20:24:14 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ёди рӯзгори ширин

ЁДИ РӮЗГОРИ ШИРИН

Муштариёни сомонаи «Рӯзгор» дар номаҳои худ ва зангҳои телефонӣ аз ҳайати эҷодии сомона хоҳиши онро доранд, ки дар бораи бузургтарин овозхони форсигӯёни ҷаҳони муосир Аҳмад Зоҳир гӯшаеро ихтисос бидиҳем ва тозатарин маводҳоеро, ки дар бораи ин хунёгари нотакрор дар кишварҳои Тоҷикистону Афғонистону Эрон ва дигар мамолик ба нашр мерасанд, пешкаши табъи нуктасанҷи онҳо бигардонем. 

Ба назари муштариёни мо таҳияи осори Аҳмад Зоҳир ва дастраси алоқамандони мусиқӣ кардани он, омӯзиши мактаби ҳунарии Аҳмад Зоҳир аз аҳамияти вижае барои алоқамандон ва соҳибпешагони ҳунари мусиқӣ бархурдор аст. Мо дар ин гӯшаи хеш талош хоҳем кард, ки дар ин самт корҳоеро анҷом бидиҳем. Унвони ин гӯшаро «Ёди рӯзгори ширин» ном ниҳодем. Ёди рӯзгори ширин-як мисраъ шеърест аз як таронаи зебои Аҳмад Зоҳир. 

Ҳаққо, ки рӯзгори ҳар яки мову шумо гармиву сардиҳо, пастиву баландиҳо, талхиву шириниҳои зиёдеро бо худ ба ҳамроҳ дорад. Мо кӯшиш мекунем, ки сомонаи «Рӯзгор» оинаи рӯзгори мову Шумо бошад. Яъне Шумо дар он тамоми таззодҳои зиндагиро бубинед. Вале боз ҳам бо вуҷуди ин мо гӯшаеро «Ёди рӯзгори ширин» ном ниҳодем, то баробари дохил шудан ба он Шумо танҳо ба ёди рӯзгори ширин фурӯ биравед.

Бешубҳа, таронаҳои Аҳмад Зоҳир, сӯҳбатҳо дар атрофи ин шахсияти бузурги фарҳангӣ ҳар яки мову Шумо, ба хусус, насли аз чилсола болоро лаҳзае ҳам бошад, ба фикри мо, ба ёди он рӯзгорони ширину зебо мебарад. Мо тасмим гирифтаем, ки номаҳо ва хотираҳои Шуморо, муштариёни гиромӣ, ки дар робита бо Аҳмад Зоҳир ва таронаҳои ӯ навишта мешаванд, ҳатман дар ин гӯша ба табъ мерасонем.

То он ҷое, ки тавонамон мерасад, дархостҳои Шуморо дар бораи аз тариқи сомона пешкашатон кардани ин ва ё он суруди Аҳмад Зоҳир, матни таронаҳои ӯ, посух гуфтан ба суолҳо оиди зиндагиномаи ӯ, иҷро хоҳем кард. Аз ин рӯ интизори номаҳо ва ҳамкориҳои Шумо ҳастем. Мо кӯшишҳо ба харҷ хоҳем дод, ки Шумо ҳақиқатан ҳам ёди рӯзгори ширин кунед.

Аввалин матлаберо, ки мехоҳем пешкашатон намоем, мусоҳибаи журналисти маъруфи тоҷик шодравон Муҳиддини Олимпур аст, ки 16 сол муқаддам дар Амрико бо Зоҳира Зоҳир- апаи Аҳмад Зоҳир, Залмай Азиз- язнаи ӯ, Фахрия- завҷа ва Шабнам-духтари Аҳмад Зоҳир анҷом додааст, мебошад. Ин мусоҳиба ҳамон сол аз тариқи бахши форсии радиои Би Би Си садо додааст.

То ба имрӯз ин мусоҳиба бори дигар ва ба хусус варианти хаттии электронии он дар ягон ҷо ба нашр нарасидааст. Он имрӯз бори нахуст дар таҳияи Султони Ҳамад барои муштариёни сомонаи «Рӯзгор» пешкаш мегардад. Зимнан ёдовар мешавем, ки Худораҳматии Муҳиддин Олимпур аз ҷумлаи аввалин журналистони тоҷик аст, ки дар бораи Аҳмад Зоҳир гуфтори вижаеро дар барномаи телевизионии «Ситораҳои Шарқ» дар Телевизиони Тоҷик таҳия ва нашр намуда буд. Худованди бузург рӯҳашро шод, ҷояшро ҷаннат бигардонад.

Бо эҳтиром аҳли эҷоди сомонаи «Рӯзгор».



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi