04:58:40 14-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Август 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

«Се тарона барои Гугуш навиштам, якеро Мансур гирифт, дигариро Манижа…»

Шоираи Раҳимҷон аз зумраи маъруфтарин таронасароҳои кишвар аст. Таронаҳои ӯ бо садои хонандаҳои саршинос байни мардум маҳбуб гардида. Ахиран Шоира дар суҳбате изҳор дошта буд, ки дигар таронанависиро ба овозхонҳои сатҳи ҷаҳонӣ оғоз кардааст. Барои огоҳии бештар ёфтан дар ин бобат ва умуман дар мавриди вазъи имрӯзи таронагӯӣ дар кишвар хабарнигори "Рӯзгор" бо Шоирабонуи Раҳимҷон мусоҳибае орост, ки онро пешкаши Шумо мегардонем.

1.shoira-4512454-Шумо имрӯз аз таронасароёни маъруфи мо ҳастед. Таронаҳоятонро хонандаҳои саршиноси кишвар мехонанд ва сурудҳои Шумо байни мардум маҳбубият доранд… Аммо дар суҳбате гуфта будед, ки имрӯзҳо дигар ҳамкориро бо сарояндаҳои арсаи ҷаҳонӣ, чун Бежани Муртазоӣ, Мансур, Каёнуш ва Муину Сиёвуши Қумайшӣ оғоз кардаед. Таҳният мегӯем, вале боз донистан мехоҳем, ки ин муносибатҳо чӣ гуна ба роҳ монда шуда бошанд ва чӣ самаре бор оварда?

- Сипоси беандоза. Онеро ки яке аз таронасароёни эътирофшуда дар кишвар ҳастам, инак аз таърифи шумо дарк мекунам, чун дар мавриди машҳур ва маъруф будан боре наандешидаам. Шумо, ки чунин мепиндоред хушам омад. Чунки эътирофи амал дар ин замони мушкилгузар воқеан саҳл нест. Ҳамкориҳо бо ҳунармандони маъруфи иронӣ, ки дар пояи лоиҳаи воқеан бузург, яъне сабти барномаҳои наврӯзии шабакаи телевизионии "Nex1" дар Тоҷикистон шуруъ шудаанд, гумон мекунам ҳам барои ман ва ҳам барои миллати азизам паёмадҳои нек доранд.

Бо Мансур ва Андӣ пайи омода кардани таронаҳои ҷадид ҳастем, ки гумонам ин ҳамкориҳо самти фаъолияти маро боз ҳам фарохтар месозад. Бежани Муртазавӣ ба тозагӣ оҳанге бароям фиристода, ки бояд рӯи он ман ҳарфи калом резам. Ин пурмасъултарин кори ман аст.

Чунки Бежан дар интихоби матни суруд он қадр нозукбин аст ва нигоштаи ман агар аз ҷониби ӯ қабул шуд, пас ман дигар инқилоб кардаам.Сиёвуши Қумайшӣ ба наздикӣ ба Тоҷикистон меояд ва бо ҳамроҳии Фарҳод Зикиров, оҳангсози беҳтарини кишвар, таронае барояш омода кардаем бо исми "Лаънат ба душмани ман",ки фикр мекунам дар сабку услуби хоси уст. Ин тарона фармоишӣ нест. Мо барои Сиёвуш ҳадя омода кардаему бас.

-Боре гуфта будед, ки таронае барои Гугуш навиштаед. Аммо ҳанӯз суруди Шуморо бо садои Гугуш нашунидем, чӣ шуд тақдири ин тарона?

- Воқеан сари он тарона ҳодисаи аҷибе омад. Аксари бинандаҳои шабакаи ҷаҳонии "Nex 1" шоҳид ҳастанд, ки ман он таронаро ҳини суҳбати телевизионӣ бо Бежану Афшин ва Мансур замзама кардам ва хоҳиш, ки ин таронаро ба дасти таронасарои мақбули дили ман-- Гугуши нотакрор бирасонанд. Баъди сабти барнома Мансур дигар даст аз ман набардошт. Аз дараи Варзоб, ки макони сабти суҳбати мо буд, то меҳмонсарои Тоҷикистон исрор мекард таронаро бояд ӯ бисарояд. Ҳарчанд мегуфтамаш, ки суруд занона аст ва исмаш "Гиря буданро нахоҳам", вале ӯ мегуфт дард мардонаву занона нест.

Оқибат таронае ки ҳафт сол мунтазири соҳиби аслияш Гугуш буд, ба хотири меҳмон буданаш мансуби Мансур шуд. Охир меҳмоннавозем мо! Аммо аз ин руҳафтода нашудам. Бигзор чунин бошад. Чашмаи илҳоми эҷодкори асил дарёст, хушк намешавад. Худи ҳамон шаб таронаи олиҷаноби дигаре барои Гугуш навиштам, ки бароям бештар писанд аст. Аммо қисмати ин тарона боз ҳам аҷибтар шуд. Замони хатми эҷоди тарона Манижа Давлати азизи дилам ба хона омада, таронаро шунид, гуфт "аз ман аст,дарди ман аст". Ҳарчанд медонам,ки ӯ ҳоло тасмими сурудхониро надорад, ба ҳар ҳол он таронаро ба Манижа тақдим кардам. Аммо боз ҳам барои Гугуш ахиран таронаи "Садоямро мабанд" тавлид шуд, аммо боз ҳам ҳайронам аз қисмати минбаъдааш...

…Қалам фарсуданам бошад аз он,

Ки маро бо сад таманно

Модарам Шоира номам карда…

Ин пораест аз як шеъри Шумо. Огоҳ ҳам ҳастам, ки аз овони мактабхонӣ шеър менавиштед. Шояд муҳити оила Шуморо ба арсаи шеъру тарона такон дода?

-Истеъдод аз ҷониби Парвардигор аст. Ҳеч гуна муҳит наметавонад як инсонро шоир бикунад. Ҳатто муҳити хонаводагӣ. Дар ҳафт пушти ман касе шеър нагуфта. Аҳли байте, ки ман дар он солор шудаам, ҳамагӣ ба шунидани оятҳои Қуръон рағбат доранд, на ба суруду мусиқӣ. Аммо бубинед ки...

-Аввалин маҷмӯаи ашъори Шумо "Нахустин номаҳои дард" унвон дошт. Бароям аҷиб аст донистани оне ки чӣ ё кӣ муҷиби дарди бонуе чу Шоираи Раҳимҷон шуда бошад, ё худ Шоира дар ҳаёт аз чӣ ранҷ мекашад???

-Муҷиби дардҳоям ишқ асту халос. Ба ҷуз ин дард хеҷ мушкиле дар зиндагӣ надорам. Ишқ дарди сӯзандаву созанда аст. Он қадр ташнаам, ки дар нигоҳи ҳар барги хушки дарахт сароб мебинам. Баъди тадқиқот дар кураи эҳсосам кашф намудам ҳеҷ гоҳ оне ки дар хиёлам барои ҷовидонӣҷо гирифта, дар олами воқеӣ зиндагӣ надошт. Аз висол то фосила пайдош накардаам. Ҳарчанд сад бор хаёлан аз ӯ қаҳр кардаму оштӣ, васл кардаму фироқ, ҳатто ламс кардамаш, бӯидамаш, бӯсидамаш, вале...руъё буд, руъё!

-Шояд душман ҳам дошта бошед, чун дар ин маврид таронаи зебое ҳам доред, ки онро Шабнами Сурайё бисёр олӣ мехонад ва оғозаш чунин аст:

Биханд бар ман биханд,

Биханд душман, биханд…

- Мегӯянд душмандорам, вале бовар надорам. Агар чунин аст, ҳатто душманамро дӯст медорам. Чунки агар ӯ набуд, қиммати дӯст пешам афзун набуд. Ҳастанд касаконе, ки кӯшиш карданд, маро шикаста кунанд ва қадре ҳам ба нопокниятҳояшон ноил шуданд. Чунки имрӯз Шоираи инсондӯсту содаву хушбовар мурда дигар. Ин барои замонасозӣ бад нест. Аммо войи ман ,ки дигар нестам. Дар охирин шеърам гуфтам:

Месӯзонам боварамро андаруни тобути хушбовариҳо,

Нестам аз сарсариҳо...

-Шеър ҳам менависед, тарона ҳам. Ибрози дард дар шеър осон аст ё дар тарона???

- Чӣ дар суруд ва чӣ дар шеър аз дард қисса кардан самимист. Метавонӣ дуруғ бигӯӣ, дуруғ гиря кунӣ, дуруғ ишқ биварзӣ, аммо ба дуруғ ишқро, эҳсоси воқеиро,ки раҳоӣ аз у маҳол аст, васф имкон надорад. Чун зеботарин дуруғ ҳам самимият надорад. Яъне, агар эҳсос қолабиву фанд бошад, тарона дар дили хазорон шунаванда ҷо намегирад. Умри дуруғ кӯтоҳ аст, вале тарона ҷовидонӣ...

ӣ тафовутест байни шеъру тарона?

-Тарона аз шеър воқеан тафовут дорад. Дар қолаби мусиқӣ гуфтани матн хеле кори мушкил аст. Тарона дар худаш оҳанг дорад.Шеър чизи дигар аст. Бубинед, ғазалҳои ноби ҳазрати Бедил мазмуни баланд доранд, вале дар қолаби оҳанг ба мушкил ҷо мегиранд.

- Ба фикри худатон дар шоирӣ муваффақед ё дар таронанависӣ? Ман дар суҳбате чун ба Орзу гуфтам, ки ба андешаи ман Орзуи таронагӯ аз Орзуи шоир муваффақтар аст, дар ҷавоб гуфт, ки ман барои фикргустарии иддае шеър ё тарона наменависам. Инро барои он таъкид кардам, ки ман аз Шумо дигар гуна ҷавоб мехоҳам….

2.shoira-4512454- Шоири суруднавис муваффақтар аст албатта. Чунки тавассути оҳанги баланд ва матни арзишманд тарона дар дил маскан мегирад, ҳатто ҷовидонӣ... Чун суруду мусиқӣ асоси зиндагии ман аст, албатта таронасаройӣ бароям қаринтар аст. Даъвои шоирӣ ҳеҷ гоҳ надоштам ва надорам. Китоби навинтишорам бо номи "Вопасин номаҳои дард" бо таъкид ва исрори устоди шеърам шоири маъруф Раҳмат Назрӣ рӯи чоп омад. Навгониро дар китоб муҳим пиндоштам ва сабти таронаҳоям ва қироати шеърҳоро дар шакли фитта дар дохили ин китоб ҷо кардам.

- Шумо узви Иттифоқи нависандагон ҳастед. Бо иттиҳодияи адибон, шоирони касбии мо равобити эчодӣ доред?

- Ҳарчанд дар маҳфилҳои шеър даъватием, аммо ками дар кам ба Иттифоқ меравам. Ҳамкориҳо қариб ки нестанд. Ин камбуд аз ман аст, вале нигоштаҳоямро ба он хотир ба шоирони касбӣ пешниҳод намекунам, ки сахт метарсам ногаҳ дардҳоям таҳрир бигиранд ва эҳсос бикунам, ки дар тани кӯдаки ман либоси бегонагӣ бошад. Серкорӣ, даву този аз ин студиё то он студиё имкони ҳар замон ба Иттифоқ рафтанро намедиҳад. Ин сабаби дигар аст. Вале устодони шеърро хеле эҳтиром дорам, ҳарчанд аз эҷодашон кам иттилоъ дорам. Чун ман хеле кам мутолиа мекунам.

-Дасти Шоираи Раҳимҷонро дар шоирӣ кӣ рост карда? Дар таронанависӣ чӣ?

- Манманиро дӯст надорам, худсариро ҳам, вале воқеан дар ин самт дастгир надоштам. Устод Раҳмат Назрӣ аз ман машваратҳояшонро дареғ намедоранд. Аммо дарси махсус нагирифтаам, ки ин албатта ба манфиати ман нест. Дар таронанависӣ бошад, беҳтарин устод ҳисси баланду дарки мусиқишиносист. Бояд дар рагу пайвандат бо хун тавъам савт ҷо дошта бошад, то битавонӣ дар оҳанг ҳарф биёмезӣ...

-Шумо шоир, таронасаро ва журналист ҳастед. Кадоме аз инҳо бароятон осонтар аст, кадоме ҳаловатбахш, кадоме муфидтар?

- Манфиат, суд, арзишро фақат як амал ё пеша ба кас оварда метавонад, ки он ҳам ОДАМИЯТ аст. Агар ин пешаро дошта бошӣ дар ҳамаи самти фаъолият ва зиндагидорӣ дастболоӣ. Ифтихор мекунам аз худ, ки имрӯз чӣ дар телевизион, чӣ дар Иттифоқи нависандагон ва чӣ миёни ҳунармандон пеш аз ҳама ҳамчун инсон ва як зани заминӣ эҳтиром дорам. Ин гуна тавсифҳоро борҳо мешунавам ва худамро бештар дӯст медорам. Аз худ намеравам. Як андеша дорам, ки умр даргузар асту ман дар ин сарой меҳмон. Аз меҳмонӣ кас бояд сарбаланд биравад. Ончунон биравад ки хонадор ташрифи дубораашро бихоҳад, интизор шавад!

-Ҳамчун журналист фаъолият доштан ба кори эҷодии Шумо халал ворид намекунад? Чун оне ки шеър ё таронаи зебо мегӯяд, бояд хеле зиндагии румонтикӣ дошта бошад, аммо журналист зиндагие дорад байни факту далелу арқом…

-Хушбахтона дар самти рӯзноманигорӣ ҳам пайваста робитаи хоссаро бо фаъолияти эҷодиям дида метавонам. Дар радио оғози кор дар идораи барномаҳои мусиқӣ буд ва инак дар ТВ "Пойтахт" сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқӣ ҳастам. Румонтика аз ин бештар буда метавонад??? Ҳама ҷо мусиқӣ, суруд ва савту навову тарона…

-Барномаҳои ТВ "Пойтахт"-ро худатон тамошо мекунед? Бароятон писанд аст?

- Не, тамошо намекунам. Аммо ин маънои онро надорад, ки ин шабакаро дӯст намедорам. Умуман, барои тамошои телевизион вақт надорам. Ягон шабакаро тамошо намекунам…

 - Агар хато накунам, шумо муаллифи лоиҳаи барномаи "Ситораи хона" - ТВ "Пойтахт" хастед. Як барномаатонро дидам. Муҳтавояш ин гуна аст, ки барандаи барнома ба хонаи хонандаҳои маъруф меравад ва бо онҳо суҳбат мекунад. Аммо гумон мекунам номи барномаатон то ҷойе ғалат аст. Чунки чеҳраҳои ин барнома ситораи хона не, балки дар арсаҳои бузургтар маъруфанд. Чаро "Ситораи хона"????

- "Ситораи хона" воқеан лоиҳаи ман буд ва ман дар номгузории барнома ҳеҷ ғалатеро намебинам, дар ҳоле ки мардум мафҳуми ситораро хоҳем нахоҳем ба ҳунармандон нисбат додаанд. Барнома бинандаҳои бешумор дошт, ки баъди бастани барнома ҳанӯз зангҳои зиёди бинандаҳои муштоқ гувоҳи ҳарфҳоям ҳастанд.

-Чи чиз таронаро зебо мекунад? Корбурди вожаҳо, ибрози дард ё…

- Ҳам вожаҳои мувофиқ ба нота ва талаффуз ҳангоми оҳанг, ҳам эҳсос, ҳам дарки амиқ ё худ ба қавле "слух".

-Имрӯзҳо ҳам шеър менависед ё комилан пайвастаед ба таронагӯӣ???

- Суоли хеле аҷиб аст. Таронанависӣ муҳлат дорад. Ва интизор намешавад, ки кай мурғи илҳоми ту ба парвоз биёяд. Вале барои шеър гуфтан ҳатмист лаҳзаи илҳом. Агар дар як рӯз аз рӯи фармоиш ду тарона нависам, шеърро метавонам дар моҳе маротибае ё соле як бор бигӯям. Шеър гуфтан муҳлат надорад, яъне ки...

-Ба вазъи имрӯзи шеър дар адабиёти мо ва ҳамчунин таронасарои дар кишвар чӣ баҳо медиҳед?

- Ҳуқуқ ба баҳогузориро надорам. Чун талаба дар мактаб ҳаргиз баҳо намегузорад. Ин ҳақро фақат устодон доранд. Дар мавриди таронаву сурудҳо бошад хушҳолам, ки мардумро маънигӯшкун ва маъниҷӯ кардаем.

Баҳман, "Рӯзгор"

P/S : Баъди чанд соати анҷоми ин суҳбат ба мо хабар расид, ки Шоираи Раҳимҷон ба сонеҳаи нақлиётӣ дучор шудаву дар беморхона бистарӣ гардидааст. Аҳли қалами "Рӯзгор" шифои ҳарчӣ оҷили ин бонуи худ саропо таронаро аз даргоҳи Парвардигор хоҳонанд.



Шарҳҳо   

 
-2 #1 RE: «Се тарона барои Гугуш навиштам, якеро Мансур гирифт, дигариро Манижа…»Guest 03.09.2013 16:13
Худи ҳамон шаб таронаи олиҷаноби дигаре барои Гугуш навиштам, ки бароям бештар писанд аст. "2густохиву иддаои ахмакона..У бар он аст ва мутмаин хам.ки гуи маъруфу махбуби хамагон гаштааст.Илло назди ду -се нафар барои дигарон хеч арзише надори.На ту ва на ин хама "тарона"хои пучу ёвагунаат...
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi