07:07:21 18-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Умриддин Нӯшин: «Рӯзе зи хонаи чиҳил умрам убур кард…»

 umriddin-yousufov_5445.jpg

Ёр гуфт: «Ин дил ба ту додам дигар». Гуфтам: «Ба чашм».

«Ин дили ошиқкуши хунинҷигар». Гуфтам: «Ба чашм».

Дил зи ман бурдиву пурсидӣ дилат дилбар набуд?

«Дилбарона дилбари худро бибар». Гуфтам: «Ба чашм».

Гуфт: «К-эй ҷону дилам, болотар аз ҷону дилам»,

«Номи ту бинвиштаям бо хатти зар». Гуфтам: «Ба чашм».

Гуфт: «Ё раб, ишқро андар дилам ташхис кун»,

«То даво бахшӣ ба дарди беасар». Гуфтам: «Ба чашм».

Метапад ин дил бароят, эй азизи нозанин,

«Дил зи тан берун манеҳ то пушти дар». Гуфтам: «Ба чашм».

Гуфт: «Агар хоҳӣ биёбӣ ҳамчу мо бахти сафед»,

«Роҳи сабзи ишқи моро месипар». Гуфтам: «Ба чашм».

Гуфт: «Агар Нӯшин дилашро баҳри мо дорад кабоб»,

«Баъд аз он созам ба оби дида тар». Гуфтам: «Ба чашм».

***

Эй дил, эй дили захмӣ, меваи пушаймонӣ!

В-эй ниҳоди тӯфонӣ, ҳосили пурайшонӣ.

Эй муҳаррики инсон в-эй таҳарруки гетӣ,

Ҷавҳари бақои мо дар муҳити кайҳонӣ.

Ишқро бидуни дил натавон тасаввур кард,

Дар миёни ишқу дил буда аҳду паймоне.

Ишқро тавалло кун, то дили маро пурсад:

«Дарди иштиёқ аст ин ё фироқу ҳайронӣ?»

Ин вазорати қалбам ҷои кори маъшуқ аст,

Роҳи ин вазоратро ту магар намедонӣ?

То диле зи ман бурдӣ дилбару диловезӣ,

Гар диле ба даст орӣ пайрави Сулаймонӣ.

***

Рӯзе зи хонаи чиҳил умрам убур кард,

Як раҳ ба хатти сарнавишти худ мурур кард.

Ниме зи умр босаодат асту бонишот,

Дунё пур аз ҷавониву ҷонам ҳузур кард.

Соқӣ, шароби арғавон чи медиҳӣ даме,

Ишқе даруни синаам, инак зуҳур кард.

Ин ақл, ақли хастаҷон, баҳри гурези худ,

Қонуни ишқро барои дил судур кард.

Дар набзи дил шарораи оташ фитодааст,

Ин ишқ буд, ҳастии одам намур кард.

Одам ба кашфи чашмаи хуршед рафту лек,

Дил майли Каъбаву калисову Забур кард.

***

Гуфтам, ки дигар дил паи ёрон наравад, рафт,

Умрам ба сари кӯчаи ҳиҷрон наравад, рафт.

Лаб васфи хату чеҳраи хубон накунад, кард,

Бар шаҳри шукуфони баҳорон наравад, рафт.

Ин нолаи мармузи дилам мӯяи ҷон аст,

Ҷонам, ба худо, дидаи гирён наравад, рафт.

Аз сидқ бигуфтам ба дили саркаши бебок,

Бишкан-шикани бодагусорон наравад, рафт.

Он қадр тавалло бинамудему бигуфтем,

Зебосанам аз манзили умрон наравад, рафт.

Ӯ рафту дилам кулбаи маҳзуни ҷаҳон шуд,

Хунинҷигар аз синаи бирён наравад, рафт.

Эй ишқ дигарбора биё, бар дили Нӯшин,

Лайлисифати ояти Қуръон наравад, рафт.

***

«Дил меравад зи дастам» бо ҷурми дилрабоӣ,

Умрам ба охир омад дар кӯи бевафоӣ.

Э ёри дилшикаста, тори дилам гусаста,

Қалби маро раҳо кун аз завқи бехудоӣ.

Дар мактаби муҳаббат моро сабақ надоданд:

«Ин расму роҳи ишқ аст, ё ҳасрати ҷудоӣ»?!

Дар кӯчаҳои қисмат савдои умр дидӣ,

Амволи бебаҳоист бозори худнамоӣ.

Як боғи бетабассум, андӯҳи бетараҳҳум,

Фардои бетакаллум маънои бенавоӣ.

Бенакҳат аст имрӯз гулбоғи навҷавонӣ,

Ранги парида дорад симои ошноӣ.

Ҳар мавҷи оби дида сӯзи дубора дорад,

Тӯфони Нӯҳ хезад дар чашми сурмасое.

***

Дилам ҳавои ту дорад, валек фурсат нест,

Ки сар ба пои ту дорад, валек фурсат нест.

Чу дил ба ишқи ту додам сабӯи пурхун шуд,

Ба лаб садои ту дорад: «Валек фурсат нест».

Саре ба сӯҳбати девонагон диҳам барбод,

Ки моҷарои ту дорад, валек фурсат нест.

Ту он дарахти гулӣ, ғунчаи муҳаббатам-

Шакар барои ту дорад, валек фурсат нест.

Шикаста буғзи дилам дар гулӯи ҳайронӣ,

Ки гиряҳои ту дорад: валек фурсат нест.

Ҳанӯз бо ҳама дардам, ки дӯст хоҳам дошт:

«Дилам ҳавои ту дорад, валек фурсат нест».

***

Туро, ки дар шаби қадр офарида Худо,

Ҳамон шабе, ки ба нур баргузида Худо.

Зи хоку хун сириштаст колбуди туро,

Ҷаҳон ба тору пуди ҳунар танида Худо.

Ҳазор ҷилваи сурати замину фазо,

Ба рашҳае зи сунъи қалам кашида Худо.

Бибин шарораи ишқ дар дилат шукуфт,

Фурӯғи оташи меҳрро дамида Худо.

Шукӯҳи илми яқин туӣ ба ҳикмати роз,

Дари хизонаи ғайбро падида Худо.

Тамоми умри худ зикри номи Ӯй гуфтам,

Ба хонаи дили ман биёрамида Худо.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi