Аз пораи донишҷӯ то фурӯши билети ҳарбӣ: Чӣ гуна дар Хатлон бо коррупсия мубориза мебаранд?
Прокуратураи вилояти Хатлон ҳолати иҷрои Фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон №15 аз 15 феврали соли 2016 “Дар бораи пурзӯр намудани назорати прокурорӣ зимни иҷрои қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия”-ро дар 9 моҳи соли 2026 мавриди таҳлил ва ҷамъбаст қарор дод.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки прокуратураи вилоят фаъолияти худро дар асоси Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурори вилоят ба роҳ монда, дар ин давра дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта корҳои назаррасеро ба сомон расонидаанд.
Дар ин давра ба прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 82 ариза ва иттилоот дар бораи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ворид ва бо онҳо дар муҳлат қарори қонунӣ қабул карда шудааст.
Аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон дар давраи таҳлилшаванда 316 ҳолати ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор гардида, бо 267-тои онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла бо моддаҳои 245-82, 314-316-31 247-44, 319-320-12, дигар ҷиноятҳо - 98 адад оғоз карда шудааст.
Аз ин шумора, 164 парвандаи ҷиноятӣ пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол гардида, 6 парвандаи ҷиноятӣ дар пешбурд қатъ, дар 14 ҳолат парвандаҳои ҷиноятӣ бо дигар парвандаҳо ҳамроҳ, 5 парвандаи ҷиноятӣ дар пешбурд боздошт гардида, 31 парвандаи ҷиноятӣ аз руи тобеъият ирсол карда шуда 45 парвандаи ҷиноятӣ дар пешбурд қарор доранд.
Дар ин давом 10 ҷинояти гирифтани пора, 2 ҷинояти додани пора ошкор ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шудааст.
Аз ҷумла аз тарафи дастгоҳи прокуратураи вилоят 1, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Хуросон- 2 тогӣ, Кӯлоб, А.Ҷомӣ, Ҷ.Балхӣ, Фархор ва Ҳамадонӣ оид ба гирифтани пора 1 тогӣ, прокуророни ноҳияҳои Хуросон ва А.Ҷомӣ 1-тогӣ парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба додани пора ошкор намуда мавриди тафтиши пешакӣ қарор додаанд.
Чунончи, 01 апрели соли 2026 донишҷӯи курси 3 муассисаи давлатии таълимии коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар Сатторзода М.М. тариқи хаттӣ муроҷиат намудааст, ки 27-уми марти соли равон корманди факултети кори табобатии коллеҷи мазкур “Беҳрӯз” ном шахс барои интиқол намудан ва фарқияти фаннӣ ба дигар факултет аз номбурда маблағи 2000 сомонӣ ба сифати пора талаб намудааст.
Оиди ҳолати мазкур 02.04.2026 сол аз тарафи ёрдамчии прокурори шаҳри Бохтар Юсупов Н.Қ., нисбати Латифзода Б.А. бо моддаҳои 32 қисми 3-319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои моҳиятан дида баромадан ба суд ирсол карда шуд, ки бо ҳукми суд номбурда маҳкум гардидааст.
Ё ин, ки Давлатзода Аслан Маҳмадзариф ба ҳайси мутахассиси пешбари мизи бақайдгирии ҳарбии Ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон фаъолият намуда истода, қасдан даст ба ҷинояти гирифтани пора задааст.
Ӯ аз шаҳрванд Ҳикматов И.Қ. барои аз адои хизмати ҳарбӣ озод кардан ва додани шаҳодатномаи ҳарбӣ ба даъватшаванда Нарзуллоев М.Р. маблағи 24500 сомонӣ талаб карда, дар 3 ҳолат маблағи 12500 сомонӣ гирифта, дар вақти гирифтани 10000 сомонӣ ӯ дастгир карда шудааст.
Оиди ҳолати мазкур 10.04.2026 аз тарафи прокуратураи ноҳияи Хуросон нисбати Давлатзода А.М. бо моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол гардидааст.
Дар 9 моҳи соли 2026 17 ҳолати содир кардани ҷиноят аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва судҳо ошкор ва ба қайд гузошта шуда, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шудаанд.
Аз ҷумла, аз тарафи прокуратураи вилоят 11 адад (аз рӯи 13 ҳолат), РАНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 5 адад ва РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 1 адад парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шудаанд.
Аз тарафи прокуратураи шаҳру ноҳияҳои Ш.Шоҳин 1, Норак 2, Ҷайҳун 1, Балҷувон 2, Панҷ 1, Балхӣ 1, Ёвон 1, М.С.А. Ҳамадонӣ 1 ва Данғара 1 тогӣ чунин ҷиноятҳо ошкор ва парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.
Вобаста ба барқароркунии зарар ба давлат оид бо парвандаҳои ҷиноятии коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта кори хуби дастгоҳи прокуратураи вилоят 935434, прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои Норак 2 477 392, Данғара 1 164 680, Дӯстӣ 304 038, Ҷ.Балхӣ 293605 сомонӣ, Хуросон 293619 сомонӣ намунаи ибрат аст.
Дар ин давра аз ҷониби прокурори вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он 64 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта ошкор карда шуда, бо онҳо парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба РАНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ва РАНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ва Кӯлоб ирсол гардидаанд.
Оид ба пешгирии омилҳои коррупсияонӣ, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта кормандони прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар 198 ташкилоту муасссиса ва идораву корхонаҳои ҳудуди вилоят дар байни аҳолӣ вохӯриҳо доир намуда, ҳамчунин аз васоити ахбори омма (радио, телевизион ва матбуот) низ хуб истифода карда шуда, дар роҳи баланд бардоштани дониши ҳуқуқии аҳолӣ дар самти мубориза бо коррупсия саҳми худро кормандони прокуратура гузоштаанд.
Шаҳидуллозода О., Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мушовири адлияи дараҷаи 1
















