08:19:11 16-уми Августи 2026 сол

Хазина аз

Ҷазои шаш сарбози ВКД барои шикастани ҷоғи ҳамхидматашон Иҷтимоъ 06.05.2015 21:19 1307
Додгоҳиҳарбии гарнизони Душанбе шаш сарбози Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро барои шикастани ҷоғи ҳамхидматашон Акбархӯҷа Абдураҳмонов аз 2 то 2.5-солӣ ба зиндон фиристод.
Ҷустуҷӯи даво ва сипари зидди ҷалби ҷавонон ба Сурия ва Ироқ Иҷтимоъ 06.05.2015 21:17 1220
Ҷорӣ кардани дарси “Таърихи ислом” дар мактабҳо ва таъсиси зиндони ҷудогонаи тундгароёни мазҳабӣ аз пешниҳодҳое буданд, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон пас аз як пажӯҳиш ба миён гузошт.
Тирандози озмуни танзҳои Паёмбар солҳо зери назари FBI буд Равзана ба ҷахон 06.05.2015 21:15 1251
Ду нафаре, ки ба макони баргузории озмуни карикатураҳои Паёмбар Муҳаммад дар Техас тирандозӣ карданд, солҳо боз зери пайгарди Бюрои Федеролии Пажӯҳиш ё FBI қарор доштаанд.
Талаби 20 соли зиндон барои муттаҳам дар куштори Зиёдбек Хабар 06.05.2015 21:14 958
Додрас барои раиси бозори "Назари нек"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар куштори як тарбиятгирандаи парваришгоҳи шаҳри Чкалов муттаҳам дониста мешавад, 20 соли маҳрумият аз озодиро талаб кардааст.
Тағйир дар Бонки миллӣ иқтисодро такон хоҳад дод? Иқтисод 06.05.2015 21:12 1556
Таҳлилгарон дигаргуниҳои кадрӣ дар Бонки Миллии Тоҷикистонро пайте барои ислоҳи риштаи молиявӣ меноманд, вале бо назардошти сангинии вазъ ба барори кори "тандеми Н-Н" бовари қатъӣ надоранд.
Писари яке аз сарони Фронти Халқӣ дар Сурия кушта шуд Иҷтимоъ 06.05.2015 21:10 1339
Ба иттилои Раёсати умури дохилии Хатлон, ахиран боз як ҷавони тоҷик - Сафар Рустамов, писари яке аз фармондеҳони собиқи Фронти халқӣ дар ҷангҳои Сурия кушта шудааст.
Падари тоҷик барои кӯшиши ҷалби писараш ба ҷанги Сурия ҷазо гирифт Хабар 06.05.2015 21:08 991
Додгоҳи Панҷакент як падари тоҷикро, ки хостааст, писараш ба сафи тундравон дар Сурия пайваста ва дар онҷо ҷиҳод кунад, ба зиндон маҳкум кард.
ВКД ва КДАМ номанависони зидди омӯзгорони Раштро ёфтанд Иҷтимоъ 06.05.2015 21:07 1199
Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вуҷуди се номаи таҳқиромез зидди омӯзгорон ва мудири мактаби 44-ро дар Раштро тасдиқ карда, аммо онро "ҳосил"-и хусумати шахсӣ хондаанд.
Чун Самарқанду Бухоро ҷои ту дар сина аст Адабиёт ва фарҳанг 05.05.2015 00:27 2559
Шеър сухани осмонӣмебошад, ки инсону Худованд боҳам сӯҳбат мекунанд. Шоир – инсони оддӣнест, шоир – сафири Офтоб аст. Зарифҷон ЛАТИФӢ(Меҳрон) – шоире буд, киӯро Худованди бузург аз рӯзи Азал яъне аз хурдсолиаш шоир офаридааст.
М.Кабирӣ: Баъди анҷоми табобат ва... ба Тоҷикистон хоҳам рафт Сиёсат 03.05.2015 23:43 1490
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯяд, "барои табобату конфронсҳо" дар хориҷқарор дорад ва ба Душанбе бархоҳад гашт. Ӯ баъд аз интихоботи 1 март аз кишвар берун рафта буд.