17:02:57 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Конференсия оиди вазъи Афғонистон

25-уми апрели соли 2016, дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ Конференсияи илмию амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Вазъи сиёсию низомии Афғонистон ва масъалаҳои муносибати Тоҷикистону Афғонистон” баргузор гардид.

1 konfrons-5485454

Бино ба иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронс масъулини Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, идораҳои марбутаи давлатӣ ва сафирону намояндаҳои корпусҳои дипломатӣ иштирок доштанд.

2 konfrons-5485454

Сараввал президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зикр намуд, ки  дар кишвари ба мо ҳамсарҳад Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мутаассифона дар давоми 37 сол нооромии сиёсӣ ҳукмфармост. Масъалаи амният ва оромиву осудагии Афғонистон яке аз масъалаҳои хеле муҳим буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ин масъала бетараф нест.

3 konfrons-5485454

Дар Конференсия Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктор Абдулғафур Орзу қайд намуд, ки дар вазъи ҳалли қазияи сиёсии Афғонистон кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд саҳмгузор бошанд. Бояд иқрор кард, ки агар ҷисман гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” аз ҷониби неруҳои ҳарбии Федератсияи Россия маҳв шуда бошад, аммо идея ва идеалогияи он дар мафкураи баъзе инсонҳо боқӣ мондааст.

Дар Конференсияи байналмилалӣ сардори Раёсати кишварҳои Осиё ва Африкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Ғоибов, мудири Маркази таҳлил ва ояндабинии “Отрытый Мир” (Қазоқистон) Олжас Сулейменов, муовини директори МТС назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Сафолзода, Сардори шуъбаи Ситоди генералии Қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Хуршед Шозедов ва дигарон дар мавзуъҳои гуногуни “Вазъи сиёсию низомии Афғонистон ва масъалаҳои муносибати Тоҷикистону Афғонистон” баромад намуданд.

“Рӯзгор”  



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi