19:52:43 30-уми Ноябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Ноябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Чулпан Ҳаматова: Худойназаров сабки наверо дар синамо кашф кард

Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо мо Чулпан Ҳаматова дар бораи ҳамкориаш бо Бахтиёр Худойназаров дар филми "Падари маҳтобӣ" нақл кард.

chulpan-khamatova-45875656Ҳунарпешае, ки нақши асосиро дар филми маъруфи «Падари маҳтобӣ»-и Бахтиёр Худойназаров дар соли 1999 иҷро кардааст, аз марги коргардон андӯҳгин шуд. Филмсози маъруф рӯзи 21 апрел дар як бемористони шаҳри Берлин дар синни 49-солагӣ баъди бемории тӯлонӣҷон дод.

Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо мо аз шаҳри Маскав Чулпан Ҳаматова дар бораи ҳамкориаш дар ин филм бо коргардоне, ки шӯҳрати ҳамагонӣ дарёфт кардааст, нақл кард.

-Хабари марги Бахтиёр Худойназаровро чӣ гуна қабул кардед?

-Хеле бад, чунки ӯ як дӯсти наздики ман буд. Ман медонистам, ки ӯ бемории сангине дорад. Барои ман ҳоло бо ин бадбахтӣ зиндагӣ кардан хеле сахт аст.

-Дар бораи коратон дар филми «Падари маҳтобӣ» бигӯед, чӣ хел шуд, ки Шуморо барои нақши Мамлакат интихоб кард?

-Филмро дар Тоҷикистон ба навор гирифтем. На ҳамеша кори мо осону ҳамвор буд. Аз он ҷиҳат хуб буд, ки дар ҷараёни як рӯз ҳодисаҳои зиёд рӯй медод ва ҳам дӯстони хеле зиёд пайдо кардем. Ин филм яке аз корҳои хеле муҳими ӯ буд. Кор дар ин филм як давраи хушҳолӣ буд. Вай ҳамеша як инсони ҳунарманд буд.

Вай як афсонагӯе буд ва ҳар қисса дар замири дилаш нафас мекашид.  Дар ҳар як навори филм чунон ҷузъиёти хурду резаи зиёде ҷой дошт, ки паҳнои филмро хеле васеву мазмуни бадеии онро доманадор мекард. Бо як бор дидани филми «Падари маҳтобӣ» дарк кардани маънои он осон нест, чунки эҳтимол на ҳама ҷузъиёте ҷойдоштаи онро бо як чашм дида шавад. Он чи дар саҳнаҳои дуюму сеюму панҷум ҷой дошт, онро бо як бор дидан дар хотир намегирӣ.

-Барои Шумо дарки идеяи филм осон буд?

-Ман дар аввал, то замони шиносшавиам бо Бахтиёр, пешниҳоди бозиро дар ин филм рад кардам. Ба ман сенарияи филм писанд наомад, ман нақши худро дар ин филм намефаҳмидам. Ин як чизи барои ман бегонаву ношинос буд. Баъд мо вохӯрдему вай ба ман идеяи худро шарҳ дод, вай гуфт, ки қаҳрамонҳоро чӣ гуна дидан мехоҳад. Баъди ин аз аввалин лаҳза ман ошиқи ҳунари ӯ шудам, вай як диди хоси худро дошт. Аз ҳамин хотир, ҳар мушкиле, ки дар ҷараёни филмбардорӣ пеш меомад, баосонӣҳалли худро пайдо мекард.

-Баъзе ҳунарпешаҳо мегӯянд, ки Бахтиёр Худойназаров одами якрав буд, дар вақти филмсозӣ созишу муомиларо намедонист.

-На, ман бо ин андеша розӣ нестам. Якравӣ барои як ҳунарманд дар асл хислати хеле муҳим аст. Инро фаҳмида тавонистан лозим аст. Вақте шумо ин касбро интихоб мекунед, бояд ки ин чизҳоро дарк кунед. Шояд баъзеҳо ҳамин шеваи шабеҳи наққошиҳои Шагалро, ки ӯ дошт, қабул карда натавонистанд. Онҳо дигар шуда натавонистанд. Аз ин рӯ, ихтилоф ба вуҷуд меомад.

-Агар ӯ зинда буд, мехостед, ки нақши дигареро дар филми ӯ бибозед?

-Бале, ҳатман мехостам. Агар ӯ зинда мебуд, ман мунтазири чунин як имконияте мешудам.

-Шеваи кори ӯ ба ҳайси коргардон аз даҳҳо коргардони дигар ва ё онҳое, ки Шумо бо онҳо ҳамкорӣ кардаед, бо чӣ фарқ мекард?

-Методи кораш ба ҳангоми наворбардорӣ аз дигарҳо фарқ намекард. Вале бидуни шак, ӯ як забон ё сабки нави худро дар синамо кашф кард. Ман ҳунари ӯро ба наққошиҳои Шагал шабоҳат медиҳам. Вай ҳунару тавони ҳунарпешаҳоро дарк мекард, ҳамеша дақиқ медонист, ки аз кадом актер чӣ гирифтан мехоҳад. Дар сари вай идея хеле зиёд буд. Масалан, ҳамин филми «Падари маҳтобӣ» аз рӯи як хабарчаи хурде дар як нашрия эҷод шуд, ки дар он дар бораи аз ҳавопаймое афтодани як гов қисса мекард. Аз ҳамин як хабарчаи хурде дар натиҷа як филми калоне тавлид шуд.

-Шумо ӯро ёд мекунед?

-Бале, ман як дӯстам, як коргардонеро, ки орзу доштам бо ӯ бори дигар ҳамкорӣ кунам, ёд мекунам. Ба ҳайси як тамошобин ман филмҳои ӯ, забон, ҳаво, таркиби  рангобаранги наворҳояшро ёд мекунам...

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi