Ҳафтаи пешбарии номзадҳо ба мақоми президенти Тоҷикистон оғоз шуд
16.09.2013 12:33
968
Ин ҳафта аҳзоби сиёсӣ, ба истиснои Ҳизби халқӣ – демократӣ номзадҳои худро ба мақоми президенти Тоҷикистон пешниҳод мекунанд.Рӯзи 17 сентябр - Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби демократ ва Ҳизби аграрӣ, 18 сентябр - Ҳизби сотсиалист, 20 сентябр – Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, 21 сентябр – Ҳизби сотсиал ...
Лату куби як масъули ҳукумати Восеъ бо шавҳараш
13.09.2013 11:42
1055
Қурбонбӣ Ниёзова, мудири шӯъбаи рушди иқтисоди ҳукумати ноҳияи Восеъ ҳамроҳ бо шавҳараш шаби 12-ум ба 13-уми сентябр мавриди лату куби афроди ношинос қарор гирифтанд.Ин зану шавҳар ҳоло дар шӯъбаи шикастабандии беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ бистарӣ ҳастанд.
Эътирози як гурӯҳи ҷавонон дар Хоруғ
12.09.2013 16:22
1103
Ин лаҳзаҳо як гурӯҳи ҷавонони сокини шаҳри Хоруғ дар назди бинои раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Бадахшон таҷаммӯъ кардаанд.
Боздошти зане барои ҷалби духтарон ба танфурӯшӣ
12.09.2013 16:20
1398
Ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон як занеро барои ҷалби танфурӯшӣ дар хориҷи кишвар боздошт кардаанд. Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилӣ бо тасдиқи ин хабар ба мо гуфт, ки "кормандони фаврии раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ...
Гаравгонгирии як ҷавони тоҷик дар Петербург
12.09.2013 16:18
1057
Як муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Санкт - Петербург и Русия аз сӯи афроди ношинос гаравгон гирифта шуда, вале пас аз чанд соат тавонистааст, аз асорат фирор кунад.
Қатъи фаъолияти боз се созмони иҷтимоӣ
12.09.2013 16:16
1073
Бо қарори додгоҳ фаъолияти се созмони иҷтимоӣ дар пайи шикояти вазорати адлия қатъ карда шуд.Раъно Каримова, сардори раёсати сабти ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии вазорати адлияи Тоҷикистон, зимни таъиди ин хабар рӯзи 12-уми сентябр ба мо гуфт, бинобар нақзи қонунҳои Тоҷикистон ...
Боздошти зани тоҷик барои кӯмак ба "террористон"
12.09.2013 16:14
1041
Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, ин зан ҳамчунин кӯмак кардааст, ду узви Ҳаракати Исломии Туркистон аз қаламрави кишвар фирор кунанд. Маъмурони амниятии Тоҷикистон як зани 37-соларо бо иттиҳоми ширкат дар гурӯҳҳои ҷиноӣ ва кӯмак ба аъзои Ҳаракати Исломии Туркистон боздошт кардаанд.
Раҳоии собиқ муҳофизи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз боздоштгоҳ
11.09.2013 11:20
928
Убайдулло Ғаффоров, афсари пешини Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон, ки моҳи декабри соли гузашта дар Душанбе боздошт шуда буд, озод шудааст. Яке аз наздикони ӯ дар таъйиди ин хабар ба мо гуфт, мавсуф дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешуд ...
Боздошти як сокини Суғд аз ҷониби марзбонони узбак
11.09.2013 10:51
923
Ахиран як сокини шимоли Тоҷикистон, ки маризии руҳӣ доштааст, аз сӯи марзбонони Ӯзбакистон боздошт ва зиндонӣ шудааст. Ба қавли пайвандон, Гулмаҳмад Зокирови 32 - сола, сокини деҳаи Садвини ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, ки касалии рӯҳӣ дошт ва чанде қабл ғайб зада буд, ҳоло дар маҳбаси шаҳри Бекободи вилояти Тошканди Ӯзбакистон ....
ИНИТ номзадии Ойниҳол Бобоназароваро эълон кард
10.09.2013 12:41
1020
Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) номзадии Ойниҳол Бобоназарова барои ширкат дар интихоботи президентиро эълон кард. Ин тасмим рӯзи сешанбеи 10 сентябр дар нишасти навбатии эътилофи мавсум ба Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар қароргоҳи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) эълон гардид.
60 дарсади идораву корхонаҳои давлатии Кӯлоб бебарқ мондаанд
10.09.2013 12:39
958
Тақрибан як ҳафта боз аксари муассисаву идораҳои давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб аз нерӯи барқ маҳрум шудаанд. Масъулони идораи шабакаи барқи Кӯлоб рӯзи 10 сентябр ба мо гуфтанд, ки интиқоли барқ ба ҳудуди 60 дарсади идораву корхонаҳои давлатӣ, ба хусус мактабҳо, марказҳои фарҳангиву фароҳатӣ ва он муассисаҳое ...
Боздошти як тоҷики "муҷоҳид" дар Маскав
09.09.2013 15:15
1030
Пулиси Маскав мегӯяд, як узви гурӯҳи тундрави мазҳабии “Муҷоҳидин- ат-Тавҳид- вал- Ҷиҳод”-ро, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст, боздошт кардааст.Бино ба гузориши пулиси Маскав, ин шаҳрванди бекори тоҷик рӯзи якшанбеи 8 сентябр, соати 12:40 , дар кӯчаи Белореченская дастгир шудааст.
Ҳалокати 4 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Вардуҷ
09.09.2013 15:12
950
Дар пасманзари даргириҳо дар Вардуҷи Афғонистон ва ҳалокати чаҳор шаҳрванди кишвар дар онҳо, марзбонони Тоҷикистон вазъ дар манотиқи марзӣ бо Афғонистонро "муқаррарӣ" арзёбӣ карданд.Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи идораи марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) рӯзи 9-уми сентябр ...
"Сӯҳбат"-и амниятиҳо бо 4 фаъоли ҲНИТ якуним соат тӯл кашидааст.
08.09.2013 10:25
960
Фаъолони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мегӯянд, онҳоро асосан дар бораи ҳамла ба Саодатшоҳ Адолатшоев дар Бадахшон пурсидаанд. Саодатшоҳ Адолатшоев, ки ҳамроҳ бо як ҳайъати аз Душанбе эъзомшудаи ҲНИТ аз сафари ноҳияи Рӯшон ба Хоруғ бармегашт, шоми 15 август дар ҳудуди ...
Эмомалӣ Раҳмон: «Интихобот набояд майдони ҳангоматалабӣ шавад»
07.09.2013 11:24
983
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар як ҷамъомади мутантан бахшида ба 22-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Кохи Борбади Душанбе суханронӣ мекард, аз ҷумла ба мавзӯи интихобот дахл карда гуфт, интихоботи президентӣ «набояд ба майдони «моҷароҷӯиву ...
















