22:27:07 15-уми Сентябри 2026 сол

Имзои шартномаи ҳамкории роҳи оҳани Тоҷикистон ва Корея дар Сеул

Дар Сеул байни Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Корпоратсияи роҳи оҳани Корея (KORAIL) Шартномаи дахлдори ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

5 photo 2026-09-15 15-45-45Санади мазкур дар доираи Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор — GICC 2026 дар шаҳри Сеул ба имзо расонида шуда, тибқи он идораҳои роҳи оҳани Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкориро дар соҳаи роҳи оҳан густариш медиҳанд.

Инчунин дар Сеул мулоқоти сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Мирзоалӣ Комил бо роҳбари Корпоратсияи роҳи оҳани Корея (KORAIL) ҷаноби Ким Тхе Син баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи роҳи оҳан, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисонро баррасӣ намуданд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ