11:36:55 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«Шаҳди Истиқлол» дар ёд монданист

«Шаҳди истиқлол» чунин ном дошт маҳфили зебои шеъру таронаи шоираи хушсалиқа ва ширинбаёни тоҷик Махфирати Юсуфӣ, ки дирӯз, 05.05. 2016, дар яке аз толорҳои барҳавои Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Ровии шинохта Бахтовари Бобоҷон ба ин маҳфил бо қироати чанд порча шеъри шоира ҳусни матлаъ бахшид.

Без-имени-11111

Махфирати Юсуфӣ аз ҷумлаи он шоиронест, ки  ашъораш моломол аз тасвири шодиҳову дардҳоест, ки ҳар як  зани тоҷик шириниву талхиҳои онро дар зарфи 25 соли даврони соҳибистиқлолӣ чашидааст. Шоирест, ки дар ашъораш дар баробари васфи Ватани зебо, падару модар, сулҳу ваҳдат, дӯстиву одамгарӣ инчунин ишқи занеро тараннум кардааст, ки  бо вуҷуди  дидани бевафоиҳо аз рӯзгор зиндагониро бо ҳама камиву костиҳояш дӯст медораду ба оянда ба назари нек менигарад. Ва муҳимтар аз ҳама барои ояндаи боз ҳам беҳтар ҷаҳду талош мекунад.  

Без-имени-22222

Ашъореро, ки Махфират дар ин маҳфил барои ҳозирин қироат намуд, ҳама  аз гуфтаҳои боло шаҳодат медоданд. Чун шеърҳояш ифодагари  ғаму шодиҳои дили пурэҳсоси  занҳо  ва умуман инсонҳои заминӣ ҳастанд, онҳоро бархе аз оҳангсозону овозхонҳои маҳбуби кишвар ба оҳанг дароварда месароянд. Дар ин базм Убайдуллоҳи Каромат, Муҳаррама Шарифова, Нигина Амонқулова, Боғигул Саидова, Сарвиноз Юсуфӣ, Наҷмиддин Қаландаров, Далер Хайриддинов ва боз чанд нафари дигар аз овозхонҳои  шинохтаву хушсадои кишвар  таронаҳои бар ашъори Махфират  Юсуфӣ эҷодшударо суруданд.

Без-имени-33333

Махфират Юсуфӣ 9-уми майи соли 1975 дар деҳаи Алмосии ноҳияи Ҳисор дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Хатмкардаи ДМТ, факултаи филология мебошад.

 Феҳристи нопурраи маҷмӯаҳои чопшудаи ӯ:

«Гаҳворабони ғам», 2004, «Ҳадиси тарбияти бузургсол», баргардон аз ҳуруфи форсӣ ба кирилӣ, 2004, «Дардҳои ниҳон», 2005,«Гули ёс»,  2005,«Фоли ҳофиз», баргардон аз ҳуруфи форсӣ ба кириллӣ, 2009, «Гуётар аз садо», 2010, «Печутоби сарнавишт», 2011, «Пайки наврӯз», мураттиб 2012, «Асири зиндагӣ» 2013, «Тозакориҳои истиқлолият»,маҷмӯаи мусоҳибаҳо, 2013

Узви Иттифоқи журналистон (2003), Иттифоқи нависандагон (2012). Аълочии фарҳанги ҶТ (2013).

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi