15:45:20 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ёди рӯзгори ширин

ЁДЕ АЗ СУЛТОНИ ҚАЛБҲО - АҲМАД ЗОҲИР

Бо ибтикори аҳли завқ ва дилбохтагони ҳунари нотакрори Аҳмад Зоҳир, овозхони шаҳир, дар Душанбе як маҳфили ёдбуд бахшида ба зодрӯз ва ҳамзамон рӯзи вафоти ӯ баргузор шуд. Ин маҳфил шоирону нависандагон, оҳангсозон ва овозхононро аз саросари Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ҷамъ овард ва як базми зебои шеъру тарона ва хотираҳои ширинро созмон дод. Толоре, ки ҳамчун маҳфилгоҳи ёдбуди Аҳмад Зоҳир интихоб шуда буд, барои ҳаводорон ва дилбохтагони санъату ҳунари Зоҳир тангӣ мекард. 

Агар Аҳмад Зоир зинда буд, имрӯз, яъне 14-уми июн, 64-сола мешуд. Дар маҳфили ёдбуди Аҳмад Зоҳир ҳунармандони саршиноси тоҷик Ҷурабек Мурод, Ҷурабек Назрӣ ва овозхонҳо қариб аз тамоми нуқоти Тоҷикистон, ки сабку мактаби Аҳмад Зоҳирро пайравӣ мекунанд, ҳузур доштанд. 

Пайвандгари қалбҳо

Чуноне Султони Ҳамад, аз пажӯҳишгарони зиндагтномаву санъати ин марди ҳунар ва аз созмондиҳандагони ин маҳфил, гуфт, таронаҳои Аҳмад Зоҳир тавонист баъди 31 соли реҳлаташ риштаҳои қалби чанд наслро ба ҳам бипайвандад ва базми султониеро ба вуҷуд орад. 

Ҷурабеки Мурод, сарояндаи саршиноси тоҷик, зимни иҷрои таронае ба ёди Аҳмад Зоҳир дар бораи ӯ ва ошноиҳояш бо вай чунини ёдовар шуд: 

«Дар як сафари ҳунарӣ ва консерте, ки дар Афғонистон мо ҳунармандони тоҷик доштем, ман суруди «Модар»-ро бар матни Мирзо Турсунзода хондам. Баъди хатми суруд Аҳмад Зоҳир ба наздам омад ва маро гарм дар оғӯш гирифт ва гуфт, ман суруди модар зиёд хондаам ва шунидаам, аммо суруди шумо диламро реш кард». 

Ҷурбаке Назрӣ, донишманд ва ҳунарманди тоҷик, аз маҳфиле дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ёд кард ва гуфт, ки якҷо бо Аҳмад Зоҳир таронаи муштаракеро иҷро кардаанд, ки барояш мояи ифтихор ва басо хотирмон будааст. 

Вай афзуд, «он базм, ки аз соати 11-и рӯз то 2-и шаб идома ёфт, боз барои он дар ёди ман мондааст, ки ҳам русу ҳам узбаку ҳам чинӣ, ҳама ҳозир буданд ва ҳама Аҳмад Зоҳирро яксон дӯст медоштанд. Мо дар канори ҳам нишаста ва таронаеро иҷро кардем, ки хеле писанди ҳозирин гашт. Ҳеҷ кас бовар намекард, ки мо ин таронаро бе ҳеҷ тайёрӣ иҷро кардем. Хеле мардум кафкӯбӣ карданд. Воқеан ӯ ҳунарманди нотакрор буд». 

Маҳбубияти Аҳмади Зоҳир дар Тоҷикистон

Ва аммо адиби тоҷик Назри Яздон гуфт, яке аз сабабҳои маҳбубияти хосса пайдо кардани Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон, ин будааст, ки ӯ аслан бо забони ноби дарӣ хондааст ва дар татбиқи забони форсӣ ва мусиқии касбӣ хидмати чашмрасе кардааст. 

Ва мегӯяд, «Аҳмад Зоҳир ва забони ӯ намунаи беҳтарини забони ноби тоҷикӣ, дарӣ ва ниҳоят форсӣ буд. Ширин мегуфт, ширин месуруд ва марди хоксор буд. Ман ҳам дар назди арвоҳи ӯ қарздорам ва чуноне устод Ҷурабек Назрӣ гуфтанд, ман низ чандин шабро дар сӯҳбати Аҳмад Зоҳир субҳ кардаам». 

Аҳли ин маҳфили ёдбуди Аҳмад Зоҳир пешниҳод карданд, ки ҳар сол 14-уми июн маҳфили ёдбуди Аҳмад Зоҳир дар Душанбе бо ширкати ҳарчӣ бештари аҳли завқ ва дӯстдорони санъати ин марди ҳунар бо ширкати ҳаводорони ӯ аз ин се кишвари ҳамзабон – Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон баргузор гардад. 

Аҳмад Зоир 33 сол умр дидаву аз ин миён танҳо 15 солашро сарфи эҷоди суруду оҳанг ва иҷрои онҳо кардааст. Дар тӯли ин 15 сол беш аз 600 оҳанг эҷод кардааст, ки ҳар кадоме бо зебоиву нотакрорӣ, бесобиқа мебошад. То имрӯз чандин китобҳо ва рисолаҳои илмӣ ва ҳунарӣ дар робита ба ҳаёту эҷодиёти Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон ва зодгоҳи ӯ - Афғонистони ҳамҷавор таълиф ёфтааст. 

Бароти Юсуфӣ, Сафаргули Олимӣ, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/yodi-ruzgori-shirin/2484-2010-06-14-17-47-07.html

 



Шарҳҳо   

 
+3 #3 RE: ЁДЕ АЗ СУЛТОНИ ҚАЛБҲО - АҲМАД ЗОҲИРGuest 15.07.2010 19:04
درود بر شما بسیار سایت زیبا و آموزاننده است ولی اگر به نوشته فارسی میبود بهتر میشد و یکی از نامی ترین سایت های فارسی زبانان جهان میشد
به هر روی
بسیار کار های ارزنده را انجانم میدهید
سپاس
 
 
+2 #2 RE: ЁДЕ АЗ СУЛТОНИ ҚАЛБҲО - АҲМАД ЗОҲИРGuest 15.06.2010 11:31
Дуруд! Ахмад Зохир дар хакикат ситораест, ки чилояш равшангари зиндагиву созандагии хар яки мост.
 
 
+3 #1 RE: ЁДЕ АЗ СУЛТОНИ ҚАЛБҲО - АҲМАД ЗОҲИРGuest 14.06.2010 22:55
Durud bar kuli kalamkashoni somonai "Ruzgor"! Tashakkur ba janobi okoi Sulton Hamad baroi chunin yak mahfili khunyogari Mashrizamin Ahmad Zahir. Siposguzoram az hamai yoronu dustoni ishon.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi