Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ, аз ҷумла фаъолияти дуҷониба дар доираи якчанд барномаҳои афзалиятнок дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Роҳбари навтаъйини Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (UNICEF) хонум Габриэлла Акимова дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуданд.
Мусоҳибон ҳамкориро дар доираи барномаҳои афзалиятнок дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мутобиқат мекунад ва афзалияти Нақшаи кории муштарак барои соли 2027 муҳокима намуданд.
Баҳодур Шерализода бо дахли ҳамкории Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо ЮНИСЕФ дар самти беҳдошти муҳити зист изҳори назар намуд.
Ҳамзамон мусоҳибон доир ба таҳкими ҳамкории минбаъда, бахусус дар самтҳои тағйирёбии иқлим, амнияти экологӣ, инчунин баланд бардоштани маърифати экологии кӯдакону ҷавонон табодули назар намуданд.
Ҷонибҳо ҳамкориро тавассути Маркази миллии иҷрои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои органикии устувор, аз ҷумла ташаббуси муштарак оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ барои харитасозии ифлосшавии хок ва хавфҳои марбут ба пеститсидҳо бо таваҷҷуҳи махсус ба таъсири эҳтимолии онҳо ба кӯдакон ва ҷомеаҳо, инчунин масъалаҳои таҳияи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон (NDC 3.0), бахусус дар самтҳои кӯдакону ҷавонон, маърифати иқлимӣ ва малакаҳои сабзро баррасӣ намуданд.
АМИТ «Ховар»
















