08:18:39 16-уми Августи 2026 сол

Хазина аз

Бонкҳо сирри пулгузарониҳо аз Сурия ва Ироқро фош мекунанд Иҷтимоъ 15.05.2015 23:38 1253
Бонкҳо дар минтақаи Кӯлоб аз мақомот дастур гирифтаанд, то таҳқиқ кунанд, ки аз Сурияю ва Ироқ барои кадом шаҳрванди Тоҷикистон кӣ ва бо кадом мақсад пул мефиристад.
Ҷасади сарбози пойгоҳи 201 ба Душанбе расонда мешавад Иҷтимоъ 15.05.2015 23:37 1268
Дар Қӯрғонтеппа тасмим гирифта шуд, ки ҷасади сарбози пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия, ки зоҳиран, худкушӣ кардааст, барои санҷиши тиббӣ ба Душанбе фиристода хоҳад шуд.
Оғози "таҳқиқи дохилӣ"-и нопадидшавии Гулмурод Ҳалимов Сиёсат 15.05.2015 23:36 1331
Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба таҳқиқи ҳодисаи нопадид шудани собиқ сардори ОМОН, полковник Гулмурод Ҳалимов оғоз кардааст.
Кумитаи ҷавонон ба "феҳристи сиёҳ"-и Бунёди глобалӣ афтод Иҷтимоъ 15.05.2015 23:34 1327
Дафтари бозрасии кулли Амрико баъд аз як тафтиш Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба сохтакорӣ дар ҳисоботи молиявӣ ва эҳтимоли тақаллуб айбдор кардааст.
Пажӯҳиш: "Вақти зиёди занони рустоӣ бо обкашонӣ мегузарад" Зан ва ҷомеъа 15.05.2015 23:33 2245
Бар асоси пужӯҳишҳои расмӣ 62 дарсади сокинони рустоҳои Тоҷикистон ба оби пок дастрасӣ надоранд ва соатҳои дарози худро сарфи обкашонӣ мекунанд.
Сироҷиддин Аслов: Осиёи Марказӣ набояд саҳнаи рақобат ва ноамнӣ шавад" Сиёсат 12.05.2015 23:33 1388
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар шӯрои омӯзиши равандҳои ҷаҳонӣ дар Ҳиндустон мавзеъгириҳои кишвари худро дар мавриди масъалаҳои амниятӣ ва геополитикии минтақа баён дошт.
Путин гуноҳи ду маҳкумшуда дар Тоҷикистонро бахшид Хабар 12.05.2015 23:31 1001
Президенти Русия Владимир Путин бо имзои фармоне ҷурми ду корманди собиқи корхонаи коркарди уран - «Востокредмет» дар Тоҷикистонро, ки соли 2009 ба "хиёнати давлатӣ" айбдор шудаанд, бахшидааст.
Полковник Гулмурод Ҳалимов "се рӯз аз пайи кор"-е рафт ва гум шуд Сиёсат 12.05.2015 23:30 1563
Пайвандони Гулмурод Ҳалимов, полковники гумшудаи Вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, ӯ субҳи 23-уми апрел бо ваъдаи он ки пас аз 3 рӯз бармегардад, аз хона берун шуда, то ҳол бедарак аст.
Изҳороти ҲХДТ дар бораи "истеъфо"-и Исфандиёр Абдураҳмонов Ҷавонон ва варзиш 12.05.2015 23:28 1888
"Созандагони Ватан", ҷиноҳи ҷавонони Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, рӯзи 12 май бо нашри як изҳорот иддаои раиси собиқаш Исфандиёр Абдураҳмонов оиди "шеваи нодурусти мудирият дар ҲХДТ" -ро рад кард.
Ҷасади муҳоҷири тоҷик ба Душанбе интиқол дода мешавад Иҷтимоъ 12.05.2015 23:27 1342
Кумитаи тафтишоти Русия таҳқиққатли ваҳшиёнаи муҳоҷири 39-солаи тоҷикро дар ҳоле идома медиҳад, ки сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ин пажӯҳишро таҳти назорат гирифтааст.