23:58:58 18-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

«Муноҷотнома»-и Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ - 10

Илоҳо, чӣ зебост айёми дӯстони Ту бо Ту ва чӣ некӯст муомилати эшон дар орзуи дидои Ту, чӣ хуш гуфтугӯйи эшон дор роҳи ҷустуҷӯйи Ту.

munojot-6522545685Илоҳо, он дида, ки Туро дид, ба дидани ҷуз Ту  кай  пардозад ва он ҷон, ки бо Т у сӯҳбат ёфт, бо оби хок чанд созад?

Илоҳо, оби инояти  Ту ба санг расид, санг  бор гирифт, аз санг мева руст, мева

таъму маза гирифт.  Парвардигоро, ёди  Ту дилро зинда кард ва тухми меҳр афканд, дарахти шодӣ рӯёнид ва меваи озодӣ дод.

Илоҳо, паҳнои иззати Ту ҷойи ишорат нагузошт ва қадами  вахдонияти Ту роҳи изофат бардошт, то раҳӣ гум кард, он чӣ дар даст дошт ва ночиз шуд, ҳар чӣ мепиндошт.

Илоҳо, машраб мешиносам, аммо вохӯрдан намеёрам. Дил ташнаву дар орзуи  қатрае мезорам. Сиқоя маро сероб накунад, ман дар талаби дарёям. Бар ҳазор чашма гузар кардам, то ки дарё дарёбам. Дар оташи ишқ ғариқе дидӣ? Ман чунонам. Дар дарё ташнае дидӣ?  Ман онам. Рост ба ҳайратзадае монам, ки дар биёбонам. Фарёдам рас, ки аз балое ба фиғонам.

Илоҳо, ғариби Туро ғурбат ватан аст. Кай ҳаргиз ба хона расад касе, ки ғурбат ӯро ватан аст?

Илоҳо, муштоқи куштаи дӯстӣ ва куштаи дӯст дидори Туро кафан аст.

Илоҳо, чӣ хуш рӯзгорест рӯзгори дӯстони Ту бо Ту, чӣ хуш бозорест бозори орифон дар кори Ту , чӣ  оташин аст нафасҳои эшон дар ёди Ту, чӣ хуш дардест дарди муштоқон дар сӯзи шавқу меҳри Ту, чӣ зебост гуфтугӯйи эшон дар нишони Ту.

Рубоӣ:   

Бо сунъи Ту ҳар мӯрча розе дорад,

Бо шавқи Ту ҳар сӯхта созе дорад.

Эй Холиқи Зулҷалол, навмед макун

Онро ки ба даргоҳат ниёзе дорад.

Илоҳо, эй сазовори санои Хеш, эй шукркунандаи атои Хеш, эй шириннамояндаи балои Хеш, банда ба зоти худ аз санои Ту оҷиз ва ба ақли худ аз шинохти миннати Ту оҷиз ва ба тавони худ аз сазои Ту оҷиз.

Илоҳо, гирифтори он дардам, ки доруи онӣ. Бандаи он  саноям, ки Ту сазовори  онӣ. Ман дар Ту чӣ донам? Ту донӣ. Ту онӣ, ки худ гуфтӣ ва чунон ки худ гуфтӣ, онӣ. Ту онӣ, ки Мустафо (с) гуфт: « Ман санои Туро натавонам шумурд, он гуна ки Ту Худ бар нафси Хеш сано гуфтӣ».

Илоҳо, чӣ ёд кунам, ки худ ҳама ёдам. Ман хирмани нишони худ ҳамаро фаробод ниҳодам.

Илоҳо, эй ёдгори ҷонҳо ва ёддоштаи дилҳо ва ёдкардаи забонҳо, ба фазли Худ маро ёд кун ва ба ёди латифе  маро шод кун.

Илоҳо, ҷуз аз шинохти Ту шодӣ нест ва ҷуз аз ёфти Ту зиндагонӣ на. Зиндаи бе Ту чун мурдаи зиндонӣ аст ва зиндаи ба Ту зиндаи ҷовидонӣ аст.

Илоҳо, марон касеро, ки Худ хондӣ, зоҳир макун ҷурмеро, ки Худ пӯшондӣ. Каримо, миёни мову Ту довар Туӣ. Он кун, ки сазовори онӣ, на ончунон, ки сазовори мост.

Илоҳо, агар ин оҳ аз мо даъвост, Ту сазои онӣ, агар лоф аст, ба ҷойи онӣ, агар сидқ аст, вафои онӣ. Худоё, агар даъвост, сухани рост аст, агар сидқ аст, кори рост аст, агар даъво аст, на бедод аст.

Илоҳо, аз се чиз, ки дорам, дар яке нигоҳ кун: аввал, бехуде, ки ҷуз Туро аз дил нахост. Дуввум, тасдиқе, ки ҳар чӣ гуфтӣ, гуфтам рост. Саввум, чун бо зикрам хост, дили ҷон ҷуз Туро нахост.

Илоҳо, аз ду даъво ба зинҳорам ва аз ҳарду ба фазли Ту фарёд хоҳам:  аз он, ки пиндорам ба худ чизе дорам, ё пиндорам, ки бар Ту ҳаққе дорам. Худовандо, аз он ҷо, ки будем, бархостем, лекин ба он ҷо нарасидем, ки хостем. Худоё, ҳар кӣ на куштаи худӣ, мурдор аст ва мабғун касе, ки насиби ӯ аз дӯстӣ гуфтор аст. Ӯро, ки роҳи ҷонну дил ба кор аст, ӯро бо дӯст чӣ кор аст?

Илоҳо, наздики нафасҳои дӯстонӣ, ҳозири дилҳои зокиронӣ, аз наздик нишонат медиҳанду бартар аз онӣ. Аз дурат меҷӯянду наздиктар аз ҷонӣ. Надонам, ки дар ҷонӣ, ё ҷонро ҷонӣ. На ину на онӣ, ҷонро зиндагонӣ мебояд, Ту онӣ.

Илоҳо, кашидем он чӣ кашидем, ҳама нӯш гашт чун овои қабул шунидем. Донӣ,  ки ҳаргиз дар меҳр шикебо нашудем ва дар ҳар кӯй, ки расидем, ҳалқаи дари дӯстии Ту гирифтем ва ба ҳар роҳ, ки рафтем, бар бӯйи Ту он роҳро буридем. Дил, рафт муборак бод,  гар ҷон биравад дар ин роҳ писандидем.

Илоҳо, оташи ёфт бо нури шинохт омехтӣ ва аз боғи висол насими қурб барангехтӣ. Бо оташи дӯстӣ обу гил сӯхтӣ, то дидаи орифро дидори Худ омӯхтӣ.

Илоҳо, инояти Ту кӯҳ асту фазли Ту дарё. кӯҳ кай фарсуд ва дарё кай кост? Инояти Ту кай ҷуст ва фазли Ту кай хост? Пас шодӣ яке аст, ки дӯст яктост.   

Илоҳо аз карами Ту ҳамин чашм дорем ва  аз лутфи Ту  ҳамин гӯш дорем, биёмурз моро, ки бас олудаем ба кирдори хеш, бас дармондаем ба вақти хеш, бас мағрурем ба пиндори хеш, бас маҳбусем дар сарои хеш; дасти моро гир ба фазли Хеш; боз хон моро ба карами Хеш. Боз деҳ  моро ба эҳсони Хеш.

Рубоӣ:

       Дил кист, ки гавҳаре фишонад бе Ту,

       Ё тан кӣ бувад, ки мулк ронад бе Ту.

       Валлоҳ,  ки хирад роҳ надонад бе Ту,

       Ҷон заҳра надорад, ки бимонад бе Ту

(Давом дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi