12:18:08 16-уми Сентябри 2026 сол
Сартарош бо 54 зарбаи корд марди 50 соларо ба ҳалокат расондааст 02.09.2013 13:46 941
Мақомоти корҳои дохилӣ сокини 29 солаи шаҳри Кӯлобро бо гумони одамкушӣ дастгир кардаанд. Ба иттилои вазорати умури дохилӣ Умед Тешаев дар дохили сартарошхонаи худ воқеъ дар маркази шаҳри Кӯлоб ба бадани Абдурасул Алиеви 50 сола 54 маротиба бо корд мезанад. Дар натиҷа Абдурасул Алиев дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Муҳаммад Мурсӣ муҳокима мешавад 02.09.2013 13:43 953
Оқои Мурсӣ аз моҳи июл, ки аз қудрат канор гузошта шуд, дар маконе номаълум зиндонӣ аст. Додситони давлати Миср гуфтааст парвандаи Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии барканоршудаи ин кишварро барои муҳокима ба иттиҳоми таҳрик ба қатли муътаризон ирҷоъ кардааст.
Писари собиқ додситони кулл ба маҳбаси сукунатӣ гузаронида шуд 02.09.2013 10:33 1073
Парвина Ализода, сухангӯи Раёсати муасисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон 2-уми сентябр ба мо гуфт, Файзулло Бобохонов фарзанди додситони кулли пешин Бобоҷон Бобохонов тибқи таъиноти додгоҳи Синои пойтахт дар таърихи 29-уми август аз муасcисаи ислоҳии 3/7 ба муасисаи ислоҳии сукунатӣ...
Боздошти як муҳоҷири тоҷик аз дохили қатор дар Узбакистон 02.09.2013 10:27 956
Як муҳоҷири тоҷик, ки тавассути қатор аз Русия ба ватан бармегашт, аз дохили қатор дар қаламрави Узбакистон боздошт шудааст. Исми ин табаъаи тоҷик Илёсидин Амиров ва ӯ сокини деҳаи Булбулчашмаи ноҳияи Ҳисор аст, ки дар шаҳри Маскав кор мекард ва мусофири қатори Маскав-Душанбе буд.
Эмомалӣ Раҳмон хоҳони таҷдиди барномаҳои таълимӣ шуд 01.09.2013 16:13 938
Раисиҷумҳури Тоҷикистон хост, ҳарчӣ зудтар барномаҳои таълимии мактабҳои олӣ ба "талаботи имрӯза" мутобиқ гардонда шаванд.Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки якшанбеи 1-уми сентябр дар ҷашни Рӯзи дониш дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ширкат кард ...
Иштирок дар тантанаҳои Рӯзи дониш 01.09.2013 11:07 1013
Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ҳаёти нави пойтахт бинои нави факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимиро ифтитоҳ намуда, дар тантанаҳои оғози соли нави хониш дар ҷумҳурӣ иштирок намуд.
Муддаии курсии президентӣ бояд 210 ҳазор имзо ҷамъ кунад 31.08.2013 12:07 1180
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҷамъоварии имзои шаҳрвандон ба тарафдории номзад ба мақоми президентӣ, аз рӯзи пешбарии номзад то таърихи 7-уми октябр сурат мегирад. Ин матлабро Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ...
Дар Душанбе сеюмин Намоиши байналмилалии китоб баргузор мешавад 29.08.2013 17:43 1160
Аз 4 то 6-ми сентябри соли ҷорӣ дар бинои Муассисаи давлатии "Душанбе Плаза" сеюмин Намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе таҳти унвони "Китоб ва ҳамгироии арзишҳои умумибашарӣ" баргузор мешавад. Дар ин бора ба «Ruzgor.tj» аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд.Бино ба иттилои манбаъ намоиш соати 10 субҳи рӯзи 4 сентябр бо ширкати ....
Эъзоми ҷангандаҳои британиёӣ ба Кипр 29.08.2013 17:40 1306
Британияи Кабир шаш ҳавопаймои ҷангандаи Typhoon-и худро дар Кипр мустақар кард. Бино ба хабаре, ки ин лаҳзаҳо расонаӣ шуд, ҷангандаҳо дар пойгоҳи ҳарбии Акротирӣҷо ба ҷо карда шуданд. Дар хабари вазорати мудофиаи Шоҳигарии Британия омадааст, ки ин тадбир ба хотири ҳифзи манфиатҳои кишвар дар сурати тезутунд шудани ...
Мулоқоти Шералӣ Хайруллоев бо Парвиз Каёнӣ 29.08.2013 11:58 1081
Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон бо генерал Ашфақ Парвиз Каёнӣ, фармондеҳи артиши Покистон дар мавриди ҳамкориҳои низомӣ мулоқот доранд.
Рӯзи интихоботи президентӣ эълон хоҳад шуд 29.08.2013 11:56 973
Маҷлиси миллии Порлумони Тоҷикистон имрӯз барои баргузории ҷаласаи ғайринавбатии якҷояи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Порлумони кишвар ҷаласаи навбатии худро барпо мекунад.
Душанбеву Маскав бо ҷинояткорӣ мубориза мебаранд 27.08.2013 11:45 1126
Имрӯз ҷаласаи муштараки мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Екатерингбург бо имзои барномаи ҳамкорӣ миёни ин сохторҳо барои соли 2014 ба поён мерасад.
Генерал Парвиз Ашфақ Каёнӣ ба Душанбе меояд 27.08.2013 11:44 1115
Фармондеҳи артиши Покистон генерал Парвиз Ашфақ Каёнӣ бо сафари серӯза ба Тоҷикистон меояд. Вазорати дифои Тоҷикистон эълом кард, ки генерал Парвиз Ашфақ Каёнӣ, сарфармондеҳи нерӯҳи хушкигарди Артиши Покистон фардо, чаҳоршанбеи 28-уми август бо як сафари серӯза вориди шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мешавад.
Флеш-моб: "Зайд Саидовро озод кунед!" 27.08.2013 11:42 1106
Гурӯҳе аз ҷонибдорони соҳибкори тоҷик ва вазири пешини Тоҷикистон Зайд Саидов дар як флеш-моб дар шаҳри Душанбе хостори озодии ӯ шуданд.
Даргузашти академик Ҳамид Мансуров 26.08.2013 11:29 1164
Ҳамид Мансуров, академики тоҷик ва раиси ифтихории Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии АУ Тоҷикистон дар сини 88 солагӣ аз беморӣ даргузашт.Файзулло Бобоев, ёвари раиси Академияи улуми Тоҷикистон душанбеи 26-уми август зимни таъйиди ин хабар ба мо гуфт, ки «Академик Мансуров соати 15-00 дақиқаи рӯзи ...