02:28:08 27-уми Сентябри 2026 сол

Падар ва Модар

Киштии зиндагии мо баъзан дар зери зарбаҳои паёпайи мавҷҳои қисмат чунон ғарқ мешаванд, ки ҷуз сӯзиш чизе боқӣ намемонад. Солҳои 2019 ва 2020 барои хонадони мо ду соли сиёҳ ва зулматбор буданд; рӯзгоре, ки ду чароғи фурӯзону эътимоди моро хомӯш кард ва файзу шодмониро аз остонаи мо бурд.

Мо ҳанӯз дар сӯзиши ҷонкоҳи соли 2019 ва аз даст додани падари азизамон месӯхтем ва чашми нигаронамон ба даргаҳи холӣ буд, ки аҷал зарбаи дуюму ҷонгудози худро ба сарамон овард. Баъди рафтани падар ягона такягоҳ ва умеди мо модарам буд, аммо дар таърихи 27-уми сентябри соли 2020, ӯ низ оғӯши гарми худро аз мо дареғ дошта, барои ҳамешагӣ моро тарк намуд ва ба назди ҳамсафари ҳаётии худ кӯч баст.

Дар давоми як сол маҳрум шудан аз ду бол, аз ду фариштаи нигаҳбон ва аз ду чароғи фурӯзони зиндагӣ... Ин чи дарди сангинест? Вақте одам дар калонсолӣ ҳам падару модарашро гум мекунад, якбора худро кӯдаки ятиму бепаноҳ ва дармондае меёбад, ки дар ин дунёи пурғавғо ҳеҷ касе харидори ашкҳояш нест.

Идомаи мавод: «ВАҚТЕ КИ БӮИ ВОЛИДОН АЗ ОҒӮШИ БАРОДАР МЕОЯД...»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ