08:33:00 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

НЕРӮ: ФИТНАҲОЕ ЯК ЗАМОН ТОҶИКРО БЕ ТОҶ КАРД

Нерӯ- Маҳмадёри Шариф зодаи водии мӯъҷизаосои Вахёсту тарбиятдидаи водии Ҳисор, ки бахти худро дар шимоли кишвар ёфтааст. Ба ин маънӣ тоҷикӣ комил аст, арзу тӯли Тоҷикистонро саросар «ватани воҳиди»-и хеш медонад, ки ин маънӣ аз ашъораш таровиш дорад.

Мухаммадёри ШарифФаъолияти меҳнатии ӯпас аз хатми факултаи забон ва адабиёти тоҷики Университети Давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) пайваста ба омӯзишу тадқиқот дар бахши адабиёти классикии тоҷик марбут аст…

Айни замон устоди кафедраи «Забони тоҷикӣ ва маданияти суханварӣ»-и Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон мебошад. Номзади илми филология, дотсент. Шеъргӯӣ шуғлест аз овони наврасиаш…

Олиме, ки бар «Адавоти шеъру муқаддамоти шоирӣ»-и «Ал-мӯъҷам»- яке аз бузургтарин симоҳои барҷастаи адабиёти ҷаҳонии тоҷику форс Шамс Қайс Розӣ тадқиқот бурдаву дарки маънии зиндагиро дар тахайюли рангин чун захма ба тори эҳсоси мӯтақидони каломи мавзун задааст, алҳақ шеъраш шунуфтанист.

Ҳабибулло Ёров

Корбасти шеъри зебо

Аз таърихи адабиёти тоҷику форс мо бисёр донишмандону мунақиддони суханро медонем, ки ҳамроҳ бо кори пажӯҳиш ва ковишҳои адабӣ ба эҷоди назму наср низ шуғл варзидаанд. Аз он ҷумла, устодон Сайид Нафисӣ, парвиз Нотили Хонларӣ аз Эрони кунунӣ, Баҳром Сирус, Носирҷон Маъсумӣ, Воҳид Асрорӣ ва дигарон, ки аз олимони маъруфи тоҷик буданду чакидаҳои гаронмояе аз худ ба ёдгор гузоштаанд.

Неруи ШарифУстоди гаронқадр Нерӯи (Маҳмадёри) Шариф ҳам аз зумраи ҷӯяндагони дурри сухани порсӣ, аз шумули пуркортарин муҳаққиқони ганҷи маънӣ буда, бо вуҷуди масруфияти зиёде, ки дар шуғли асосии хеш дорад, дастагулеро аз чамани андеша ва хаёл таҳти унвони «Корбанди шеър» мураттаб кардааст. Мутолиаи ашъори ҷаззобаш шоҳиди ҳол аст, ки ӯ ҳамеша дар фикри эҷоди шеър будаву ҳанӯз аз овони наврасӣ ба ин пеша рӯ оварда, зеро қисмате аз чакидаҳои қаламаш тароватеро аз наврасӣ ва ғуруру талошҳои ҷавониаш дар худ боқӣ гузоштааст ва ҳамчунин, эҳсосеро аз рӯзгори мардум ва дар ҷомеа дар солҳои 70-80-уми садаи гузашта дорад.

Дигар ашъори Нерӯи Шариф баёнгари мудовимати ӯ ва пайгирии муттасилаш аз шеъри пуршӯру сухани шоирона мебошад.

Нерӯ қабл аз ҳама ба мактаби шеъри классикӣ ва анъанаҳои қобили мулоҳизаи он таваҷҷӯҳи хоса дорад ва чунин шакли шеърро муқаддаму авло мешуморад. Дар ашъораш нишонаҳое аз сабкҳои мухталиф, вале дар зоти худ зебоеро аз саромадони адабиёти пурғановати форс-тоҷик ба мисли Рӯдакӣ,Фирдавсӣ,Носири Хисрав,Мавлои Рум, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҳилолӣ, Ҷомӣ,Бедил, Соибу Сайидо дчор меоем, ки ҳамеша дар зеҳнаш ҷӯш мезананд ва ӯро шефта гардонидаанд.

Нерӯи Шариф чун донандаи хуби қавоиди шеъру арӯз, баён, балоғат,маъонӣ ва дигар махсусиятҳои ҳунари шоирӣ ба ҳусни каломи худ диққати зиёд медиҳад ва онҳоро дар бисёре аз мавридҳо аз ҷиҳатҳои дигари суханофарӣмуқаддам мегузорад.

Шоир кӯшидааст, ки шеърашро дар чаҳорчӯбаи суннатҳо ва нишодҳои пешинагон, бидуни шикастанҳо ва «тохтанҳо» бар қавоиди зикршуда, дар қолаби тахайюли рангин рехта бошад.

Бо намунаҳои ашъори шоир бисёре аз аҳли адаби тоҷик дербоз ошноӣ доранд ва онҳоро аз тариқи рӯзномаву ҳафтаномаҳо мутолиа кардаанд.

Зиндагӣ ва шахсияти нерӯи Шариф ба ашъораш ҳамоҳанг буда, ҳамчунон софу беғаш, нарму дилписанд ва созандаанд. Мутолиаи нахуст чакидаҳои қалами муаллиф дар ин маҷмӯаи дилписанд эҳсос аз он медиҳад, ки воқеан ӯ инсонест бо қалби саршор аз меҳру муҳаббату садоқат, сарсупурдаи илму адаб ва дӯсти азизу дилсӯзи ҳар нафаре аз хонандагони мӯҳтарами ин маҷмӯаи тоза.

Биёед, ин донишманди накӯном ва шоири дарёдилро бо нашри нахустмаҷмӯаи ашъори муборакбод бигӯем ва барояш комёбиҳои нави илмиву адабӣ орзу намоем.

Парда Ҳабиб, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода.

Ман киям? – Гарди ғубори коинот,

Ё асире дар масири мумкинот.

 

Ахтарам ё ахгарам дар бори дил,

Ё ки шабнам рӯи як барги набот.

 

Ҳар чӣ ҳастам, зодаи сидқам бидон,

Сидқро тасдиқ зеб асту субот.

 

Фоли некӯ ҷустаму дармони кор,

Ҳеҷ ва ҷҳе рӯ намедод аз барот.

 

Номае дидам, ки давраш сабт буд,

Ояти равшангаре бар мушкилот…

 

Дар раҳи инсофу ҷӯёи адл,

Адлу инсоф аст ихлосу наҷот.

 

Гар кунӣ равшан чароғе, ҳикмат аст,

Зулмат аз дилҳо фикан, инат закот.

 

В-арна як дунёи роз аст ин ҷаҳон,

Гӯ дурӯғе, гар нахоҳӣ воқиот.

 

Ҷом дардеҳ, то ки бардорӣ зи нав

Мавҷи чин аз содарухсори ҳаёт.

 

Ҳамчунон зӣ, то нагӯянд аз пасат,

Ӯ кӣ буд?- Гарди ғубори коинот.

* * *

Фитнаҳое як замон тоҷикро бетоҷ кард,

Ваҳми зулмат сояро бар партаве мӯҳтоҷ кард.

 

Шиква овард он яке аз шаҳ Алоуддин Такиш,

Молики даврон ҳам ӯ буд, баста ҳар минҳоҷ кард.

 

Чингиз оташҳо фиканд андар деҳу шаҳри Аҷам,

Пас шабехунҳо зи сар чун ҳамлаи Тамғоҷ кард.

 

Бас китобе зам намуд аз тоқҳои ҳар саро,

Зери по оварду он гаҳ даъвии «меъроҷ» кард.

 

Кори Азроил бас осон менамудӣ шому субҳ,

Чун аҷал омад, зи асп уфтоду сар бетоҷ кард.

 

Бурд, Нерӯ, булбулонро фитна аз саҳни чаман,

Табъи хушдилро мутеи хониши дурроҷ кард.

 

Бозрӯид аз дигар ин миллати бонангу ор,

Мустамандонро басе аз рангу бӯ мӯҳтоҷ кард.

* * *

Мо ба ин дунё на бо майли худ овардем рӯ,

Имтиҳони ақл омад бас дар ин раҳ гуфтугӯ.

 

Омадан бо ҳоҷату рафтан ба иззу рухсат аст,

Ҳаббазо аз ин расиданҳо ба фатҳи рӯ ба рӯ.

 

З-омадан то боз рафтан фурсати фарзона аст,

Ранҷу таҳлилу тааммул ҳосили таҳсили ӯ.

 

Ҳар касеро дар бисоти орзу як нақшаест,

Тоқат андар раҳ бибояд бо нигоҳи ҷустуҷӯ.

 

Баҳри тадқиқи замин омад ба дунё одамӣ,

Ин намад дар зери по таҳқиқ хоҳад мӯ ба мӯ.

 

Омадӣ, Нерӯ, ба дунё худнамоиҳо кунӣ,

Оҳ аз ин омад ба ному боз рафтан кӯ ба кӯ.

* * *

Таънае бар минбари оини Зардуштӣ заданд,

Он зи гирдобон раҳида таъна бар киштӣ заданд.

 

Буд, ки нақд омад чу як парвандаи арбоби фазл,

Маъсият нодида омад, латма бо зиштӣ заданд.

 

Расми бобоӣ чун-омад назди шаҳриён писанд,

Аз таммаддун ҳар чӣ нақе омад, сари даштӣ заданд.

 

Остин барҳам заданд, он чанд даъвогар зи нав,

Шуд мудовӣ бештар, ҳар як дусадмуштӣ заданд.

 

Ҳар падида дар замону дар маконаш буд писанд,

Чун балоғат даргузашт, аз ҳар миён куштӣ задан.

* * *

Дил тавбакунон рафт ба даргоҳи Илоҳӣ,

Авзоъ дигар  гашту бурун шуд зи табоҳӣ.

 

Дар марҳалаи ишқ чунонам, ки бигӯянд,

Дар масъала он бош, ки гӯиву бихоҳӣ.

 

Қуфл аст ба олам дари ганҷинаи дониш,

Ҳар ҳарф калид аст ба таъбири Фароҳӣ.

 

Ҳар марҳала санҷад дили ғамхораи моро,

Шабрав чӣ биранҷад зи такопӯи сипоҳӣ.

 

Мегӯй бад-он хирасаре, ҳеҷ наангошт,

З-ин боғ бурун шав, ки ту бегонагиёҳӣ.

 

Нерӯ, ту маранҷ аз сухани сарду дилошӯб,

Аз тавтаа бигрез, ки худ ғарқи гуноҳӣ.

 

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi