НАХУСТНАМОИШИ «САЗОИ ВАФО» ДАР КОХИ «ТОҶИКИСТОН»
Дар кохи кино ва консерти «Тоҷикистон»-и шаҳри Душанбе, нахустнамоиши филми ҳунарии «Сазои вафо», ки коргадон ва муаллифи сенарияи он кормандони телевизиони «Симои мустақили Тоҷикистон» Муҳаммадрабии Исмоил ва Зайнулобиддини Фонӣ мебошанд, баргузор гардид. Ин дуввумин филми ҳунариест, ки Муҳаммадрабии Исмоил ҳамчун коргардон рӯи пардаи синамо меорад. Филми нахустини ин коргардон бо номи «Иштибоҳ» се сол муқаддам пешкаши мухлисон гардида сазовори истиқболи гарм шуда буд.
«Сазои вафо» як мелодрамма аст. Дар бораи як ҷавони аксбардоре, ки дар як маҷалла кору фаъолият мекунад, ҳикоя мекунад. Баҳром рӯзе акси духтари ношиносеро тасодуфан мегираду онро дар маҷаллааш ба нашр мерасонад. Ин боиси моҷарое мешавад, ки оқибаташ ба ишқу муҳаббати ин ду навҷавон мунҷар мегардад. Вале ишқу муҳаббате, ки санҷишу имтиҳонҳои зиёдеро аз сар мегузаронад, ки оқибати он поёни филмҳои болливудиро ба хотир меорад.
Дар филм нақшҳои асосиро Неъматулло Акбаров (Баҳром) ва Алла Манукиян (Гулбаҳор) бозидаанд. Дар дигар нақшҳо ҳунармандони маъруфи театру синамои кишвар Раҷаб Ҳусейн – соатсоз, Ғолиб Исломов – сармуҳаррир ва инчунин ҳунармандоне, ки бори аввал худро дар синамо месанҷанд, Ширинмоҳ Ниҳолова – модари Гулбаҳор, Муҳаммад Раҳмонов – раис нақш офаридаанд. Оҳангсози филм Фирӯз Ҳакимов мебошад
Бино ба гуфтаи Муҳаммадрабии Исмоил дар таҳияи ин филм ба ҳайати эҷодӣ бархе аз дӯстон ва алоқамандони синамо, аз ҷумла телевизиони «Симои мустақили Тоҷикистон», кӯмак карданд.
Ҷаҳонгири Султон, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/4437-nakhustnamoishi-filmi-sazoi-vafo.html