Кашмакаши ходимони пулис ва БДА дар Хоруғ
05.10.2013 17:37
1082
Як хизматчии нирӯҳои дохилии Вазорати дохилии Тоҷикистон дар Бадахош ба гумони авбошӣ ва баҳамзадани тартиботи ҷамъиятӣ бозпурсӣ мешавад. Манобеи Раёсати корҳои дохилаи Бадахшон мегӯянд, ки асноди зарурӣ барои оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи як афсари нирӯҳои дохилии ин вазорат бо ҷурми авбошӣ...
Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ
05.10.2013 17:35
1708
Имрӯз 5-уми октябр дар саросари Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣҷашн гирифта мешавад. Тоҷикистон соли чорум аст, ки рӯзи забони давлатиро 5-уми октябр таҷлил мекунад. Дар мактабҳои олӣ ва ҳамагонии Тоҷикистон имрӯз маҳфилҳои идона баргузор шуд ва толибилмону устодон дар ин бора баромад карданд.
Малола ва Сновден дар феҳристи номзадҳои ҷоизаи Сахаров
03.10.2013 13:25
1010
Парлумони Аврупо номи Малола Юсуфзай ва Эдвард Сновденро дар феҳристи номзадҳо барои дарёфти ҷоизаи Сахаров қарор додааст.Тибқи гузоришҳо, интихоби барандаи ҷоизаи имсоли Сахарови Парлумони Аврупо дар марҳилаи поёнӣ аст ва Малола Юсуфзай, фаъоли таълими духтарон аз Покистон, Эдвард Сновден ...
Бобоназарова аз эҳтимоли нарасидани имзоҳо ба тарафдориаш мегӯяд
02.10.2013 15:53
1002
Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон гуфтааст, "фазои зиддинаҳзатӣ" дар ҷомеъаи кишвар дар ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдорӣ аз номзадии ӯро душвор кардаасрт.Хонуми Бобоназарова рӯзи чоршанбеи 2-уми октябр гуфт, тибқи ҳисобҳои муқаддамотӣ ...
Нахустин нишасти хабарии нозирони САҲА дар Душанбе
02.10.2013 15:40
957
Ҳайати нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА бо баргузории як нишасти кӯтоҳи хабарӣ, аз оғози фаъолияти худ дар Тоҷикистон дарак доданд. Сафир Параскива Бадеску, раҳбари ҳайати нозирони интихоботии Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА рӯзи 2 октябр ...
Шаби ёд аз устоди шаҳид Раббонӣ
01.10.2013 17:15
981
Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон ба муносибати дуввумин солгарди ба шаҳодат расидани профессор Бурҳониддин Раббонӣ, собиқ Раиси Ҷумҳури Давлати Исломии Афғонистон, сиёсатмадор ва олими бузурги исломӣ шаби ёдбуди ин абармарди таърих баргузор гардид, ки дар он намояндагони аҳли зиёи Тоҷикистону Афғонистону Эрон ширкат карданд.
Боғи Бадахшон: Ҳосил хуб, вале талаф меёбад
01.10.2013 15:23
1012
Боғи Бадахшон дар таъмин намудани мағозаҳо ва бозорҳои шаҳри Хоруғ аз маҳсулоти мевагӣ имрӯз метавонад саҳми бештар бигирад. Аммо барои коркард ва сифатнок ба савдо баровардани он шароити лозима мавҷуд нест. Алимамади Алимардон чанд сол боз дар ин боғ кор мекунад ва ҳар як бех ниҳолро хуб мешиносад. Чун пайваста ....
Сехи дузандагии Хоруғ як сол боз фаъолият мекунад
01.10.2013 15:21
1205
Кормандони сехи дузандагии шахри Хоруг фаъолияти яксолаашонро қайд мегиранд. Охири сентябри соли 2012 бо ташаббуси агентии таъминоти маводи назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин корхона дар шаҳри Хоруғ таъсис ёфт ва ба фаъолият шурӯъ намуд.
Ҳамоиши муколамаи забон ва фарҳанг дар Душанбе
01.10.2013 15:19
1003
3-4 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҳомоиши "Муколамаи забон ва фарҳанги ИДМ ва СҲШ дар асри XXI" баргузор мешавад. Ҳамчуноне намояндаи хадамоти матбуотии Кумитаи иҷроияи ИДМ ба "Рӯзгор" гуфт, ҳамоиши мазкур аз ҷониби Донишгоҳи давлатии лингвистӣ гузаронида мешавад ва макони баргузории он Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт...
01.10.2013 15:18
949
Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳукми ҳамлаварон ба манзили Муродалӣ Алимардонро баъди 8 соли рӯйдод содир кард. Зайниддин Самадов ва Дилшод Мирзоев ҳар кадом 24 солӣ аз озлдӣ маҳрум гардиданд. Иштирокчи дигар ин ҳамла Умед Насриддинов бошад 2 сол ҳукм гирифтааст.
Омилони ҳамла ба манзили Алимардонов маҳкум мешаванд
25.09.2013 11:14
1096
Додгоҳи олии Тоҷикистон фардо, 26 сентябр, ҳукми омилони ҳамла ба манзили Муродалӣ Алимардон, ҳоло муовини сарвазир ва собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2005-ро эълон хоҳад кард. Як манбаъ дар ин ниҳод ба мо гуфт, мақомоти тафтишотӣ афроди ғоратгарро танҳо шурӯъи соли равон боздошт ...
«Хуни сабз»-и Эмом Алӣ дар рагҳои андешаи шеърдӯстони рус равон шуд
25.09.2013 09:13
1104
«Зеленая кровь» («Хуни сабз») чунин ном дорад маҷмӯаи нави шеърҳои шоир Эмом Алӣ (Эмомалӣ Мирзоев), ки моҳи гузашта дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия бо охирсухани Шоири Халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи Давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷоизаи давлатии ба номи Рудакӣ Мӯъмин Қаноат ба чоп расид. Шеърҳоро Светлана Чураева, тарҷумони ....
Даъвати Бобоназарова аз президент Раҳмон
23.09.2013 17:22
1080
Номзади Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон аз президенти Тоҷикистон даъват кардааст, ки риояи қонуниятро дар раванди интихобот таъмин кунад. Ойниҳол Бобоназарова, номзади Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) аз президенти Тоҷикистон даъват кардааст, ки риояи қонуниятро дар раванди ...
Коммунистҳо Исмоил Талбаковро номзад интихоб карданд
23.09.2013 17:19
992
Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо баргузории анҷмуман, Исмоил Талбаков, муовини раиси ин ҳизбро номзад ба интихоботи прездентии 6 ноябр муаррифӣ кард. Хабарнигори мо, ки дар ин анҷуман иштирок дошт, гуфт, ки Исмоил Талбаков, аз ҷониби Шодӣ Шабдолов, раиси ин ҳизб пешниҳод шуд ва аз ҷониби кулли аъзоёни ҳизб пазируфта шуд.
Дар ҳамлаи "Ал-Шубоб" ба Найробӣ хориҷиҳо кушта шуданд
22.09.2013 16:05
978
Дар маркази тиҷоратии шаҳри Найробӣ то ҳанӯз садои тирандозӣ ба гӯш мерасад. Хабаргузории АП аз пойтахти кишвари африқоии Кения иттилоъ дод, ки гурӯҳи “Ал-Шубоб”-и Сомалӣ дар бинои марказии тиҷоратии "Уэстгейт" чандин нафарро гаравгон гирифтааст. Амалиёти вижа алайҳи ҳамлагарон аз рӯзи шанбе...
















