04:49:30 07-уми Июли 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Март 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25
Внимание
  • Lack of access rights - File 'http:/scontent-arn2-2.xx.fbcdn.net/v/t1.0-0/c0.0.1117.294a/p600x600/91046110_3269520836411096_8955915738908983296_o.jpg'

Ёди рӯзгори ширин

«ХОТИРАИ ҶОВИДОНАИ АҲМАД ЗОҲИР»

Санаи 14.06.2020 ба марги фоҷиабори бузургтарин овозхони мардуми форситабори ҷаҳон Аҳмад Зоҳир расо 41 сол пур мешавад.

Ahmad zahir 4521545478666

Он рӯзи наҳсро бо гузашти 41 сол ҳеҷ аз хотир намебарорам. Он рӯз санаи 14-уми июни соли 1979 табиати нотакрори деҳи мо, як деҳи беҳад зебои куҳистонӣ, деҳи Қалъаи Ҳусайни ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз дар оғуши файзбори табиати басо зебои баҳорӣ қарор дошт. Чун табиати куҳистон аз минтақаҳои таҳдашти кишвар иқлимаш фарқ мекунад, маҳз 15-20 рӯзи аввали моҳи июн ин беҳтарин айёми баҳори куҳистони тоҷик ҳисоб меёбад. Нағз дар хотир дорам мактаббача будам ва бегоҳи аз куҷое ба хона омадам ва онҷо меҳмононе истода буданд ва бо ҳаяҷон ҳарф мезаданд. Бисёр ошуфта буданд ва онҷо фаҳмидам, ки сабаби ошуфтагӣ, дилхастагӣ, ҳаяҷон ва ашки чашмони онҳо куштор будааст ва боз чӣ кушторе, Аҳмад Зоҳир - бузургтарин овозхону хунёгари мардуми форситаборро дар Афғонистон ба қатл расонидаанд. Он замон буд, ки ашк аз чашмони мани наврас ва мактаббача ба сони борони найсони баҳорӣ мешориду мешорид. Ҳеҷ боварам намеомад, ки дигар ин овозхони маъруф, «Алмоси Шарқ», андалеби бозори ишқу муҳаббат, ки ҳамагон чӣ дар Тоҷикистону чӣ Афғонистону Ирон ва чӣ соири дигар кишварҳо ӯро мешуниданд, лаззат мебурданд ва таронаҳою оҳангҳои ӯро дар базму зодрӯзҳову ҷашнҳои арӯсӣ месароиданд, дигар дар байни мо ҳамзабонон нест.

 

Бо дили кӯчаку андешаи танги замони наврасӣ ҳис мекардам, ки мардуми форсизабон ва кулли ҷаҳон булбули хушовозеро аз даст дод, ки дар солҳои минбаъда таваллуди ӯ сахт номумкин хоҳад буд. Ба табиати зебои деҳаамон, ки сар карда аз гирду атрофаш то сари куҳҳои баланду дохили деҳ ҳама ҷо сабзи андар сабз буда, бӯи гулҳои куҳии баҳорӣ то ба деҳа мерасид ва булбулонро масту хумори хеш мекард, нигариста ҳамон лаҳза, андешае ба сари мани бачаяк расид. Медонед кадом андеша ба хотири ман расид, хонандаи азиз?

 

Шеъри «Фуруғи Фарухзоди сиёҳпичамарг:

 

«Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид,

 

Дар баҳоре равшан аз амвоҷи нур,

 

Оҳ шояд ошиқонам нимашаб,

 

Гул ба рӯи гӯри ғамнокам ниханд!»

 

Муқоисаи табиати баҳорӣ ва басо зебои зодгоҳам ва ҳалокати Аҳмад Зоҳир ва ин шеъри бо як ҷозибаи махсус сурудаи ӯ маро моту маҳбут мекард. Меандешидам, чӣ сире буда, ки овозхони маъруфи тоҷикзабон пеш аз марг ин шеърро гуфта ва дар ин рӯзи зебо ҷаҳонро тарк гуфта ва ба ин суоли худ ҷаҳони танги маънавию фарҳанги кӯдакиям ҷавоб меҷӯст ва мутаассифона дар иҳотаи куҳҳои сарбафалак кашидаи зодгоҳам ҷавобе он замон намеёфт. Он вақт ман ҳатто дар бораи Фуруғи Фарухзоду ашъори малакутии ӯ ва ҳалокати фоҷиабораш низ чизеро намедонистам ва дар бораи ӯ оянда замони донишҷӯи шунидам ва бо ашъораш шиносу дилдодаи ашъори ин адибаи ҷавонмарг шудам.

 

Он замони навраси бошад ин шеъри зеборо мо чанде пештар аз забони Аҳмад Зоҳир тариқи радиоҳо мешунидем ва мо наврасон қади деҳу аз кафои подаву мол сари куҳу теппа ин мисраҳои ҷонхарошро месароидему месароидем!

 

Он рӯз деҳаамон ва ҷавонон ҳамагӣ ғамгин буданд ва бояд гуфт, ки он рӯз ин хабарро дар зудтарин фурсат радиои «Озодӣ»-и ИМА, радиои «Аврупои озод» ва ҳамчунин ба фикрам бахши радиои форсизабонону паштузабонони Маскав ба самъи мардуми ҷаҳон расонида буданд, ки ҳама ҷо ба зуди аз ин фоҷиаи даҳшатнок огоҳ гаштаву дар сӯги Аҳмад Зоҳиру шеъру таронаҳои марғубаш ашк мерехтанд. Бояд гуфт, ки баъди чанде боз овозаҳо шуд, ки ин амали нангин кори дасти Ҳафизулло Амин - Муншии аввали Ҳизби Ҳалки демократии Афғонистон (гуруҳи халқиҳо) аст ва ин шахс гӯё ҷосуси амрикоиҳо буда бошад.

 

Ҳоло меравем сари фоҷиаи булбули шарқ Аҳмад Зоҳир! Ёд дорам бегоҳи дар кинохонаи деҳаамон, ки ҳамагӣ ҷавонону наврасон ба тамошои кино мерафтанд, танҳо як сухан мерафт, ки Аҳмад Зоҳирро босмачиён (он вақт дар деҳаи мо душманони сохти сотсиализмро яъне муҷоҳидонро чунин ном мебурданд ва тамоми сатҳи шӯравӣ аминам, ки чунин сиёсат мерафт) куштаанд ва наврасону ҷавонон дуои баде дар ҳаққи ба ном «босмачиён» ироаъа медоштанд.

 

Ҳаводоронаш аз сурдаҳои ӯ месароиданд ва то дер гоҳ ёди ӯро менамуданд ва касе низ бовари надошт, ки ин шахсияти умумимиллии мардуми форсизабон ҳалок шуда бошад, чунин ҳолати ҳамдеҳагонро соли 1977, моҳи сентябр, вақто, ки ба деҳаамон беҳтарин ширинкори водии Дарвоз , мудири мағозаи ҳамсоядеҳ бобои Мирзошарифи худораҳматӣ овард, касе бовар намекард ва барои мардуми зодгоҳи ман устод Мирзо Турсунзода дар тассавуроташон як руҳи тавоно, ҷозибанок, абадзиндаву ифтихори тоҷикону кӯлии форсизабони дунё таҷассум меёфт (дар ҳақиқат ҳамин тавр низ буд!) ва касе ба ин суханони даҳшатноку шум оиди вафоти шоири миллии шӯравию тоҷик бовар кардан намехост, то замоне, ки рӯзи дигар хаткашон аз маркази ҷамоати деҳшӯро рӯзномаву маҷалаҳоро овард ва дар саҳифаҳои аввали рӯзномаҳои маскавӣ ва ҷумҳуриявӣ акси нуронии устод Турсунзодаро бо таъзияномаву номҳои Леонид Брежневу Косигину Андропову дигарон надидем!

 

Рӯзи дигараш озими лаби дарёи деҳаамон, руди Сарвоб, ки баҳорону аввали тобистон бо як ҷаззобияти махсус ва то андозае даҳшатнок гурида-гурида аз боло, аз камари куҳҳо рост аз поёни деҳа ба худ роҳ кушода, худро дар поёни деҳаамон ба руди Хингоб мезанад ҳамроҳи бачаҳо рафтем. Ба руди ҷаззобу оби мусаффои кабуду шафофи он то дер гоҳ назар андухтем. Руди пуроб мавҷ зада болову поён шуда, дар зери шуъои нурҳои офтоб оби тозаву зулоли худро гӯё намоиш дода пеш мерафт. Ба назари ман дарёи деҳи ман ба хотири марги пурфочиаи овозхони номвари миллати форсизабон дар ин баҳорони зебо ва саропо пур аз гулҳову арчазори сарсабзу хуррам ва афсонавӣ ашк мерехт ва ин мавҷу туғёну нооромии дарёи шухи куҳистон нишони чунин навхасароӣ буд. Он вақт буд, ки бо ақли кӯдаконаи худ ба ибораи номи дарёи зодгоҳам, ки аз хурдӣ то замони навхаттӣ манро чун модари мехрубон ҳама вақт дар канор гирифтаву навозиш намудаву калон намуда буд, барои аввалин бор аз лиҳози мантиқӣ аҳамият додам. Дарёи Сарвоб ва Инқилоби Сарви Афғонистон (инқилоби апрелии Афғонистон дар соли 1978-аниқтараш табадулоти дарборӣ)! Чӣ монадие ба шигифт меомадам ман! Он вақт намедонистам, ки яке аз сабабҳои ҳалокати Аҳмад Зоҳир, маҳз ҳамин инқилоби дуруғини дар моҳи апрел ташкилнамудаи КГБ-и шӯравист ва ин табадуллоту инқилоби дуруғин Ҳафизулло Амину дигар гуруҳҳои «почакандаро» сари қудрат меорад ва дар зарфи даҳ соли аввали инқилоб ҷони ду милллион одамро мегирад ва Аҳмад Зоҳири бузург яке аз ҳазорон қурбонии ин ҷанги эъломношуда ҳаст! Он замони наврасӣ ақли кӯчаки мо ба ин чиз намерасид ва танҳо дар хаққи Ҳифизуллоҳ Амини душману ҷосуси амрикоӣ» дашном мефирстодем, то Худованд ҷазояшро диҳаду ҷонашро бигирад ва ахиран баъди чанд моҳе ин амал иҷро гашт ва шодию сурури мо наврасонро ёд дорам ҳаду каноре набуд. Ба ҳар ҳол ин шахс бо писари кӯчаки худ аз тарафи хоҷагони шӯравии худ бо як амали таҳқиромез кушта шуд ва худованд худаш доною тавоност ва касеро барои амали ҷинояткорона ва хунрезияш бе подош нахоҳад гузошт!

 

Аз байн солҳо гузаштанд ва мо наврасони дина рӯз донишҷӯ шудем, хизмати ватанро анҷом додем ва корҳои зиёдеро низ дар ҷомеа солиёни дароз анҷом додем. Аз он замони марги Аҳмад Зоҳири номвар то ба имрӯз садҳо дарёҳо ҷориву ба баҳрҳо рехтанд ва руди куҳии зебою шухи поёни деҳам ман руди Сарвоб низ бештар аз чиҳил сол боз оби софу зулоли худро ба оғуши дарёи пурғурур ва афсонавии Хингоб интиқол медиҳад ва ҳама вақт бахусус ибтидои моҳи июн дар деҳаи ман баҳор дар авҷ ҳаст ва руди пуроби деҳа мавҷ-мавҷ мезанад чун мавҷҳои дарёи азими Днепр! Ба хотир оред, таҷассуми мавҷзании Дарёи Днепрро аз достони маъруфи «Мавҷҳои Днепр»-и устод Мӯъмин Қаноат. Ба назарам камина рӯди зодгоҳи ман то ҳод дар сӯги овозхони маъруфи тамоми олами форсизабонон Аҳмад Зоҳир ашк мерезад ва ин ашкҳои рӯдро ҳамасола дар мавҷу кафкҳои баланди ин рӯди куҳӣ дар моҳи июн ба хубӣ метавон мушоҳида кард.

 

Аз он замон то кунун таронаву навоҳои ин овозхони бузург, ки дар айёми ҷавонӣ, бо айби кӯрдилону тиҳимағзону чанд оқипадару ҳасуд сари сабз ба хоки сард ниҳодааст бо ман ва кулли мардуми тоҷику тоҷикзабонон ҳаст.Фитаҳои сабти овози ӯ ҳам замони донишҷӯи, ҳам замони пахтачинӣ, ҳам замони меҳнати зарбдори донишҷӯи дар канораҳои Иттиҳоди шӯравии бузург ҳамроҳи ману дигар ҷавонони тоҷик будаанд ва барои насли ману наслҳои пешину баъдӣ, ҳама вақт ифтихору илҳомбахши худшиносии миллӣ ва дӯст доштани забону фарҳанги миллии хеш буданд ва ҳастанду хоҳанд монд!

 

Аз он вақт то кунун ҳазорон овозхонон, ҳунармандони кишварҳои форсизабон ва дигар халқҳо аз таронаву оҳангҳои ин овозхону хунёгари нотакрор руҳу илҳоми тоза гирифта истеъдоди худро дар мактаби бузурги ҳунарварии ӯ сайқал додаанд. Аз он вақт то кунун аз ӯ ҳама вақт мардум бо як эҳсоси гарму дилбастагии хосае ёд кардаанд ва мекунанд.

 

Аз он замон то дина рӯз (во ҳасрато, ки устод дар аёми баҳорони ғарқи гули лола ин ҷаҳони фониро тарк гуфт) хунёгару овозхони маъруфи миллатамон ва кулли форсизабонони ҷаҳон Ҷӯрабек Назрии машхур ва соҳибмактаб ва дӯсти наздики Аҳмад Зоҳир садҳо оҳанг эҷод кардаву садҳо тарона сурудааст ва садҳо бор ёди рафиқи аёми бачагии худро кардааст.

 

Аз он вақт то кунун адибу рӯзноманигори маъруфи миллат, чеҳраи саршиноси фарҳангии миллати тоҷик ва кулли мардуми форсизабон устод Султони Ҳамад садҳо саҳифаи коғази сафедро сиёҳ кардаву хотираву ёддоштҳои ин шахсияти калидии фарҳангии мардуми форстабор ва нақши ӯро дар рушди фарҳанги миллату минтақа ва ҷаҳон ба оламиён бозгӯ намудааст (афсӯс сад афсӯс устод Султони Ҳамад ин таҳқиқгари беҳамтои аҳамдзоҳиршиноси дар сатҳи ҷаҳон, соли гузашта дар аёми баҳор чун Аҳмад Зоҳири бузург барои абад моро тарк намуд)!

 

Аз замон кӯдакӣ то ҳол меандешам ва ин суханҳоро дар мақолаҳо ва дар яке аз суҳбатҳои охирини телефонӣ бо устод Султони Ҳамад ироа дошта будам, ки чунин аст: "Худованди лакбахш гоҳ-гоҳ ба бандагонаш ашхосеро пештар мефиристад, ки мардумро бо ҳунару кору амалашон пешрав кунанд ва масал барои ин Ибни Синои бузург ва ё дигар мардони илм дар таърих ҳастанд. Шояд баъди 4-5 аср таваллуд мешуданд, вале Худованди таоло меҳрубонӣ намуда, онҳоро барвақтар ато мекунад ва дар ин росто Аҳмад Зоҳири бузург бояд дар асрҳои 22 ва ё 23 барои мардуми форсизабон ато мешуд, вале Худои меҳрубон ӯро барои мо порситаборон дар асри 20 арзонӣ дошт!» Ин андешаи банда ба устод Султони Ҳамад бисёр он вақт хуш омада буд ва ба каминаи камтарин барои ин андеша офарин мегуфт.

 

Фикр мекунам, ки номи Аҳмад Зоҳир ва кору амалаш дар солҳои баъдӣ низ барои мардуми форситабор чун овозхони №1 боқӣ мемонад ва ҳама ояндагон аз истеъдоду ҳунари волову зебои ӯ баҳравар гашта, доираи донишу хониши худро дар фаҳмиши забони модариямон ва азхудкунӣ ва фаҳмиши ашъори баландмазмуни шоирони ҷаҳониямон чун Мавлои Балхӣ, Шайх Саъдӣ, Ҳофиз, Ҳилолӣ, Лоҳутӣ, Ҳалилулоҳи Халилӣ, Эраҷ Мирзо ва дигарон ва ҳамчунин баланд бардоштани ҳуввияти тоҷикона ва умумипорсӣ боло хоҳанд бурд. Устод Аҳмад Зоҳир ва эҷодиёташ аллакай аз солҳои 60-уми асри пор то инҷониб дар роҳи мехкӯб намудани доираи забони форсии тоҷикӣ дар Афғонистон он гуна кореро анҷом додааст, ки ҳазорон пажуҳишгоҳҳо бо ҳазорон академику профессорон бо миллиардҳо доллар бӯҷа низ ин корро анҷом дода наметавонанд. Аз ин рӯ шахсан мо тоҷикон назди руҳи поки ин хунёгару овозхони умумипорсӣ ҳама вақт қарздорем ва даст ба дуо бурда ба хотираш дуо мекунем, ки Худовандо хонаи охираташро обод нигаҳ дорад ва биҳишти барин ҷою маконаш буда бошад. Дар ин росто ба ду шахсияти умумипорсӣ, устодони азиз Ҷӯрабеки Назрӣ ва Султони Ҳамад низ арҷи беандозаи худро гузошта (ин шахсиятҳои бузург низ чун дӯсти бузурги худ дар баҳорон ҷаҳонро тарк намудаанд ва барости онҳо дар зиндагӣ зебопараст буданд, марги онҳо низ баҳорони пур аз амвоҷи нур ва ғарки гул низ тассодуфӣ нест) ва барои онҳо низ дасти дуо мебардоем. Худоё, Худовандо, ҷояшонро ҷаннат бигардонад. Ёду хотираи некашон то ҷаҳони порси аст, дар дилу дидаи мо боқӣ хоҳад монд.

Омин Оллоҳу Акбар!

Варқаи Зайниддин, Узви ИЖЧТ,

махсус барои сомонаи «Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi