Ёди рӯзгори ширин
БАРХЕЗ, АҲМАД!
Бархез Аҳмад, ба чашмам Зоҳир шав! Барои фасонаи ҷашни мавлуд бигӯям. Замоне буд – айёми тозаҷовониям. Сахт зебопараст будам. Чеҳраи зебо ва суруди фораму гулгулаангезат ба дилҳо мавҷи тӯфони муҳаббат мезад. Мисли ҳар як ҷавони 35-соли қабл. Он рӯзгор аксҳоятро дар мағозаву дӯкон, дар кӯчаву бозор, дар пештоқи манзил. Ҳамрадифи аксҳои арусии ҳар хонадон, баъзан дар паҳлӯи акси Гугуш медидам ва то дер гоҳ тамошояш мекардам...
Он замон ту оҳанги ниёзи ҳамзабониро бар гуши мо - ташнагони дурри дарӣ бо ифтихори том тараннум мекардӣ.
Садои зиндагии орому зебоят аз он сӯйи дарё марзҳои сиёсиро убур мекард. Ва аз қаъри дарёи Ому гавҳари ҳунари волои Кобулҷонатро ҷорӣ мекард. Сӯйи мо - ташнагони садойи ошно.
Аҳмади хушовоз!
Ҳунару истеъдоди нотакрори ту беҳтарин қосиди фарҳанги асил буд: Дар балху Бухоро, Самангону Самарқанд, Хоразму Исфаҳон, Форобу Фарғона, Хуросону Бағдоду Эрон, Аврупову Амрико ва кулли ҷаҳон.
Аҳмади хунарманд! Оё медонӣ? Аз он рӯзе ки тири ҷаҳолат тӯи ҳунармандро аз мо рабуд, ба сари сарзамини ШОҲНОМАСОЗ - и ту бозии АШКБӮСОНИ ҷаҳон оғоз шуд. Кобулҷонатро мисли орзуҳои ҷавонмаргат ба хок яксон карданд.
Бархез Аҳмад! Барои марде, ки зодгоҳаш ДИЛИ ОСИЁСТ - камоли шукуфойии ҳунар аст! Бори дигар садо кун! Сари кӯҳҳои баланди Осиё! Бо фарёди форами ҳунарат садои пурдаҳшати тиру тӯфанги ҷоҳилони абарқудратро хомӯш кун! То оҳанги зебову осмонпечи мусиқиат авбошони сарзаминатро зебопарастӣ омӯзанд. То ба ватани хастаҳоли ту ба ҷои силоҳ - инсоф, ба ҷои заҳр - шакар, ба ҷои ҷаҳл-муҳаббат арзонӣ кунанд. Гӯши ваҳдати Афғонистон имрӯз беш аз ҳама рӯз ниёз ба овози дилнавози ту дорад.
Бархез Аҳмад, бори дигар Зоҳир шав! Бо зеботарин фарёди ватандорӣ суруди меҳрубонӣ, ишқ дӯстӣ, ҳамдилӣ бихон! То мардумони ҷаҳонпарешони кишвари мардпарварат - шефтаи овоз ба сӯят бишитобанд ва бигӯянд: паёми сулҳ ва ҷашни мавлуд бар ту ва бар ватандорон муборак!
Оишаи БУХОРОӢ, "Рӯзгор"