07:06:50 18-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Гулрухсор: «Сухан лаҳзаро ҷовидона месозад…»

Шоири Халқии Тоҷикистон устод Гулрухсори Сафӣ зодрӯз доранд. Шоири маҳбубро бо ҷашни мавлудашон табрик гуфта барояшон тани сиҳату бахту саодат, рӯзгори хушу комёбӣ дар корҳои эҷодиашон орзумандем. Инак мусоҳибаеро, ки чанде пеш бо ин устоди сухан анҷом дода будем, пешкаши муштариёни арҷманди сомонаи «Рӯзгор» менамоем.

-Замоне, ки устод Гулрухсор вориди саҳнаи адабиёт шуданд, чӣ омилҳое бештар дар ташаккулёбии ӯ ҳамчун  шоир кӯмак карданд?

1-gulrukhsor-21548787-Шаклгирии шахсият аз муҳити хонавода сар мешавад. Муҳити хонаводагии мо муҳити китоб буд, китобе, ки падарам аз ҷое меовард ва то хонда тамом карданаш аз рӯйи китоб сар намебардошт. Гоҳе варақ задани ин китобҳои « зудову зудрав» ба мо фарзандон ҳам насиб мегашт. Мо низ дар ҷевони хона чанд китоб доштем, ки гоҳе ҷойи худро бо майли китобхоне дигар мекарданд, аммо моли хонавода буданд. Девони Ҳофиз, ғазалиёти Саъдӣ ва рубоиёти Умари Хайём. Мегӯянд бобоям, мулло Муҳаммаднабӣ дар замони худ соҳиби мадраса будаст. Ман худашро неву шогирдонашро дида будам. Шогирдонаш ҳар гоҳе, ки мани кӯдакро‚ медиданд, ба эҳтироми набераи устодашон аз ҷой бармехостанд. Бобоям, Худо раҳматаш кунад, деҳқони заминдор буданд. Қисме аз мазори деҳа дар замини пуштаи бобоям ҷойгир шудааст.

- Рӯзи ба мактаб рафтанатонро ёд доред?

Равшан он рӯз дар хотирам нест. Хеле хурд будам. Аммо то ба мактаб рафтан машқи хатнависиро  дар деворҳои деҳаи Яхч бо лахча оғоз карда будам. Андаке бештар аз панҷ сол доштам, ки аз пайи апаи ҳафтсолаам Мастона  ба мактаб рафтам. Мегӯянд дар мактаб хуб мехондам, аммо хеле беқарору ба қавли муаллими аввалинам Тошӣ Вафо «саркалапо» будам.

Борҳо хостанд маро то расидани синнам аз хондан дур кунанд, аммо бо шарофати падарам муваффақ нашуданд, зеро муаллимам дӯсти падарам буд.

Дигар ин ки муаллими аввалинам як пояшро дар майдони ҷанг монда буду ман бо ду пойи оҳувона хеле даванд будам. Мактабу дарсхониро ихтиёрӣ қабул доштам Мехостам ба дарс меомадам, намехостам касе ба дари мактаб маҷбур бурда наметавонист.

Дар ҷамъбасти соли хониш аз рӯйи баҳоҳои хубам маро ба синфи дуввум гузаронданд. Вақти дар мактаби ибтидоии деҳа хондан ҳамеша аз дарс мегурехтам, барои аз бар кардани дарси кабку андалебу гулу гиёҳу кӯҳсору обшор… Бехабар аз он ки рӯзе фаро мерасад, ки аз дарси зиндагӣ ба ҳич куҷо наметавон фирор кард:

         Зиндагӣ дарси саводи мактаби қишлоқ нест

         То аз он бигрехта бар кӯҳ гулчинӣ равам!

Муаллими аввалини ман, ҳамон Тошӣ Вафое, ки баъдан дар шеърҳои шогирдонаи ман ҷоҳу мақоми аввалин дошт, аз савод дида бештар таҷрубаи саводомӯзиро касб карда буд:

Устоди аввалини ман дами пирии худ,

Бар мудирии чунин анбор худ розӣ шудаст!

 («Мактаби қишлоқ»)

- Солҳои ҳаштодуми қарни гузашта дар деҳаи худ Яхч шумо китобхонаи калоне сохта бо ҳазорон нусха китоб барои хонандагон ҳадия кардед, алъон ин китобхона дар чӣ ҳол аст?

- Китобхонаи Яхч, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хеле хароб шуда буд, ҳоло обод аст ва аз пештара бештар бо адабиётҳои зарурӣ муҷаҳҳаз шудааст.

Дар омади гап бояд гуфт, ки тафаккур ва андешаи шахсият бидуни китоб ба ҷое намерасад. Яке аз сабабҳои асосии дар деҳаи Яхч ҳанӯз дар даврони Шуравӣ аз ҷониби ман бунёд кардани чунин як махзани сухан ишқи ман ба китобу китобхонӣ буд, ки дар овони кӯдакӣ шакл гирифта буд.

Хонданро агар аз муаллими аввалинам ёд гирифта бошам, ишқи китобро дар дили ман падарам Сафии Набӣ ҷо кардааст. Ӯ на шоир буду на нависанда, аммо дар сухандониву суханшиносӣ камтар касеро медонам, ки ба падари ман баробар бошад. Кам гап мезад, аммо ками пурмаънӣ. Маълум аст, ки дар рӯйи санг донае сабз намешавад.

Шаҷараи аҷдодии мо аз ҳунару сухан сабз будааст. Яке аз холаҳоям бо номи Нигина шеър мегуфтааст, шеъри хуб. Бадбахтона ӯро ба марди нодилхоҳе барвақт ба шавҳар медиҳанд ва ин гули ноёб ҷавон оламро бо ихтиёри худ тарк мекунад. Шояд муҳимтарин сухане , ки ман дар шеър кӯшиши гуфтанашро дораму муваффақ нашудаам, давоми шеърҳои нагуфтаи Нигинаи тармарг бошад.

- Аз кӯдакии хеш чӣ хотираҳои хотирмон доред?

Аз айёми кӯдакӣ хотираҳои зебову зишт зиёд дорам. Ғамгинтарин ёде, ки то имрӯз диламро мехарошад,маҳзунтарин хотираи кӯдакиям дар пеши чашмам ҷон додани модари ҷавону нозанинам буд. То кунун манзараи бурдани тобути модарам дар сари китфи мардон ва алвонҷхӯрдани хӯшаҳои рӯймоли ғиҷими шаҳтутирангаш аз ёдам намеравад. То ҳол онҳоеро, ки модарамро бурданду маро бо ӯ ба хок насупориданд, гӯиё набахшидаам.

Аз хотираҳои зебои кӯдакиям, ки шояд аз он нишонае аз ишқи ватанпарварии маро метавон шинохт, ҳангоми сафари нахустини нимсоатаам аз хонаи падар ба остонаи беморхона зоҳир шуд.

Бемор шудаму маро аз деҳа ба беморхонаи маркази ноҳия фиристоданд. Ҳаво торик мешуд, моҳи пурра ману падарамро ҳамроҳӣ мекард. Нахуст бартарии деҳаро аз ноҳия дар муқоисаи ду маҳтоб дарёфтам. Аз ин тарафи Сурхоб маҳтоби Комсомолобод аз маҳтоби Яхч ба назарам хурду тира намуд. Он вақт аз ин муқоисаи ватанхоҳонаи духтараш падарам аз духтурон бештар хандида буд.

- Шояд гуфтаи пурифтихори Шумо «насли қишлоқии шаҳрофар» аз он хотираи зебои бачагона сарчашма дорад?

- Шояд! Инсонро наметавон ба дирӯзу фардо ҷудо кард! Одам маҷмӯаи ёдҳову хотираҳост. Ману наслам низ аз ин ҷода берун нестем. Алҳақ «насли қишлоқии шаҳрофар» аст насли ман. Мо аз қишлоқҳои хурду бузурги кӯҳиву даштии худ ба қишлоқи калонтаре омадем ва ин қишлоқро-Душанбеи он вақтро, бо орзуву ормонҳои худ сохтем.

-Шумо ба ин андешае, ки сахтгирии устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мӯъмин Қаноат дар ташаккули шахсияти шумо ҳамчун шоири маъруфи миллат нақши созанда бозидааст, чи назар доред?

-Ман ҷонибдорӣ сахтгирӣ ва дастгирӣ дар адабиёт нестам. Зеро ҳарчанд талош варзӣ ҳам чун истеъдод надошта бошӣ, касе туро аз роҳи тарбия шоир, наққош, ромишгар, ҳатто тарроҳи олиҳунар карда наметавонад. Истеъдод табиӣ, яъне модарзод аст. Аз булбул қурбоқа, аз қурбоқа булбул наметавон сохт.

Дар ин боб аз таҷрубаҳои зиёди хеш мисолҳои фаровон дорам, якеро, ки хеле мехост шоир бошаду дар сафи аҳли адаб пеши рӯ дорам. Ба хотири ширинзабониву «боодобияш» хеле кумак кардем, ки ба орзуи дил бирасад. Яке аз шиносҳоямро мисол меорам. Ба хотири дӯстамон «шеър»-ҳои аз ҳама дафтару китобҳои хондааш рабудаи бевазну қофияаашро рангу ҳол дода, суханҳои бемантиқу бемаънии каҷи ӯро дуруст менамудем. Китоби аввалинаш ҳам чоп шуд! Дар даврони мо шоир шудану маъруф шудан азбаски ба ҳунару истеъдод вобаста нест, ӯ ҳам дере нагузашта сафорои суханварон шуд. Боре он чӣ дар дил дошт ба забон овард:

- Дар ҳукумат ба ман мегӯянд, ки мо туро кайҳо, сад бор вазир мекардем, агар алоқаатро аз Гулрухсор мекандӣ.

 Суханонашро шухӣ пиндошта гуфтам:

- Беҳуда розӣ нашудӣ! Нобуди Гулрухсор! Туро вазири ҳавопаймо мекарданд? Беҳуда розӣ нашудӣ, мо вазири хуби нақлиёт, хосса вазири ҳавопаймо надорем!..

Ӯ ки барои то кунун вазири сохтмон ё ҳавопаймо таъин нашуданашро сахт аз мавҷудияти ман медидааст, паст нафаромада гуфт:

- Ман бист сол аст, ки ин гапҳоро мешунавам!

Мақсад аз овардани ин сӯҳбати хандаовари таҳқиромез он аст, ки касе, ки  ҳар суханашро, ҳатто сухани аз дигарон рабудаашро низ мехоҳад ба савдо бигузораду аз ҳунари буда ва ё набудааш, ба ҷойи ташаккурӣ аз офаридгор тамаъу манфиатро пеши рӯ дошта бошад, зинҳор ба ҷое нахоҳад расид. Кӯшиши аз ин ҷумла шоир сохтан ҳамеша барҳадар хоҳад рафт:

Дар ҷамъияти мисли худат беҳунарон,

Истора шудӣ, валек шоир нашудӣ.

Истеъдодро дастгирӣ кардан кам аст, ба истеъдоди модарзод бовар кардан даркор. нест. Устодони сахтгиру меҳрубон ба мо бовар карданд. Устодони мо Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода ва Мӯъмин Қаноат ба мо бовар карданду мо ба худ.

Мешунидему мешунавем нолаҳои хандаовари баъзе ба ном суханварони замонро. «Гулрухсор намемонад, ки мо пеш биравем. Роҳи моро аз чаҳор тараф бастааст». Чандин сол бо амри сарнавишт ман аз Ватан ва  ин ҷумлаи нобиға дур будам, аммо тулӯъи ягон ситораи нав чашмҳои интизорро хира накард.

Вақте ки одам ҳунар надорад ҳазору як баҳонаро барои пинҳон доштани беҳунарии худаш мисол меорад. Ҳунар ва истеъдодро касе ба касе, ҳатто волидайн ба фарзандон  бахшида наметавонад. Бояд, ки истеъдод бошад. Яъне чашма бояд вуҷуд дошта бошад. Вақте ки чашма вуҷуд дорад барои ба уқёнусҳо расиданаш ба он маҷро лозим аст. Дар масири ин маҷро мушкилоти зиёдеро метавонад таҳаммул кунад, вале чун истеъдод қавӣ ҳаст, ӯ ҳадафмандона пеш меравад. Бо такрор мегӯям, ки ман аз устодонам барои он ки ба мани ҳанӯз навраси навқалам сидқан бовар карданд, сипосгузорам. Мушкил буд, ки мо ба худамон бовар кунем.

- Назари Шумо ба нақши адиб дар ҷамъият ва ширкати аҳли адаб дар сиёсат чӣ гуна аст?

- Адиб ҳолноманависи давру замон ва меҳану миллати худ аст. Адибони бузург дар таърихи тамаддуни башар маҳз бо ширкати фаъолонаи худ нақши гиро гузоштаанд. Агар ҳаким Абулқосими Фирдавӣ дар олами сиёсат шахси бетарафу беҳадаф мебуд магар ба вуҷуд омадани шоҳасаре амсоли « ШОҲНОМА» имкон дошт? Зинҳор!

Адиб бояд пеш аз ҳама шахсият бошад. Шахсияте, ки ҳифзи шаъну шарафи инсон барояш камтар аз корҳои муҳими давлатӣ набошад. Шахсияте, ки на танҳо озори инсонро на ба худ на ба дигарон, балки озори мӯри роҳро ба ҳич кас иҷоза надиҳад.

Оне, ки бедардона мӯри раҳро зери по карда мегузарад, зери кафши худ пахш кардани инсон низ барояш заҳмат нест.

Марсияи дар сари мӯрчаи дар роҳ  нохост пахш кардаамро аз он дар ҳич маҳфил намехонам, ки метарсам, механданд:

Маро ҳам мекушад дунё зи тире ё зи тазвире,    

Бародар, дор маъзурам, барои кӯрии дида.

Аммо худ ба бародарам мӯрча не, ба хоҳарам ҷайра бештар наздикам. Одам мӯрча ё ҷайра таваллуд намешавад! Одамро замону одамон симои дигар мебахшанд.

Худ низ дар овони бачагиву наврасиям мисли гуле будам, ки ба рӯи ҳама оламу одам сода табассум мекардам. Мисли гуле, ки ба рӯйи ҷоҳилу қотил, зишту зебо.., якранг механдад. Одамро зиндагӣ, балки  таҷрубаи дар таги чарх бо ҳама сахтиву азоб зистан дигар мекунад.

Қисмати ҷайраву ман дар тайи ин чарх як аст.

Ҳарду бо сӯзани худ ҳастии худ ҳифз кунем,

Дам ба дам мори ҳалокат ба сари мо бирасад.

Дам ба дам хори ҳимоятгари худ тез кунем.

Ҷайраро хоҳари худ гуфтаму хушнуд шудам.

- Асолати суханварро шумо дар чӣ мебинед?

- Асолати сухан дар офаридани сухан аст, дар офариниши сухане, ки пеш вуҷуд надоштааст. Сухан аст, ки лаҳзаро ба ҷовидон пайванд месозад. Сухан эъҷоз аст! Ва ман ба ин эъҷоз чун ба ҳадияи Офаридгор арҷ мегузорам. Аз саросари дунё суханони нобу ҷолиби шунидаамро, хосса мақолу масалҳоро дар дафтари хотираи хотирам сабт мекунам.

Ҳар як сухани ноберо, ки мешунаваму гӯяндаи онро ҳатто намешиносам, барои ман устод аст. Боре дар Турбати Ҷоми Эрон вақти барои китоби « Зан ва Ҷанг» мавод гирд овардан аз як зани раҳгузари гурезаи афғон сухани ҷолибе шунидам: «Шаҳидонро ба хок не, ба хотира бояд супурд». Вақти навиштани китоби «Зан ва Ҷанг» ин мақоли олиро меҳвари асари ғамгини хеш қарор додам. Ё ҳангоми дар Аврупо буданам шунидам, ки мардум мегӯянд «ҳавои хунук вуҷуд надорад, либоси тунук вуҷуд дорад». Яъне табиатро гунаҳкор кардан даркор нест. Фасли зимистон бояд ки хунук бошад. Ӯ бо роҳи худаш меояд. Ин вазифаи инсонҳост, ки худро аз хунукӣ ҳифз кунанд. Вақте, ки ин гуна ҷумлаҳои маънидорро мешунавам Худоро шукр мегӯям, ки ба ман чӣ гуна меҳрубон аст. Меҳрубон на танҳо барои он аст, ки ба ман ақл додаасту худамро соҳибӣ мекунам, балки боз барои он меҳрубон аст, ки  қобилияти дарки афкори хуби дигаронро низ ба ман додааст. Мегӯянд ҷазои сахттарин барои инсон ҳамон вақт аст, ки Парвардигор ақлашро бигирад.

Барои ҳамин суханҳои фалониро фалонӣ дастгирӣ накарду дар фалон замон набуду ва ғайра инҳо гапҳои беҳудаанд. Мисли ҳамон гапе ҳаст, ки Гулрухсор намонд, ки дар замони шӯравӣ Роғунро бисозанд. Як гапи хандаовар. Аз он замон 20 сол гузашт. Ман барвақт иҷозат додам, созед! Чаро насохтед?

-Устод Гулрухсор як муддат дар яке аз рӯзномаҳои бонуфузи кишвар барои бачаҳо, рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» сармуҳаррир буданд. Фаъолият дар ин симмат барои ташаккулёбии устод Гулрухсор ҳамчун шоир ва нависанда чи таъсире дар пай дошт? Дар он даврае, ки устод Гулрухсор сарварии ин нашрияро ба ӯҳда доштанд, он чӣ гуна рисолати хешро ба ҷо меовард? Чӣ хизматеро барои миллат анҷом додааст?

-Чун  барвақт ба мактаб рафта будам, Донишгоҳро низ чанд сол пештар хатм кардам. Устод Турсунзода, ки ҳамеша дар ҷараёни таҳсилу эҷоди ман буданд, баъди хатми Донишгоҳ маро ба наздашон даъват карда барномаи минбаъдаи кору эдодиётамро пурсон шуданд.

Устод нияти минбаъд ба ноҳия бар гаштану дар деҳаи худ муаллим шуданамро шуниданд, табассумкунон устод Боқӣ Раҳимзодаро ба кумак хонданд:

-Кӣ ба шумо иҷозат медиҳад, ки ба деҳа равед? Шумо барои мо доругиед, доругии боду ҳавои Қаротегин!

- Ҳамин қадар кӯҳу дарраву дарёро гузашта аз деҳаи Яхч ба шаҳр омаданатон худаш ҳазору як қисса аст, ки онро худатон бояд нависед!- каф ба ҳам зада лутф карданд устод Раҳимзода.

- Шумо дар шаҳр ба мо даркоред! Аз пайи шумо ҳазорон духтарони кӯҳистон майли хондан мекунанд, гуфтанд устод Турсунзода ва боз пурсиданд:

 -Бо кадом рӯзнома бештар ҳамкорӣ доштед?

-Бо рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», асосан, гуфтам дигар рӯзномаҳоро номбар накарда.

- Пас, ҳамон ҷо як муддат кор кунед, тавсия доданд устод ва ҳамзамон гӯширо бардоштаву ба куҷое занг заданд. Тӯли шаш моҳ дар ин рӯзнома, ки барои ҷавонони он вақта ойинаи зиндагинамо буду минбари истеъдодҳои ҷавон, бо майл ба ҳайси хабарнигор кор кардам. Монеаҳои зиёдеро дар ин муддат паси сар кардам. Хусусан, муҳаррири он намедонам бо кадом сабаб нисбати ман беҳад беадолату сахтгир буд.

Аз ҳад зиёд беадолатиро дар кор раво медид. Кор ба ҷое расид, ки дар иди Рӯзи байналмилалии занон 8-уми март маро, ки ягона бонуи рӯзноманигор будам, навбатдор таъин карданд ва ман тамоми шаб мижа таҳ накарда рӯзнома хондаам.

Вале ман тоқат мекардам. Баъдтар маро ба вазифаи мудири сектори фарҳанг ва кор бо ҷавонони Кумитаи Маркази ЛКСМ Тоҷикистон таъин карданд. Корам хуб буд. Бо эҷодкорҳои зиёде сару кор доштам. Дар ин вазифа як сол кор накарда ба вазифаи муҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» пешбарӣ шудам. Он вақт пеш аз он ки ба ин вазифа таъйин шавед қаблан бояд дар Маскав аз сӯҳбати масъули матбуотии Кумитаи Марказии КПСС мегузаштед. Дар Маскав вақте, ки барои сӯҳбат вориди утоқи кории Андрей Дементьев, собиқ сармуҳаррири маҷаллаи «Юность» шудам, ӯ ба ман нигоҳкунон нишӯхиву нимҷиддӣ гуфт:

-Оё дар Тоҷикистон пионеронро ба вазифаи муҳаррирӣ пешбарӣ менамоянд?

 Ӯ барои сӯҳбат бо ман ҳамагӣ ним соат вақт ҷудо карда буд. Аммо ҳамин ки сӯҳбат оғоз шуд дигар беш аз ду соат гуфтугӯ кард. Инро Дементев дар маҷлиси эҷодиям, бахшида ба сиву панҷсолагии ман, ки дар қасри Октябри Маскав, баргузор гардид, ва ӯ раиси маҳфил буд,  ҳикоят кард.

- Нақши адабиётро шумо дар чӣ мебинед?

Адабиёт, ки аз вожаи адаб аст, дар тарбияи инсон дар ҳама давру замонҳо нақши калидӣ дорад,

Вожаи адибу шоир ва нависандаро арзону осон набояд шинохт. Он сон, ки алъон гирифта истодаанд. Шоир шудану шоир будан бо хости як нафару ҳазорон имкон надорад. Шоирро, ровии дарду шодияшро мардум худ интихоб мекунад. Адабиёт бозор на, гулзорест, ки ҳар кас дар он бояд гули дилхоҳи худро пайдо кунад. Аз ин рӯ дар адабиёт сабкҳои зиёд вуҷуд дорад.

На танҳо дар адабиёти мо, балки дар адабиёти тамоми ҷаҳон мардум ба дарси адаб ниёз доранд. Дар адабиёт, дар ин ойина мехоҳад худро бубинад ва умри фонияшро тӯл бидиҳад. Ман аз ягон ҳукумат, аз ягон давру замон, аз ягон кас, ягон чиз хоҳиш надорам, тамаъ надорам. Адабиёт, хосса шеър, хосса шоир  он қадар зуҳури содае нест, ки мо онро ба гурӯҳ, ба як қабила ё ба як ҷинс марбут бидонем.

Адабиёт худ аз вожаи адаб аст. Адаб ҳама ҳастиро муайян мекунад. Адиб, аккосеро мемонад, ки сурати гулро мегирад, фардо гул пажмурда мешавад, аммо ин гуле, ки аккос гирифтааст, ҷовидон боқӣ мемонад.

- Бо ашъори устод Гулрухсор дар даврони то истиқлолият ошиқону дилбохтагон бо якдигар изҳори муҳаббат мекарданд, дар номаҳои ишқии худ онҳоро васеъ истифода мебурданд. Барои тақвияти фикр ва андешаи гуфташуда дар суханрониҳо аз шеъри Гулрухсор мисол овардан мӯд шуда буд. Гулрухсор яке аз шоирони дӯстдоштататрини овозхонҳои тамоми ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. Қариб ҳама овозхонҳо бесаброна нашри ашъори тозаи ӯро интизорӣ мекашиданд, то ба онҳо либоси оҳанг бипӯшонанду пешкаши мухлисонашон бикунанд.

2-gulrukhsor-21548787- Барои чӣ аз замони гузашта бо ман сӯҳбат мекунед? Имрӯз ҳам чизе дар ин боб дигар нашудааст. «Таронаи Истиқлол», ки имрӯз вирди забони хурду бузурги кишвар аст ва ба он Зикруллоҳ Ҳакимов оҳанг эҷод кардаву хеле ҳунармандона мехонад, таронаи нав аст. Ба ин монанд метавон чандин мисол дигар овард.

- Худи Гулрухсор ҳам гоҳ-гоҳе суруд мехонд.

-Чаро гоҳ-гоҳе? Ман ҳама вақт суруд мехондам ва мехонам. Дар адабиёт, махсусан дар шеъри мо ҳамаи бузургони адабиёт , аз устод Рӯдакӣ сар карда то Мавлоноу пасомадагон ҳама аҳли мусиқӣ, аҳли шавқ буданд. Бо мусиқӣ сӯҳбат мекарданд, ба сухан ҷон медоданд.

Мегӯянд устод Рӯдакӣ чандин асбоби мусиқиро ихтироъ кардааст. Асбоби удро ихтирои устод Рӯдакӣ медонанд.

Ё бигирем рақси самоъи Мавлоноро. Самоъи Мавлоно дар зери оҳанг набуд. Самоъи Мавлоно замони шеър гуфтанаш сурат мегирифт. Зеро шеъри ӯ аз оғоз оҳанг дошт.

Дар вақти гуфтани шеъри ҳазорсолаи мо аввал оҳанги вазни шеър пайдо мешавад, баъд сухан дар ин қолаб ҷон мегираду шеър мешавад.

Имрӯз ҳам ин анъана дар бисёр кишварҳо вуҷуд дорад. Инро ман дар маҳфили ёдбуди устод Файз Аҳмади Файз дар Лоҳури Покистон шоҳид будам. Ҳар шоир, хоҳ пир, хоҳ ҷавон, ҳини шеърхонӣ, онро бо оҳанг мехонд. Ман мусиқии обшору шаршараву чашмаҳои Яхчро ҳамеша бо худам дорам. Ҳамон мусиқии табиати зодгоҳам мусиқии шеъри маро эҷод кардааст.

- Барои тақвияти суханатон мисоле меовардед.

- Аз китоби нави худ «Дигар ишқ», намунаеро меорам, ки бо оҳанги худ эҷод шудааст:

Зи гардун расида зи гардун,

Ду ошиқ, ду кайҳон ду гардун.

Вазни ин шеър бидуни ихтиёр оҳанги дафи занони деҳотӣ «Гиждов дов, гиждов дов»-ро ба хотирам меорад:

Дигар ишқ, дигар ном, дигар сӯ,

Дигар шавқ, дигар соз, дигар ҷӯ.

Дигар ҳузн, дигар ғам, дигар оҳ,

Дигар рашк, дигар ашк, дигар шӯ.

Ин оҳангест, ки худи шеър онро эҷод кардааст. Аслан ин оҳанги вазни шеърҳои инқилобист. Магар ишқ инқилоб нест? Бузургтарин инқилоби ҷаҳон инқилоби ишқ аст.

Онҳое, ки мусиқиро намефаҳманд ё қабул надоранд, дар эҷоди шеър ҳам нокоманд.

Мусиқӣ дар шеър, хосса дар шеъри форсӣ, ҷони сухан аст. Гоҳе оҳанг низ эҷод мекунам. Баъзе оҳангҳоямро овозхонҳо хондаанд. Суруди « Эй мард, эй дард», ки шеъру оҳангашро бо ҳам эҷод кардам ва онро Парвин Юсуфӣ хеле ҳунармандона мехонад, борҳо унвони суруди солро гирифтааст.

Моҳрухсор низ чанд суруди эҷодкардаамро мехонад.

Бояд бигӯям, ки қабл аз ҳамин ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар озмуни суруди миллӣ эълон шуда буд, озмуни гимни давлати соҳибистиқлол. Дар ҳамин озмун шеър ва оҳанги банда, ки аз сӯи марҳум Талабшоҳ Сатторов, такмил шуда буд, ҷои аввалро гирифт. Вале ҷанги шаҳрвандӣ имкон надод, ки натиҷагирии озмун эълон шавад.  Ин баъд оҳанги Юдаковро гирифтанду гимн карданд. Ҳоло дар як навор ин чиз маҳфуз аст. Ҳамон вақт пеш аз он ки шеъру оҳанги эҷодкардаамро ба озмун пешниҳод кунам ман чӣ кор кардам? Рафтам аввал дар назди ҷавонон онро хондам. Дидам ки ашк аз чашмонашон ҷорӣ шуд. Баъд рафтам ба занҳо онро хондам. Онҳо низ ашк дар чашм ин сурудро шуниданд.

Замини нозанини мо, туӣ Ватан, туӣ Ватан,

Умеди охирини мо туӣ Ватан, туӣ Ватан.

Шеъри «Ҳадяи яздон, биҳишти мо Ватан», ки ном бурдем, ягон ҷои гиря надорад. Лекин ҳар вақте, ки Зикруллоҳ онро мехонад, мардум гиря мекунанд. Яъне ҳузни ҷовидонаи мо дар шеърҳои инқилобии мо низ эҳсос мешавад…

Боре бо як сафари эҷодӣ ба Тошканд рафтам. Бо дӯстони шоирам ба тамошои бозор баромадем. Дар ҳама дӯконҳои наворфурӯшӣ суруди «Гулдаста»-и ман, ки он вақт хеле сари забонҳо буд, баланд садо медод. Ба ҳар гӯшаи бозор, ки мерафтем, ин суруд садо медод. Худи рафиқам низ паст-пастак ҳамин сурудро замзама мекард. Ранҷида ба ӯ гуфтам:

-Чӣ маро масхара мекунед?

-Чӣ шудааст?- пурсид дӯстам.

-Охир, «Гулдаста» суруди ман аст. Махсус барои ман ин сурудро дар чаҳор тарафи бозор мондаед? Боз худатон ҳам замзама мекунед?

- Ин суруд имрӯзҳо дар сар то сари Ӯзбекистон машҳур аст. Онро хурду калон ҳама дӯст медорад.

Ман намедонистам, ки ин суруди шумост! Чӣ бахте! Шеъраш азони шумо ҳаст? Дар як лаҳза ин хабар дар бозор паҳн шуд.

Шеърҳои ба забони русӣ навиштаамро оҳангсозони русзабон ба оҳанг даровардаанд. Евгений Докаин оҳангсози маъруфи ҷаҳонӣ, ки мусиқии филми ҳунарии «Табор уходит в небо»-ро сохтааст,дар шаби эҷодиам дар Маскав чанд суруди худро ба ҳозирон пешкаш кард.

-Шумо ба забони русӣ ҳам шеър менависед ё гап дар бораи шеърҳои ба забони русӣ тарҷумашудаатон меравад?

- Китоби шеърҳои ба забони русӣ навиштаам дар Москва чоп шуд. Китоби дуввум омодаи чоп аст. Қисме аз шеърҳои русиям дар силсилаи «Шедевры мировой литературы» соли гузашта дар Қазоқистон ба нашр расидааст.

-Шумо як замоне дар сиёсат будед. Ман дар назар дорам депутати халқии СССР будед, сиёсати давлатдории ҳукумати собиқ ҷумҳурӣ , раҳбарияти онро ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи худ доштед ва арзёбӣ мекардед…

Бо сиёсатмадороне чун Михаил Горбачев, Борис Елтсин, Анатолий Лукянов ва ғайра сӯҳбату ҳамкорӣ доштед.

- Ман ҳанӯзам дар дили сиёсат қарор дорам, зеро зиндагӣ худ сиёсат асту шоирон ҳамчун зиндагинигорон аҳли сиёсат.

- Сиёсатмадорони он даврон аз кунунӣ ба назар бо хоксории худ фарқ доштанд. Як мисол меорам Анатолий Лукянов, собиқ Раиси Шӯрои Олии СССР, ки худ шоир буд, боре ҳамчун раиси маҷлис аз минбар фаромада ба назди ман омада дар байни панҷсад нафар вакили халқ соядастамро гирифт.

Воқеан депутатшавии ман хеле ҷолиб аст. Дар Тоҷикистон касе маро ба депутатӣ пешниҳод накардааст. Ман дар ин ҷо ҳатто депутати совети қишлоқ набудам. Номзадии маро ба депутатии Совети Олии СССР аз тарафи Бунёди фарҳанги шӯравӣ, ки академик Лихачёв раҳбараш буд, пешниҳод карданд. Дар интихобот аз ҳамин округ панҷ нафар рақиби бисёр пурқувват доштам, ки дар байнашон рассоми машҳур Иля Глазунов, раиси Иттифоқи Нависандагони шаҳри Масква, шоира Рима Казакова, Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, овозхон Людмила Зикина ва дигарон буданд. Хулоса дар интихобот пирӯз шудани як духтараки деҳотии тоҷик дар замонаш як сенсатсияи гушношунид буд.

-Пас дар ин симмат корҳои муфидеро барои рушди фарҳанги тоҷик анҷом додед?

- Маҷаллаи «Фарҳанг»-ро таъсис додам. Ҳайати эҷодии маҷалла 50 долларӣ маош мегирифтанд. Ин маҷалла ду сол ба миллат хизмат кард.

Вақте, ки мо дар саҳнаҳо шеър мехондему аз демократия ҳарф мезадем, ҳамсояҳо хоб буданд. Агар демократияи бадеӣ, адабӣ, шоиронаи моро саркӯб намекарданд, агар силоҳдорон намеомаданду ҷангро эҷод намекарданд, мамлакати мо дар ҷои аввал мебуд. Лекин ман ноумед нестам. Ҳама чиз ҳанӯз дар пеш аст. Давлат, истиқлолият ҳам мисли як кӯдак аст. Вай бояд роҳи то камолот расидани хешро ногузир тай намояд.

- -Устодон Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва Гулрухсорро аз пештозони ҳаракати истиқлолталабиву озодихоҳӣ, ба хусус ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон медонанд. Ба қиммати гароне бошад ҳам ба истиқлолияти давлатӣ расидем, забон ҳам мақоми давлатӣ гирифт. Худо раҳмат кунад устод Лоиқро аз ашъорашон маълум аст, ки ин ҷаҳонро бо сад аламу дарду андӯҳ тарк гуфтаанд. Устод Бозор Собир бошанд дар ғурбат аз мунаққиди сохти давлатдории шӯравӣ ба вассофи он табдил ёфтанд ва ҳазорон бор ибрози пушаймонӣ мекунанд, ки давлатӣ шӯравӣ барҳам хӯрд. Ҳатто аз як қисми осори дар он замон эҷод кардаашон даст кашиданд. Оё дар ботин ва рӯҳияи устод Гулрухсор чунин таҳаввулоте ба вуқӯъ пайвастааст? Баҳои Гулрухсор ба ин таҳаввулоти ҷойдошта дар эҷодиёти ҳамсафонаш чист? Оё Гулрухсор намунаи ашъоре дорад, ки имрӯз аз онҳо даст кашидааст?

- Ман аз ягон шеъри эҷодкардаам даст накашидаам. Ҳатто аз ҳамон шеъре, ки панҷоҳ сол пеш, дар 12 солагиам, бори аввал дар Ғарм, дар байни мардум аз минбар хонда будам, даст накашидам. Вале ин маънои онро надорад, ки ман комиламу хато намекунам. Не, инсон бояд барои суханҳояш ҷавоб гӯяд. Агарчи ин суханҳо хоҳ хуб бошанд, хоҳ бад, хоҳ зебо бошанд, хоҳ зишт. Яъне нагӯяд, ки нагуфтаам. Ё нагӯяд, ки гуфтаам, вале ба хотири фалону фалон гуфтаам. Мо, инсонҳо, дар сайёра ҳафт миллиард шудем. Ва ҳар яке аз ҳамин ҳафт миллиард нафар аз дигар бо нақши дасту қисмати пешониву ғайраву ғайра фарқ мекунад. Ва ҳар чизе, ки инсон мегӯяд, бояд таваҷҷӯҳи инсони дигаррро ҷалб кунад. Мо шоирони давру замони худамон будем. Ин таҳаввулот дар куллӣ шӯравӣ буд.Мо шеърро ба минбар бурдем. Мардум шояд ба шеър иштиёқ надоштанд, вале мехостанд як сухани дилу орзуи худашонро аз мо шунаванд. Мо ҳеҷ нияти раиси ҷумҳур шудан надоштем. Мехостем, ки ҳамин Ватан дар сатҳи кишварҳои дигари пешрафта бошад. Таъриф мекунем, ки Рӯдакӣ дорему Мавлоно дорем. Мехостем дар сатҳи шеърамон дар дигар самтҳои зиндагӣ низ таҳаввулот дошта бошем. Мо ҳамон суханеро гуфтем, ки диламон, хоҳишамон, замонам даъват мекард, ки бигӯем. Аз он ки Иттитиҳоди Шӯравӣ аз байн рафт, афсӯс мехӯрам ё намехӯрам, аз ин чизе дигар намешавад. Ман шоираи машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ будам. Дар ҳамаи кишварҳои дунё толору минбар доштам. Сафарҳоям бе виза буд. Дар ҳамаи кишварҳо хонанда дорам. Чанд сол пеш намояндаи САҲА дар Тоҷикистон бо номи Бухараа аз Руминия гуфт, ки дар ҷумлаи маъруфтарин намояндагони адабиёти Шӯравӣ дар мактабу донишгоҳҳои Аврупо ашъори шуморо низ меомӯхтем. Имрӯз ҳам меомӯзанд. Ин тааҷҷубовар нест. Зеро дар Маскав бештар аз бист китоби ман ба нашр расидааст. Дар аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ на хурсандам, на ғамгин. Дар зиндагӣ ягон чизи ҷовидона нест. Куҷо шуд давлати сосониҳо? Куҷо шуд империяи сомониҳо? Империяҳои Рум, Чин ғайра куҷо шуданд? Ҷаҳон ҳамеша дар ҳаракат аст. Инсон ҳам дар ҳамин таҳаввулоту ҳаракат бузург мешавад. Сохтори шӯравӣ як низоми таҷрибавӣ буд. Сохтори муваққатӣ буд. Маҳз ҳамин қадар вақт метавонист вуҷуд дошта бошад. Аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ қобили пешбинӣ буд. Дар васфи Иттиҳоди Шӯравӣ низ чандон шеъри зиёд надоштам. Як шеър дар бораи Ленин доштам «Асрҳо аз сари мо мегузаранд». Ин шахсияти ҷаҳониву таърихист. Аз ин шеърам даст накашидаам. Дар китобҳои тозанашрам низ  онро ҷой медиҳам. Комсомолро он қадар зиёд дӯст медоштам, ки ҳозир агар комсомолро аз нав ташкил кунанд, аъзо мешавам.

- Мегӯянд январи соли 1996 дар Ашқобод вақте, ки сари мизи гуфтушуниди сулҳи байни тоҷикон «нома ба намояндагони Оппзисиюн ва ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳалли масъалаи Зиндагиву Марги Миллати бузургу дардманди тоҷикро ба ӯҳда гирифтаанд»-и Шуморо мехонданд, дар дидаи бархе аз ширкаткунандагони музокирот ашк ҳалқа зад. Ин замоне буд, ки музокирот ба бунбаст расида буд. Ин мактуб ҷонибҳоро барои бештар ба ҳам гузашт кардан ташвиқ мекард. Мехостам дар бораи таърихчаи навишта шудани ҳамин нома каме қисса кунед.

-Шабе то субҳ ман дар ғурбат ин номаро бо ашки шашқатор навиштам. Гиристаму навиштам. Шумо ку барои вазифа меҷангед? Ман чаро ранҷи ғарибӣ бикашаму азияти танҳоӣ? Чаро як шоир овора бошад? Чаро як зани бечора сарсону саргардон бошад? Шукри Худо, ман ҳам худам ва ҳам дӯстоне дорам, ки қудрати амиқ таҳлил кардани ҳодисоту воқеаҳоро доранд. Мо аз аввал дарк кардем, ки ин ҷанги абарқудратҳост барои аз байн бурдани миллати қадима. Ин миллат чунон қадима ҳаст, ки пир шудааст ва омодааст, ки маркази таҷрибаи қувваҳои аҳриманӣ бошад. Барои ҳамин ҳам ин миллат дигар ба танҳоӣ аз ин варта баромада наметавонанд. Бинобар ин ҳарду ҷониб бояд дарк кунанд, ки мо медонем, ки онҳо кӣ ҳастанд ва ҳадафашон чӣ ҳаст.

Ин номаро он вақт бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» даҳ-понздаҳ бор бо садои худам такрор ба такрор шунавонд.

-Адабиёти муосири тоҷик оё рисолати худро ба ҷо оварда истодааст?

-Адабиёт рисолат надорад. Рисолат онҳое доранд, ки бо адабиёт сару кор доранд. Яъне ман ҳамчу шоир тавонистаам, ки дарди худамро гӯям. Агар гуфта бошам, хеле хушбахтам. Адабиёт мисли мазҳаб аст. Шеър, асарҳои нав дар ҳамон ҳолате пайдо мешаванд, ки дигар чизҳои то онҳо навишташуда ва ё гуфташуда вазифаи худро иҷро карда натавониста бошанд. Мазҳаб ҳам дар чунин ҳолатҳо пайдо мешавад. Яъне дар ҳолате, ки мазҳаби дигар кореро анҷом дода наметавонад. Адабиёт низ ҳамчунинаст, дар ҳамон ҷое пайдо мешавад, ки ба пайдо шуданаш ниёз ҳаст.

Сухан аст, ки лаҳзаро ҷовидона месозад. Сухан, адабиёт бояд  дар ҷамъият нақшеро бозӣ кунад, ки дар оила падару модар  иҷро мекунанд.

-Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ.

Мусоҳиб Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi