06:42:01 23-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Эзоп ба саҳнаи тоҷик баргашт

Масалҳои пандомезу тарбиятгари Эзопи афсонавӣ инак боз дар саҳнаи театри професионалии тоҷик чун таронахои деринтизор танинадоз гардиданд. Масалҳову ҳикматҳои Эзоп, ки номаш бори аввал дар Юнонзамин дувуним ҳазор сол қабл вирди забонҳо шуда буд ва то ба имрӯз ҳанӯз ҳам аниқ нашудааст, ки чунин шахсияте, дар ҳақиқат, дар ҳаёт вуҷуд дошт ва ё не, бо як таровати дигаре ба мо аз таҷрибаи рӯзгори пурошӯб қисса мекунанд.

ezop-ba-sahna-545464545.jpgСӣ -чил сол муқаддам қиссаҳои ин ғуломи зиштрӯро яке аз нахустинҳо шуда Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди ШӯравӣҲошим Гадо рӯи саҳнаи точик оварда буд. Ин дафъа Нуруллоҳ Абдуллоҳ, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, ҳунарпеша, таҳиягари театру синамо, узви Иттиҳоди Нависандагони Тоҷикистон бар пояи фоҷиаи драматурги бразил Гилерме Фигейредо «Рӯбоҳ ва ангур» намоишномаеро таҳти унвони «Санам ва Ғулом» таҳия ва пешкаши тамошобинони тоҷик кард.

Дар ин намоишнома, ки тақрибан 1 соати 10 дақиқа давом дорад, ҳамагӣ ду нафар нақш мебозанд. Дар нақши Эзоп, ғуломи хунукбашара, вале донишманду доно Нуруллоҳ Абдуллоев ва дар нақши Клея-зани Ксанф, ғуломдори бое, ки Эзопро ҳамчун сарборӣ дар як муомилаи тиҷоратиаш ночор розӣ мешавад бигирад, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Мавлуда Обидова. Клея, ки зани зебоест, аз дидани афти безеби Эзоп бадаш меояд. Вале баъд аз он ки бо Эзоп дар баҳсу мунозира мешавад, ба тадриҷ маҳви донишу хиради ин ғулом шуда, дар охир ба ӯҳатто изҳори муҳаббат менамояд.

Нахустнамоиши «Санам ва Ғулом» рӯзи 04-уми марти 2016 баргузор гардид.

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi