22:26:14 15-уми Сентябри 2026 сол

Муаррифии технологияҳои рақамии Тоҷикистон дар Корея

Дар Сеул ҷаласаи нахустини вазирони рақамии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қолаби «C5+1» таҳти унвони «Ояндаи ҳамкории Корея ва Осиёи Марказӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ, илм ва технология» баргузор гардид, ки дар он директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо иштирок намуд.

4 photo 2026-09-15 15-53-13-2Дар ҷаласа Хуршед Мирзо иқтидор ва афзалиятҳои Тоҷикистонро дар рушди зеҳни сунъӣ, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ муаррифӣ намуда, омодагии кишварро барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла бо Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар самтҳои омодасозии кадрҳои баландихтисос, таҳқиқоти муштарак, рушди инфрасохтори рақамӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ таъкид намуд.

Дар ин замина, Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ барои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе метавонад ба ҳайси платформаи минтақавии муштарак барои омӯзишу такмили ихтисос, гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва рушди лоиҳаҳои инноватсионӣ нақши муҳим дошта бошад.

Ҳамзамон ҷониби Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология, омодасозии насли нави мутахассисони касбӣ ва фароҳамсозии имкониятҳои васеъ барои ҳамкории муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ бо ширкатҳои технологӣ ва стартапҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ