14:43:40 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ёддошт ё хотирае аз Сӯҳроб Шарипов, шахсияти маъруфи сиёсӣ, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор ва вакили мардумӣ

Ман соли 2007 факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро ҳамчун омӯзгор хатм карда, дар назди худ мақсад гузоштам, ки ба кори илмӣ машғул шавам ва ба Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор дароям ва дар соҳаи сиёсатшиносӣ кори илмӣ –тадқиқотӣ барам. Ба ҳамин мақсад ба назди роҳбари МТС, олим ва сиёсатшинос, устод Шарипов Сӯҳроб Ибронович омадам.

suhrob-sharifov_544545.jpgОн кас маро бо як меҳрубонӣ ва эҳтиром қабул карда, сабаби омаданамро ба наздашон пурсон шуд. Ман ҷавоб додам, ки устоди азиз, мехоҳам дар ин муассисаи бонуфузи илмӣ, ки шумо роҳбарӣ мекунед, кор кунам. Бояд гуфт, ки ин олим ва шахсияти росткор ба дӯстон ҳама вақт дасти  мадад дароз мекард, ҳамаро бо як чашм нигоҳ мекард, барояш аз кадом минтақа будани шахс аҳамият надошт. Барои вай муҳим ин буд, ки шахс бояд кордӯст, масъулиятшинос, дорои маҳорату касбият, ватандӯсту миллатдӯст бошад.

Устод ба ман бо як меҳрубонӣ гуфт, ки бародари азиз, шумо нав донишгоҳро хатм кардед, рафта дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ аз рӯи касби худ, ба ҳайси омӯзгор корро оғоз кунед, фарзандони мардумро таълиму тарбия диҳед, таҷрибаи корӣ ва таҷрибаи зиндагӣ гиред, баъди панҷ сол биёед, ман шуморо ба кор мегирам. Ман сухани устоди гиромиқадрро нашикаста,  изҳори ташаккур кардам, аз суханони таъсирбахши он кас як ҷаҳон маънӣ гирифтам ва корро ба ҳайси омӯзгор аз фанни забони хориҷӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5 ш. Душанбе  оғоз кардам.

Пас аз сипарӣ шудани панҷ сол, боз ба назди ин устоди гиромиқадр рафтам ва ин олими меҳрубон мисли пештара маро пешвоз гирифт ва сабаби омаданамро пурсид. Ман ханда кардаму  гуфтам, ки устод, шумо маро барои кор ба мактаб ба ҳайси омӯзгор равона карда будед ва гуфтед, ки баъд аз панҷ сол биёям. Устод табассуме карда гуфт, ки агар ваъда дода бошам, ба ваъда бояд вафо кард. Устод афзуд, ки бояд ариза нависам, вале чун мебояд ба сафари хизматӣ ба Олмон мерафт, гуфт, ки пас аз омадан аз сафари хизматӣ аризаро мебинанд ва маро огоҳ хоҳад кард. Ман хуб гуфта, боз ба мактаб, ба ҷои корам баргаштам ва ҳеҷ боварӣ надоштам, ки маро ба кор мегиранд.

11 ноябри соли 2011 устод аризаи маро имзо карда, ба ман хабар дод. Ман аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидам. Ҳамин тавр, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ чун коршиноси масоили сиёсӣ ба кор оғоз кардам.

30 декабри соли 2011 Сӯҳроб Шарипов ба сабаби номзад ба вакилии парлумон шуданашон, бо фармони Президенти ҶТ аз роҳбарии МТС озод шуд. Боре устод маро даъват карду пешниҳод намуд, ки дар маъракаи интихоботӣ шахси боэътимод ва ёвари вай шавам. Ман ин пешниҳодро шунида, хело хурсанд шудам, ки устод ба ман боварӣ ва эътимод кардааст. Бо ҷону дил пешниҳоди  устодро қабул кардам, корро оғоз намудем ва то охири умрашон ҳамчун шогирди вафодор ва шахси боэътимоди он кас ҳамроҳаш будам.

С.И. Шарипов муддати се сол дар парлумони кишвар ҳамчун вакили  ватандӯсту миллатпарвар ва ҳамчун коршиноси варзидаи масоили сиёсат, иқтисод ва фарҳанг манфиатҳои миллату давлатро ҳамеша ҳимоя мекард. Сӯҳроб Ибронович як шахсияти хело одиву фурӯтану ватандӯсту хайрхоҳ буд. Ҳисси миллии ин олими бузург баланд буд ва дилаш ҳама вақт соф буд. Ман бо устод робитаи наздик доштам. Чун вақти хӯроки нисфирӯзӣ мерасид, ба ман телефон карда, мегуфт, ки чизе барои хӯроки нифирӯзӣ биёр, ки ман сари кор ҳастам. Ман мепурсидам, ки чӣ биёрам, мегуфтанд, ки чанд дона «пирожки» биёр бас. Ба пешниҳоди ман дар бораи ба ягон ҷо ба ғизохӯрӣ рафтан ҷавоб медод, ки рафтану омадан вақтро мегирад, вале ман бояд кор кунам. Ҳамин тавр, устод ҳар як фурсату ҳар як дақиқаи вақтро ба кори ҷамъиятӣ ва ба кори илмӣ сарф мекард. Шахси хеле хоксору заминӣ буд.

Устод ҳамеша дар хидмати миллату давлат буд. Он кас як шахси ватандӯсту миллатдӯст ва олими тавоною варзида буд. Устод дар нашрияҳои гуногун зиёда аз 500 мақола чоп кард, дар радио ва телевизион садҳо мусоҳиба анҷом медод. Муаллифи чанд китоби бузургҳаҷм буд. Таҳти роҳбарии устод 18-шогирд рисолаи илмиро ҳимоя кардаанд.

Бисёр олимони ҷавон мехостанд, ки маҳз устод роҳбари илмиашон бошад. Аммо мутаассифона, устод 2 январи соли 2015 дар беморхона бистарӣ шуда буд ва ман хабар надоштам. Аз беморхонаи Қарияи боло ба ман занг зада, хоҳиш кард, ки натиҷаи таҳлили хунашро, ки дар шифохонаи дигар будааст, барояш биёрам. Ман хеле дар ҳайрат монда, нигарон шудам, ки ба устод чӣ шуда бошад. Зуд назди он кас рафтам ва аз аҳволаш пурсон шудам. Гуфт, ки ташвиш накаш, табибон мегӯянд, ки «камхунӣ (анемия) дорам. Хешу таборони дигар низ дар он ҷо ҳузур доштанд. Устод ҳамаи онҳоро ҷавоб дода, гуфт, ки пешам фақат Ҳикматулло биистад шуд, шумоён аз пайи кору зиндагиатон шавед.

Бо ҳамроҳии устод дар гирду атрофи беморхона сайру гашт мекардем, устод бисёр чизҳоро ба ёд меовард, аз давраи донишҷӯӣ, фаолияташ дар Дастгоҳи иҷрояи Президенти ҶТ нақл мекард, шӯхӣ мекард.  Мегуфт, ки дар кори дипломатия ва дар сиёсат устоди ман Президенти кишвар муҳтарам Эмомал Раҳмон мебошад, ман аз он кас дарси ибрату дарси намуна мегирам. Устодам — Президенти мамлакат бисёр чизҳоро ба ман омӯхт, ман он касро ҳамчун устод, ҳамчун роҳбари хирадманд ва ватандӯст дӯст медорам. Президенти муҳтарам мегуфт, ки  ман ба ту боварӣ дорам бачаам, ҳамчун додар, ҳамчун шогирд, зеро хислати ман дар ту аст, ту ватандӯст ҳастӣ. Ва изофа кард, ки дар кори илмӣ бошад, падарам, таърихшиноси варзида шодравон Иброн Шарипов устодам мебошад.

Сӯҳроб Ибронович шахсони бофаросату донишмандро эҳтиром мекард, чунки худаш  шахси бофаросату босавод буд. Он кас як рӯз маро даъват карда гуфт, ки мехоҳанд аз парлумон равад ва ба кори илмию омӯзгорӣ дар донишгоҳ машғул шавад. Ман ҷавоб додам, ки шумо бояд ҳатман фикри Ҷаноби Олӣ, Президент Эмомалӣ Раҳмонро фаҳмед. Аз байн  чанд вақт нагузашта, Сӯҳроб Шарипов маро боз даъват карда, бо як табассум гуфт, ки маро Устоди меҳрубонам — Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуюмбора  номзад ба вакили парлумон пешбарӣ карда ва бо як меҳрубонӣ гуфт, ки Сӯҳроб, онҷое ки Шумо ҳастед, онҷо рақиб нест ва рақиб бошад ҳам,  мегурезад. Ман хандида гуфтам, ки муҳтарам Ҷаноби Олӣ ман то рӯзе барҳаёт ҳастам, барои Ватан ва миллат хизмати содиқона мекунам ва сиёсати хирадмандонаи Шумо — устоди азизро дастгирӣ мекунам. Ман аз ин суханонашон хело хурсанд шудам ва устодро табрик намудам. Вай ба ман гуфт,ки пас вазифаи ёвариро боз давом медиҳед, гуфтам албатта, мо бояд барои ватану миллати худамон хизмат кунем ва сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлатро дастгирӣ кунем, мо ҷавонон бояд чунин сиёсатро чун гавҳараки чашм ҳифз ва пуштибонӣ намоем.

Ин олими сиёсатшиноси варзида вақте ки  соли 2005 — роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ таъин гардид, аллакай  як ҷавони хело пуртаҷрибаву нотарс буд. Ба туфайли ӯ МТС на танҳо дар соҳаи сиёсати дохилӣ, балки дар риштаи сиёсати берунӣ  низ як ташкилоти хело номдору бонуфуз шуд. Ин олими варзида на танҳо дар байни сохторҳои дохилӣ, балки дар байни созмонҳои байналмиллалӣҳам соҳиби обрӯю эътибори  зиёд гардид ва номи Тоҷикистонро баланд бардошт. Масъалаҳои  сиёсати дохилӣ ва берунаро таҳлилу тадқиқу арзёбӣ мекард. Умуман, ин олим баҳри он талош мекард, ки ҳамеша манфиатҳои давлату миллатро дар ҳамаи маврид ҳимоят кунад  ва ҳама вақт манфиатҳои милату давлатро аз нафъи шахсии худ боло медонист. Он кас фидоии ин миллату давлат буд, ҳамеша  мегуфт, ки дар умум баҳои фаъолияти ҳар яки моро таърих нишон медиҳад, зеро маҳз таърих довари воқеӣ аст. Устод таърифи худ ва дар бораи худаш навиштанро намеписандид. Худ ҳар чизе, ки менавишту дар нишастҳову дар конфронсҳову дар мусоҳибаҳо ва суханрониҳо мегуфт, фақат ва фақат ба манфиати давлату миллат мегуфт, ҳамеша масоили мубрами сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва мушкилоти ҷомеаро амиқан таҳлилу арзёбӣ мекард. Таҳти роҳбарӣ ва назорати бевоситаи устод кормандони марказ  гузоришҳои таҳлилӣ таҳия мекарданд, конфронсҳои илмию амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро созмон медоданд, стратегияи асосии рушди кишварро мушаххас месохтанд. Ва ин таҳлилҳо ба Президенти кишвар, ба Ҳукумат, ба сохторҳои гуногуни давлатӣ расонида мешуданд ва аз рӯи он асноди ҷиддии пешрафти давлату ҷомеа омода мегардид. Аз сӯи дигар, Устод шахсан афкори андешамандона ва олимонаи худро ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои барномаҳои давлатӣ, консепсияҳо ва санадҳои муҳими дигар пешниҳод мекард. Ҳамчун як коршиноси варзидаву шинохта дар соҳаи сиёсат дар дохилу берун аз дохили кишвар шахсияти шинохта буданд, ҳама он касро ҳамчун як шахси ростгӯву ростқавл дӯст медоштанд ва эҳтиромашро ба ҷо меоварданд. Сӯҳроб Шарипов вақте ки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, дар доираи фаъолияти сесолаи  кориаш дар парлумон дар таҳияи як силсила ҚонунҳоиҶТ ва дигар санадҳои қонунгузорӣ фаъолона ширкат мекард. Масалан, саҳми устод дар омода кардани  Қонуни ҶТ «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ», Қонуни  ҶТ «Дар бораи консепсияи давлатии соҳаи дин», таҳияи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи обу энергетика, таҳияи консепсияи сиёсати хориҷӣ, таҳлилу арзёбии Аҳдномаи савдои озод дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (рушди иқтисод), масъалаҳои консепсияи  таъсис ва нигаҳдории ҷойҳои корӣ дар ҶТ, таҳияи стратегияи миллии пешгирии ифротгароӣ ва чандин қонуну санадҳои дигар саҳми бориз гузоштааст.

Сӯҳроб Ибронович дар давоми ҳаёти кутоҳмуддаташ ба ҳамаи орзуҳои худ расид. Ба саволи банда, ки дар дил чӣ орзуҳо доштед, худи ў чунин нақл карда буд:

«Ман аз он хурсандам, ки бо кумаки Худованд тамоми орзую мақсадҳоям ҷомаи амал пўшиданд. 1. Орзу доштам ба Донишгоҳи Давлатии ба номи Ломоносови Москва дохил шавам, шудам. 2. Мақсад доштам номзад ва доктори илмҳои сиёсатшиносӣ шавам. Ин ҳам амалӣ шуд. 3. Орзуям навиштан ва аз чоп баровардани китобҳоям буд. Дар ин самт 3 китоби ман аз чоп  баромад. 4. Дар назди худ мақсад гузоштам, ки ба миллату ватани худам содиқона хизмат намоям ва дар ин роҳ тамоми донишу малакаамро сарф кунам. Баъд аз бозгашт ба Душанбе соли 1998 сараввал якчанд муддат муаллимӣ кардам. Сониян дар як ташкилоти хориҷӣ кор кардам. Сипас ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ даъват шуда, дар раёсати таҳлилӣ ба ҳайси таҳлигар ифои вазифа доштам. Бо сипарӣ шудани  муддате маро ёрдамчии Президенти ҶТ таъин карданд. Дар давоми солҳои 2005-2011 дар вазифаи роҳбари МТС-и назди Президенти ҶТ фаъолият намудам. Як вақт ба Арабистони Саудӣ рафта будам ва Каъбатуллоро ҳам зиёрат кардам, ҳоҷӣҳам шудам. Фарзандони хуб тарбия кардам. Соли 2011 аз тарафи Роҳбари давлат номзадиам ба парлумони кишвар пешниҳод гардид ва ман вакил интихоб шудам».

Ин фарзанди фарзонаи миллат як сиёсатмадори ватандӯст ва меҳанпарвар буд. Устод ягона коршинос ва сиёсатмадоре буд, ки дар арсаи сиёсат ба ҳар як таҳдидҳои беруна ҷавобҳои муносиб медод, барои ҳамин ин олими варзидаро Стратеги № 1 – и Тоҷикистон меномиданд ва ҳамаи олимону сиёсатмадорони Осиёи Марказӣ ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ он касро мешинохтанд ва ҳамчун як сиёсатшиноси варзида ва стратег эҳтиром мекарданд.

Мутаассифона, тавре ки мегӯянд, дунё бевафо аст ва устод Сӯҳроб Шарипов дар айни камолоти умр дар сини 52- солагӣ, 19 январи соли 2015 дунёро падруд гуфт.

Хотираи ин олими саршинос, шахсияти маъруфи иҷтимоӣ, инсони неку шариф ҳамеша дар қалбҳои ҳамкорону шогирдону дӯстону пайвандонаш боқӣ хоҳад монд.

Бузургон ҳар куҷо овора  миранд,

Ба тадбиранд вале бечора миранд.

Устод умри кӯтоҳи хешро беҳуда сарф накарда, баҳри халқу миллат, манофеи миллат ва ё ба ибораи дигар, барои арзишҳои волои инсонӣ саъю талош намудааст. Ҳар як сухани устод, ҷавҳари андешаҳои ӯ, хотироти нотакрор ва сабақомӯзандаи ӯ дар лавҳаи хотири ҳар яки мо нақш  бастааст. Марги Сӯҳроб Ибронович барои Тоҷикистон як талафоти ниҳоят калон арзёбӣ мешавад, зеро ӯ сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ буд.

Аз дил наравад ёди ту, гар хун равад аз дил,

Ёди ту чу хун нест, ки берун равад аз дил!

Мо, шогирдон ифтихор мекунем, ки чунин устоди ҷасуру донишманд, шахси ватандӯст, содиқ, вафодор, ҳимоятгари манфиатҳои Халқу Миллат ва Ватан доштем.

Шунидаед, ки осоиши бузургон чист?

Ба хотири бечорагон наёсуданд,

Ба кохи даҳр, ки олоиш аст бунёдаш,

Вуруд  гаштану домани худ наёлудан.

Ҳикматулло ХОҶАЕВ, коршиноси масоили сиёсии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi