НОЗИЯИ КАРОМАТУЛЛОҲ: «МУНАҚҚИДИ СУРУДҲОИ ХУД ҲАСТАМ»
Имрӯз, 29-уми ноябр, рӯзи таваллуди овозхони маъруфи кишвар, шодравон Кароматуллоҳи Қурбон мебошад. Ба ин муносибат Нозияи Кароматуллоҳ, духтари ин сарояндаи нотакрор дар Кохи Борбади пойтахт таҳти унвони «Гиряи ҷон» барои мухлисони созу таронаҳои падар ва алоқамандони суруду мусиқии ноб консерте багузор мекунад. Дар иртибот бо ин рӯйдоди фараҳбахши фарҳангӣ мусоҳибаи зерини Ҳусния Ҳафизоваро бо Нозияи Кароматуллоҳ пешкаши Шумо мегардонем.
Вай ниҳолаки навбареро мемонад, ки бо андак вазиши насиме алвонҷ мехӯрад. Дилатон мехоҳад барояш такягоҳе шавед, вале ӯ такягоҳ дорад: мустаҳкам, боэътимод. Ин модараш – Зулфия аст: як зани хоксор, оддӣ, зебо ва табиатан фурӯтану пурбардошт, ки замоне бо маслиҳатҳову пешниҳодоташ равоншод Кароматуллои Қурбонро дастгирӣ мекард. Акнун чашмонатонро пӯшеду тасаввур кунед: манзараи тасхиркунандаи дилҳо, талу теппаҳои сабзаи махмалинпӯш, пайроҳае, ки регчаҳои зарду қирмизиаш дар шӯълаи хуршед медурахшанд, шилдирроси оби мусаффои наҳраку вазиши насими рӯҳбахш ва билохира садои дилнишин. Ин садо дар дили шумо шӯр меангезад ва намегузорад, ки чашм боз бинмуда, хонаи сукуташ дилгиркунанда, оҳанги якнавохти соати девориро бишнавед. Хаёлан худро дар барҳавотарин кохи Тоҷикистон мебинед. Ин Кохи Борбад аст, ки онҷо мухлисони асил, дӯстдорони ҳунари воло гирд омадаанд. Шумо ба кафкӯбӣ, аз ҷой бархоста пешвозгирифтанҳо, ки бешак гувоҳи гиромидошти Нозияи садои рӯҳбахшу дилнавозаш кайҳо ба қалбҳо расида аст, мепайвандед.
Оре-оре, ин Нозия аст, ки мехоҳад бо расидан ба ҳадафҳои олиаш орзуҳои ормонии падарро амалӣ намояд. Акнун чашмонатонро боз намоед. Тасаввури шумо воқеият дорад. Консерти Нозия дар ҳақиқат ҳам соати 16-и 29 ноябр дар Кохи Борбад доир мегардад. Пас, бархезеду ба дастрасии чипта саъй кунед. Мо бошем, кӯшидем бо Нозия мусоҳибае пеш аз консерт доир намоем. Инак, фишурдаи он мусоҳиба:
-Нозия, шунидем, ки имсол курси академии Консерваторияи миллии Ҳиндустонро хатм карда ба Ватан баргаштед.
Хушбахтона, ҳамин сол ин донишгоҳро дар Деҳлӣ хатм карда, соҳиби дипломи A-CR, яъне дипломи сурх гаштам ва инак, тайи ду моҳ аст, ки дар Тоҷикистонам.
-Донишгоҳро хатм карда хотирҷамъ шудагистед?
-Баръакс, хеле серкорам. Чи хеле модарам мегӯянд, гузаронидани тӯй, аз доир намудани консерт осонтар аст. Ман барои мухлисонам 10 суруди наве, ки то ҳанӯз шунавонида нашудааст, тайёр намудам. Вобаста ба матну мазмуни сурудҳо либосу ороишот омода месозам. Мекӯшам қабл аз ба саҳна баромадан худро аз ҷиҳати психологӣ тайёр намоям. Сурудҳои ба тозагӣ эҷодшударо сабт ва танзими мусиқӣ намуда бошам ҳам, пайваста замзама менамояму андешаҳои атрофашон ба сар омадаро таҳлил ва дар ҷое қайд менамоям, то ба маврид истифода бибарам.
-Таҳсилатон дар бахши ғоибонаи факултаи «Иқтисоди ҷаҳонӣ»-и Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистон чӣ гуна идома дорад?
-Дар донишгоҳ давраи супоридани имтиҳоноти нимсола ҷараён дорад, аз ин рӯ ташвишам дучанд гаштааст. Гумон мекунам, ки бо ду имтиҳони бузурги зиндагӣ рӯ ба рӯ омадаам.
-Афзалиятро байни донишҷӯёни тоҷику ҳинду дар чӣ мебинед?
-Ҳам байни ҷавонони тоҷик ва ҳам ҳинду ҳастанд фаъолон ва ҳам танбалон. Касе, ки дониш андӯхтан мехоҳад, меомӯзад, аз вақт босамар истифода мебарад.
-Ду сол қабл дар озмуни «Суруди сол» соҳиби ҷои намоён ва ҷоизаи «Умед» гардида будед. Минбаъд ҳам дар озмунҳо иштирок намудед?
-Бале. Вақте дар озмуни умумиҷаҳонии рақс дар Калкутта иштирок намудам, ҳамагӣ 17 сол доштам. Тамошобинон гумон карданд, ки ман ҳиндудухтарам. Вақте ки баранда аз Тоҷикистон буданамро гуфт, намояндагони Итолиё, Ҷопон, Бразилия ва халқиятҳои дигар бо гултақдимкуниву қарсакҳои пурмавҷ ман–иштирокчии хурдтаринро пазируфтанд.
-Ба озмуни умумиҷаҳонии рақс чӣ гуна «роҳ ёфтед»?
-Ҳангоми таҳсилам дар курси академии консерваторияи миллии Ҳиндустон, ҳамеша дар озмунҳо иштироку ҷойҳои намоёнро сазовор мегаштам, бинобар ин, маро ба озмун даъват карданд.
-Санъату ҳунари мардуми ҳинд ниҳоят рангину серсоҳа аст. Агар пурсанд, ки ба кадом шохаи дарахти азими ҳинд бо номи «ҳунар» даст бурдед, чӣ ҷавоб медиҳед?
-Аллакай аз 15-солагиам рақси классикии ҳиндӣ мекардам. Рақси классикии ҳиндӣ 7 намуд дорад. Яке аз машҳуртарину зеботаринаш Kathac аст, ки онро дар филмҳо бисёр истифода мебаранд.
-Ҳам мехонанду ҳам мерақсанд?
-Оре.
-Шояд бо пешниҳоди ин намуди рақс дар консерти худ –мухлисонатонро хушнуд мегардонед?
-Иншооллоҳ. Дар барномаи консерти онрӯза чунин рақсро ворид намудаам.
-Ҳам рақсидану ҳам сароидан на ба ҳар ҳунарманд муяссар мегардад. Чӣ гуна онро азбар намудед: мустақилона ё устод доштед?
-Ибтидо, тариқи тамошои видеоҳо ва тақлид ба рақсҳо. Баъдтар, дар 16-солагиам ба Сафоратхонаи Ҳиндустон рафта, аз аввалин устодам Сантош Кумар нозукиҳои рақсро омӯхтам. Рақсам ба кормандони Сафоратхона писанд омаду пешниҳод намуданд, ки ба Ҳиндустон рафта, таҳти роҳбарии устодон ҳунарамро такмил диҳам. Хушбахтона, ман тавонистам аз муаллими хореография Кумиддини Лакҳия ин рақсро хубтару беҳтар омӯзам. Баъдан, аз Бомбей ба Деҳлӣ омада, ҳам рақс кардаму ҳам ҷиддан ба вокал машғул шудам. Ин ҳам классикист.
-Дар ягон гурӯҳи рақсӣ шомил будед?
-Аъзои гурӯҳи рақсии устодам Кумиддини Лакҳия будам. Дар консертҳояшон бештар бо сурудхонӣ баромад мекардам.
-Оё дугона дӯсти ҷонӣ шуда метавонад? Байни ҳамсабақони ҳинду дугона доштед?
-Дугона дӯст шуда метавонад, дар сурате, ки ғараз надошта бошад. Ман се дугона –дӯсти беғараз дорам бо номи Ишита, Шолини ва Неҳа, ки аз муваффақиятҳоям кӯдаквор шодӣ мекунанд.
-Иқрор шавед, шумо ба онҳо монанд шудан мехостед ё онҳо ба шумо?
-(Механдад) Таъриф нашавад, ҳарсе ба ман ҳавас мебурданд. Мегуфтанд: пӯсти ту чӣ гуна нозук аст…Ҳамеша хоҳиш мекарданд, ки абрӯвонамро чинам. Ман рад карда мегуфтам, ки не, ин доди худованд асту ба ман писанд.
-Байни дугонаҳо мӯи кӣ аз ҳама дароз буд?
-Мӯи ман албатта.
-Қариб ҳамаи ҳунарманд –бонувони синамои ҳинд мӯи ғафсу сиёҳу дароз доранд. Мӯи худашон аст ё пайвандӣ?
¬-Ҳам ину ҳам он.
-Ба назаратон тӯли ин панҷ соли таҳсил дар хориҷи кишвар кӣ бештар ранҷ бурд: шумо ё модаратон?
-Ёд дорам, ҳангоми ба миён омадани масъалаи таҳсили ман дар Ҳиндустон модарамро ваҳм фаро гирифта буду ҳамеша дар андешаи он буданд, ки чи гуна мани хурдакак ба ҷойҳои бегона мераваму мустақилона таҳсилу зиндагӣ мекунам. Чун бори нахуст ба дидорбиниам рафтанду ҳама чизро бо чашмони худ диданд, дилпур шуданд, бовар карданд.
-Муваффақияти худро дар Ҳиндустон дар чӣ мебинед: донистани забон, дилёбӣ, созгор ва мутобиқгардӣ дар ҳолатҳои саҳлу душвор, дониш, маданияти баланди худ?
-Шукри Худованд мекунам, ки дар оилаи одамони нек ҳаст шудаам. Дағал нестам, ба ҳама муносибати хуби якхела дорам. Муваффақиятам шояд дар ҳамин аст. Дар Ҳиндустон маро «забонширин» ном мебурданд.
-Ба муҳаббати ҷавони ҳинду чӣ посух гардонидед? Ё чунин ҳолат нашуда буд?
-Шудааст ва на як бор. Азбаски ман зиёд ҷиддиям ва ба самти дигар рафтани сӯҳбатро ҳис карда, ҷавоби қотеъ мегардонидам, ҷавонон дубора ҷуръати гаппаронӣ намекарданд.
-То ҳол муҳаббати касеро напазируфтед?
-Не, то ҳанӯз муҳаббати касе дар дилам роҳ наёфтааст.
-Шумо дар як рекламаи машҳури Ҳиндустон ширкат доштед. Чи гуна ба он роҳ ёфтед ва мазмунаш чӣ буд?
-Ин рекламаи нисбатан сиёсӣ чигунагии муносибатҳои байни Ҳиндустону Тоҷикистонро дар бар мегирифт. Яъне, муносибатҳои байни ин ду кишвар чӣ гуна буда метавонад. Ман нақши мусулмондухтари кашмириро, ки дар сар рӯймоли кашмирӣ дорад, иҷро кардам.
-Чӣ шуд, ки маҳз шуморо даъват карданд?
-То ин нақш маро дар якчанд ролик даъват карда буданд. Азбаски дар курси охирин таҳсил мекардам, вақти бениҳоят кам дошаму даъватҳоро рад мекардам. Ин ҷое, ки рафтам компанияи боқувват буд. Дар кастинг 56 нафар аз якчанд шаҳри мусулмонӣ ширкат варзиданд, вале танҳо ман интихоб шудам. Ин бароям ифтихор аст.
-Маблағаш калон будагист?
-Барои харҷи худам кифоя буд.
-Тариқи шабакаи телевизионии «Баҳористон» озмуни ҳунармандони наврас намоиш дода мешавад, ки ҳайати ҳакамонаш ситораҳои синамои ҳинданд. Мехостед дар Тоҷикистон чунин мактабе ташкил карда бошед, ки наврасакон рақсҳои волои ҳиндиро омӯзанд?
-Чунин кастингҳоро ҳар ҳафта тамошо мекардам ва ҳатто барои хондани вокал таклиф ҳам шуда будам. Пурра ба донишомӯзӣ, ки машғул будам дар кастингҳои зиёд иштирок карда наметавонистам. Санъаткори асил онест, ки омӯзаду омӯзонад. Зиёд мехоҳам, мактаби худро таъсис дода, ба шогирдони хурдсолам рақси классикии ҳиндӣ, рақсҳои тоҷикӣ ва вокалро омӯзонам.
-Хайр, донишгоҳро хатм карда баргаштед. Бо ҳамин «Хайр Ҳиндустон» мегӯед?
-Ҳаргиз! Қабл аз бозгашт мехостам бо ситораи ҳунар Митхун Чакраборти вохӯрам. Мутаассифона, вақт даст надод: ҳам ба ману ҳам ба он шахс. Устодам Манҷид Сингх мегуфтанд, ки мисли ман шогирди бовафою ҷиддӣ кам доранд ва бисёр мехоҳанд, ки ман дар ҳамонҷо ба кор фаро гирифта шавам. Аммо ман гуфтам, ки Ватан, азизону пайвандон ва мухлисонамро пазмон шудаам. Баъдан, устодам гуфтанд, ки ман он вақт аз ту розӣ мегардам, ки мактаби худро кушоиву шогирдони худро тарбия намоӣ. Нону намаки ин давлатро хӯрда, нисбаташ беҳурматӣ нахоҳам кард. Устодони зиёд маро дастгирӣ карда, ҳунар омӯзонданд. Ман бо Ҳиндустон ҳеҷ хайрухуш карда наметавонам. Тайёрам ба даъватҳои филмӣ равам.
-Чӣ хеле дар сӯҳбати қаблӣ гуфтед, дар Ҳиндустон, дар консертҳои гурӯҳӣ иштирок кардед. Шудааст, ки консерти худро низ доир карда бошед?
-Ҳамин чиз ба ман муяссар нашуда буд. Соли меомада ба Деҳлӣ рафта консертамро бо забонҳои тоҷикию ҳиндӣ доир хоҳам кард.
-Шуғли беҳтаринатон дар Ҳиндустон чӣ буд?
-Ба варзиш машғул мешудам, ба тамошои кинофилмҳо мерафтам.
-Нозияҷон, расмҳоятонро ду хел мебинам. Бархе бо мӯи дарозу бархе бо мӯи кӯтоҳ. Магар мӯятонро буридед?
-(Механдад). Хоҳед, ки мӯи аслии худамро бинед, 29 ноябр ба консертам биёед.
-Чунин сюрпризҳо чандтоянд?
-Зиёд. Сюрпризҳои аҷоиб, ки танҳо барои мухлисонам тайёр кардаам.
-Консерти доирмешударо чӣ баҳо мегузоред?
-Ин консерт на танҳо консерти ман, инчунин консерти мухлисони падари ман аст.
-Чӣ суруде баҳри шодбошии рӯҳу арвоҳашон омода сохтаед?
-Ин суруди аз қалбу ҷонам сароидаам «Гиряи ҷон» аст, ки консерт ҳам бо ҳамин унвон номгузорӣ шудааст.
-Баъзе мухлисонатон ба ҳафтаномаи «Оила» занг зада мепурсанд: Оё ин консерти охирини Нозия аст? Пас аз ин консерт Нозия ба Деҳлӣ бармегардад?
-Ба ин савол ба мухлисони «Оила»-виам тариқи ҳафтанома баъдтар ҷавоб медиҳам. Мухлисонам ба консертам омада, ҳамон рӯз посух хоҳанд гирифт.
-Муваффақият ёратон бод!
Ҳусния Ҳафизова, Pressa.tj
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3705---l---r.html