Таҷлили рӯзи ҷаҳонии китоб
25-уми апрели соли 2016 Сафири ИМА Элизабет Миллард ҳамроҳ бо муовини аввали Вазири маориф ва илмиҶумҳурии ТоҷикистонРаҳматулло Мирбобоев, роҳбарони маҳаллии муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон ба маъракаи тақдими теъдоди зиёди китоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии китоб ҳусни оғоз бахшиданд. Дар рафти чорабинии мазкур Сафир Миллард ва муовини аввали Вазир Мирбобоев ба ғолибони озмуни китобхонӣ, ки миёни мактаббачагон суръат гирифт, ҷоизаҳо супурданд.
Ҳадаф аз ҷашни Рӯзи ҷаҳонии китоб - беҳтар гардонидани дастрасии кӯдакон ба китобҳо ва талқин намудани майлу рағбат ба хонишу маърифат мебошад.Инрӯз яке аз идҳои калонтарини ҷашни китобу хониш маҳсуб ёфта, онро дар беш аз 100 мамолики ҷаҳон таҷлил менамоянд.
Бахшида ба ҷашни Рӯзи китоб, Ҳукумати ИМА тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (ЮСАИД) 212 000донакитобро барои мактаббачагони синфҳоиаз1 то 4ба беш аз 1800 макотиби кишвар тӯҳфа намуд. Чорабинии мазкур марҳилаи якуми тақдими китобҳо мебошад, ки азҷониби Сафорати ИМА дар соли 2016ба макотибикишвар тӯҳфа мегарданд.Ин чорабинӣ дар ду марҳила суръат хоҳад гирифт.
Иёлоти Муттаҳида шарики боэътимоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф мебошад. ЮСАИД бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни интихоб, эҷод ва тавзеъи китобҳо ҳамкории зич дорад. Китобҳои тақдимгардида аз ҷониби Вазорати мазкур қобили қабул дониста шудаанд.
Дар моҳи дигар бастаҳои иборат аз 116 дона китоби мувофиқ ба синну соли кӯдакон ба аксари мактабҳои ҷумҳурӣ дастрас хоҳанд гардид. Дар таҳия ва ороиши бадеии баъзе аз ин китобҳо муаллифон ва рассомони ҷумҳурӣ ҷалб гардида, бо кӯмаки молиявии ЮСАИД ба нашр расиданд. ЮСАИД инчунин давраҳои омӯзиширо барои кормандони китобхонаҳо баргузор менамояд. Дар рафти омӯзиш онҳо аз таҷрибаи пешқадам дар бунёд ва идора намудани китобхонаҳои музднок, ҷалби кӯдакон ба хониш бо истифода аз китобҳои тақдимшуда ва инчунин оид ба гузаронидани семинарҳои сайёри-омӯзишӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ миёни аҳолӣ бархурдор мешаванд.
Лоиҳаи ЮСАИД «Хониши босифат» яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасонест, ки бо кӯмаки мардуми Амрико тариқи ЮСАИД татбиқ мегардад. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико маблағи зиёда аз 1 миллиард доллари ИМА-ро тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона ҷиҳати дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон ҷудо намудааст.
“Рӯзгор”