҳамроҳӣ мекунад. 

Воқеан Алии Эътимодӣ дар Олмон ба дунё омадааст. Муддати ҳафт сол аз устодони алоҳида навохтани созҳои клавиши (пионино ва ба ин монанд)-ро омӯхтааст. Баъдан 3 сол дар мактаби олии мусиқии Ҳамбурги Олмон дониши мусиқии хешро афзун кардааст. Сипас дар назди устод Ризо Алӣ Хони ҳиндӣ, ки навасаи устод Баро Ғулом Алӣ Хони машҳур мебошад, шарафи унвони ифтихории шогирдии ин устоди бузург буданро ба даст овардааст. 


Баъдан муддати чаҳор моҳ дар Ҳиндустон ба фарогирии мусиқии клоссикӣ ва ғазал пардохтааст. Ду албом барои алоқамандони овозаш ҳадя кардааст. Албоми ҷадиде рӯйи даст дорад. Алӣ Эътимодӣ барои ҳунармандони саршиноси афғон аз қабили Эҳсон Амон, Ҳабиб Қодирӣ, Халил Роғиб, Файз Қодирӣ, марҳум Нусрат Порсо, Фарҳоди Шамс ва як теъдоди дигари овозхонҳо оҳанг эҷод кардааст, ки мавриди таваҷҷӯҳи зиёд қарор гирифтааанд. Дар ин авохир масруфи сохтани албоми ҷадиде барои Рашод Зоҳир писари марҳум Аҳмад Зоҳир мебошад.

Саввумин консерти муштараки Шабнами Сурайё ва Алии Эътимодӣ рӯзи 15-уми август дар шаҳри Торонто баргузор мегардад.

 


Ёдовар мешавем, ки ин дуввумин сафари ҳунарии Шабнами Сурайё ба қораи Амрико ҳаст. Сафари нахустин Шабнам дар якҷоягӣ бо овозхони шинохта Ҷонибеки Ҷӯрабек, ки чанде пеш сурат гирифта буд, низ мавриди истиқболи гарми ҳаводорони мусиқии он сӯйи уқёнус қарор гирифт.

Ҷаҳонгири Султон


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi