08:40:20 17-уми Августи 2026 сол

Хазина аз

Сардабирон: Бастани сайтҳо зидди манфиатҳои кишвар аст Матбуот 02.06.2015 15:57 2117
Сардабирони расонаҳои интернетии Тоҷикистон мегӯянд, ҳанӯз ҳам дастрасии мушатроиён ба сомонаҳои онҳо имконпазир нашудааст ва ин амал ба онҳо соеби молӣ мерасонад.
Номи қотили Умаралӣ Қувватов то ҳол маълум нашудааст Иҷтимоъ 02.06.2015 15:55 1289
Наздикони УмаралӣҚувватов, раҳбари кушташудаи “Гурӯҳи 24” мегӯянд, бо гузашти қариб 3 моҳ аз қатли ӯ дар Истамбул пулис ҳанӯз ҳуввияти қотилро мушаххас накардааст ва дар чорчӯби ин парванда танҳо Сулаймон Қаюмов дар боздошт боқӣ мемонад.
Эрдуғон ба истеъфо меравад, агар халоҷои тилоияшро ёбанд Равзана ба ҷахон 02.06.2015 15:53 1274
Бо нороҳатӣ аз иттиҳоми мухолифон, ки президенти Туркияро ба хушгузаронӣ айбдор мекунанд, Раҷаб Тайиб Эрдуғон эълом дошт, агар раҳбари мухолифон халоҷои тилоии ӯро ёбад, истеъфо хоҳад дод.
Хуршед Муҳаммадзода фармондеҳи нави ОМОН шуд Хабар 02.06.2015 15:52 1172
Муҳаммадзода Хуршед Иззатулло фармондеҳи нави ОМОН-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъин шуда, дар ин вазифа полковник Гулмурод Ҳалимовро иваз кардааст.
“Як муллои салафӣ метавонад даҳҳо нафарро аз паси худ барад” Сиёсат 27.05.2015 21:34 1620
Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон (КДАМ) ҷараёни Салафияро хатаре ба суботу амнияти кишвар хонд ва минтақаҳои фаъолияти бештари пайравони онро ном бурд.
Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа: «Сурия ҷиҳод нест, ҷиҳод ин ҷост» Дин ва ҷомеъа 27.05.2015 21:33 3221
Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа, раиси шӯрои уламои Хатлон мегӯяд, ҷиҳоди воқеиро онҳое анҷом медиҳанд, ки дар ватан барои пешгирӣ аз дуздию бадахлоқӣҷадал мекунанд.
Ҷузъиёти даргирӣ дар наздикиҳои сафорати Тоҷикистон дар Кобул Иҷтимоъ 27.05.2015 21:31 1370
Тамоми шаби сешанбе ба чаҳоршанбе дар як меҳмонсарои қисмати дипломатии Кобул бо шӯришиёне, ки ба ин меҳмонсаро ҳамла карданд, даргирӣ идома дошт. Ин даргириҳо бо дамидани субҳи 27 май бо қатли 4 шӯришӣ ба поён расид.
Боздошти фиристодаи «Давлати исломӣ» бо шиносномаи тоҷикӣ Иҷтимоъ 27.05.2015 21:29 1444
Пулиси Молдова аз боздошти дастикам 11 нафари гумонбар ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» хабар дод. Яке аз онҳо бо худ шиносномаи тоҷикӣ доштааст.
60 000 сомонӣ ҷаримаи мушовири раиси ҲНИТ барои бисёрзанӣ Хабар 27.05.2015 21:28 1163
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мушовири раиси​ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Саидиброҳими Назарро бо ҷурми бисёрзанӣ 60 000 сомонӣҷарима баст. Ин хабар шоми 27 май тавассути барномаи “Ахбор”-и шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон нашр шуд.
Ду парвандаи фасод алайҳи раҳбарони ФИФА Равзана ба ҷахон 27.05.2015 21:26 1314
Додситонии Швейтсария аз оғози парвандаи ҷиноӣ дар робита ба чигуна ба даст омадани ҳаққи мизбонии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 ва Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 хабар дод. Рӯзи 27 май ҳамчунин 6 мақоми аршади ФИФА дастгир шуданд.