12:29:40 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"Толибон" ва паштунҳо: он сӯи дигари масъала

Абдуллоҳи Раҳнамо, барои «Рӯзгор»

Фаъолияти ҳаракати "Толибон" дар ниҳоят боиси бӯҳронҳои амиқи дарунии қавми паштун ва пеш омадани "инқилоби қавмҳо" дар Афғонистон гаштааст.

Яке аз масъалаҳое, ки дар афғонистоншиносии муосир мавриди таваҷҷӯҳ аст, моҳияти қавмии ҳаркати "Толибон" мебошад. Бахше аз таҳлилгарон ба ин назаранд, ки "Толибон" на танҳо ҳаракати сиёсию низомию динӣ, балки як ҳаракати қавмии паштунгаро низ буда, дар асл яке аз унсурҳои лоиҳаи калони "Паштунистони бузург" ҳастанд.

2.taliban august-2013

Ин коршиносон гоҳо мафҳумҳои "толиб" ва "паштун"-ро ҳаммаъно ва ё такмилдиҳандаи ҳамдигар медонанд. Ҳақиқат доштан ё надоштани ин тасаввур мавзӯи ҷудогона аст, аммо масъалаи ҷолиби дигаре, ки рӯи он низ бояд таваҷҷӯҳ шавад, таъсири амалии фаъолияти ҳаракати "Толибон" ва таъсири имеҷи паштунгароии онҳо бар вазъияти воқеии мардуми паштун дар Афғонистон аст.

Яъне, оё фаъолияти "Толибон" то имрӯз манфиатҳои воқеии қавми паштунро таъмин намудааст ва ё ба зарари манфиатҳои ин қавм тамом шудааст? Омӯзиши масъала нишон медиҳад, ки бо вуҷуди бо номи ҳаркати миллигароии паштунҳо машҳур шудани "Толибон", фаъолияти ин ҳаркат дар кулл, ба нафъи қавми паштун, хусусан, ба нафъи мардуми оддии паштун анҷом нашудааст. 

1. Ҳамчун ҳаракати паштунҳо шинохта шудани "Толибон" боиси ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи Афғонистон латма дидани эътибори қавми паштун гаштааст.

Хусусан, падидаҳое чун хушунати намояндагони "Толибон", муносибати онҳо бо масъалаҳои фарҳангу маориф ва аз ҷумла, бо масъалаи ҳуқуқи занон ва таҳсили духтарон, тафсири танги онҳо аз шариати исломӣ, муносибати онҳо бо намояндагони қавму миллиятҳои дигари Афғонистон, аз ҷумла, дар рафти ҳамла ба бахшҳои шимоли кишвар ва ғайра боис гаштанд, ки қавмҳои дигари Афғонистон аксари ин амалу муносибатҳоро ба қавми паштун нисбат диҳанд. Деҳаҳо ва боғзорҳои харобшуда ва сӯхташуда, ки имрӯз ҳам дар минтақаи "Шимолӣ" (ноҳияҳои шимоли Кобул то оғози минтақаи Панҷшер), ҳазораҷот ва баъзе бахшҳои вилояти Балх боқӣ мондаанд, дар зеҳни мардуми ин минтақаҳо даҳшати ҳуҷуми "Толибон"-ро то имрӯз зинда нигоҳ медоранд.

Ҳамчунин, дар ин давра дар афкори умумии Афғонистон ҳамчун "нирӯи дастнишондаи хориҷӣ", хусусан, ҳамчун "олати дасти Покистон ва Амрико" шинохта шудани Толибон низ дар масъалаи эътибори паштунҳо назди қавмҳои дигари кишвар таъсири манфӣ гузоштааст. Қавмҳои дигар, ки дар солҳои ҳуҷуми "Толибон" асосан ҷабрдида буданд, дар мавриди чӣ тавр "дар ҳамкорӣ бо кишвари бегона ба бародарони ҳамватани худ ҳуҷум намудани паштунҳо" саволҳои зиёде доранд.

Албатта, аксари шахсиятҳои илмию фарҳангӣ ва доираҳои таҳсилкардаи паштунҳо аз нисбат додани амалҳои "Толибон" ба қавми паштун нороҳат буда, онро комилан рад мекунанд. Вале ба таври умум, амалкарди "Толибон" ва инъикоси васеъи он дар ҷомеа қавми паштунро дар баробари қавмҳои дигари Афғонистон то ҷое "забонкӯтоҳ" намуда, аз назари равонӣ дар ҳолати хиҷолат қарор додаст.

2. Ба сафи "Толибон" ҷалб шудани мардону ҷавонони паштун боиси ворид шудани зарарҳои калони инсонӣ ва иҷтимоӣ ба ин қавм гаштааст.

 Гарчӣ дар сафи "Толибон" намояндагони қавмҳои дигари Афғонистон низ мавҷуданд, вале аксарияти ҳайати фармондеҳӣ, сиёсӣ ва ҷангии ин ҳаракатро намояндагони қавми паштун ташкил медиҳанд. Аввалан, дар солҳои авҷи фаъолияти "Толибон" даҳҳо ҳазор нафар мардони паштун дар сафи ин ҳаркат буда, аз фаъолияти солими ҷамъиятӣ ва ҳатто аз фаъолияти хоҷагидорию оилавии худ дур мондаанд.

Сониян, дар солҳои ҷанги "Толибон" бо "Эътилофи шимол" ва солҳои саркубии онҳо аз тарафи "нирӯҳои эътилофи ғарбӣ" ҳазорон нафар аз онҳо кушта ва ё захмию маъюб шудаанд. Ин талафоти бузурги инсонӣ ба ҳаёти рӯҳӣ, оилавӣ ва иҷтимоии ҳазорҳо хонаводаи оддии паштун зарбати ҷуброннопазир задааст. Имрӯз низ ҳамарӯза дар амалиётҳо даҳҳо нафар "толиб" кушта мешавад, ки аз ҳар 10 нафар 9 нафари кушташудагон маҳз паштун мебошанд. Яъне, ин ҳаркат ҳанӯз ҳам ба қавми паштун зарари бузурги инсонӣ меоварад. 

Илова бар ин, ҳазорон нафар аз паштунҳое, ки дар давраи фаъолияти "Толибон" дар сафҳои он буданд ва ҳангоми суқути онҳо ба хориҷа (асосан аз тариқи Покистон) рафтанд, имрӯз ҳам бо мулоҳизаҳои амниятӣ ба Афғонистон баргашта наметавонанд. Дар кулл, агар теъдоди умумии қурбониён, толибони муҳоҷир ва размандагони фаъолро дар назар гирем, ин ҳаракат даҳҳо ҳазор нафар нирӯи корӣ ва созандаи қавми паштунро дар як ҷанги ноком талаф дода ва ё масраф сохтааст. 

Илова бар ин, бо сабаби ноамн будани минтақаҳои паштуннишини навори ҷанубии Афғонистон, то имрӯз низ бахше аз муҳоҷирони афғон, ки ҳанӯз солҳи ҳуҷуми Иттиҳоди Шӯравӣ паноҳанда шуда буданд, аз Покистон баргашта наметавонанд. Ҳоло беш аз 2 миллион нафар аз онҳо дар Покистон боқӣ мемонад, ки аксари онҳо сокинони минтақаҳои паштуннишин мебошанд. (Барои муқоиса, метавон гуфт, ки аксари муҳоҷирине, ки аз минатқаҳои марказӣ ва шимолии ин кишвар ба Ирон ва Покистон рафта буданд, ба сабаби амн гаштани ин минтақаҳо солҳои охир ба ватан баргаштаанд).

Масъалаи дар Покистон боқӣ мондани муҳоҷирини Афғонистон имрӯз на танҳо як мавзӯи муҳимми инсонӣ ва иҷтимоӣ, балки як мавзӯи муҳимми сиёсию амниятӣ низ мебошад. Зеро, аз як тараф, мавҷудияти ин теъдоди бузурги муҳоҷирон яке аз монеаҳои асосии оддӣ шудани муносибатҳои Афғонистону Покистон буда, аз тарафи дигар, муҳити ин муҳоҷирон яке аз манбаъҳои асосии бо ҷангандагон таъмин намудани ҳаракати "Толибон" ба ҳисоб меравад.

Ҳамин тавр, фақат мушоҳидаи мушкилоти инсонии мардуми минтақаҳои паштуннишини Афғонистон кофист, то гуфта шавад, ки мардуми оддии паштун аз фаъолияти "Толибон" ҳеҷ суди воқеие надидаанд.  

3. Ҳузур ва фаъолияти "Толибон" дар минтақаҳои паштуннишини Афғонистон боиси нообод ва аз барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии умумимиллӣ берун мондани бахше аз ин минтақаҳо гаштааст.

Минтақаҳои ҷанубӣ ва ҷанубу ғарбии Афғонистон, ки ба таври анъанавӣ бештар минтақаҳои паштуннишин ба ҳисоб мераванд, аз назари табиат, иқлим ва ҷойгирии ҷуғрофӣ шароити хуб дошта, дар онҳо заминаҳои муносиби рушд вуҷуд дорад. Аммо, дар айни замон, ин минтақаҳо аз назари мавҷудияти зерсохторҳо (роҳҳои муосир, хатҳои муосири обу барқ), рушди риштаҳои гуногуни саноатӣ, кишоварзии санъатишуда, хидматрасониҳои иҷтимоӣ, шаҳрсозию ободонӣ ва ғайра дар муқоиса бо минтақаҳои дигари Афғонистон дар ҳолати ногувор қарор доранд.

Ин тафовути рушди минтақаҳо дар даҳсолаҳои охир боз ҳам ҷиддитар шудааст, ки яке аз сабабҳои аслии он фаъолиятҳои ҳаракати "Толибон" дар ин минтақаҳо мебошад. Ба таври мисол, имрӯз аз он "форм"-ҳои машҳури Ҷалолобод (хоҷагиҳои парвариши мандарин, афлесун ва зайтун), ки яке аз ифтихороти Афғонистон буданд, акнун асосан заминҳои хароба ва дарахтони хушкида боқӣ мондаанд. 

Фаъолияти "Толибон" ба ободии ин минтақаҳо дар солҳои охир аз чанд ҷиҳат таъсири манфӣ доштааст. Аввалан, бо сабаби ҷангҳои доимӣ бо "Толибон", хусусан, дар аввали солҳои 2000-ум, ки бахше аз ин минтақаҳо аз тарафи нирӯҳои "эътилофи зиддитерористӣ" ракетаборону бомбаборон шуда буданд, на танҳо бисёре аз ободиҳо ва зерсохторҳо, балки бахше аз манзилҳои зист ва моликияти хусусии мардум низ осеби шадид диданд.

Қисмате аз онҳо то имрӯз низ дар ҳолати вайрона ва ё нимавайрона боқӣ мондаанд. Сониян, бо сабаби ноамнии доимӣ дар ин минтақаҳо, дар онҳо қариб ҳеҷ гуна сармоягузории ҷиддии хориҷӣ дар бахши саноат ва зерсохторҳо анҷом нашудааст. Барои муқоиса метавон гуфт, ки дар минтақаҳои марказӣ ва шимолии Афғонистон миллиардҳо доллар сармоягузории мустақими ширкатҳои хусусии хориҷӣҷалб шудааст.

Сеюм ва аз ҳама муҳимтар, ба сабаби мавҷудияти "Толибон" ва ноамнии доимӣ, аксари ин минтақаҳои Афғонистон амалан шомили барномаҳои миллии ободонӣ ва созандагӣ нагаштаанд. Дар масъалаи ободонии шаҳрҳо ва деҳот низ дар ин минатқаҳо корҳои бунёдӣ ва ҷиддӣ анҷом нашудааст.

Табиист, ки чунин қафомонӣ ба сатҳи зиндагии мардум, ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва барои дар ҳолати фақру мӯҳтоҷӣ боқӣ мондани аҳолии одии ин минатқаҳо ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Ин ҳолати ногувор ва рушднаёфтагии зерсохтории бахши муҳимме аз минтақаҳои паштуннишин ва аз бисёре аз имконоти имрӯза маҳрум мондани мардуми паштун дар ин минтақаҳо низ аз ҷумлаи зиёнҳои ҷиддии фаъолияти "Толибон" ба аҳолии паштун мебошад.

Дар марҳилаи имрӯза низ ободии минтақаҳои паштуннишини навори ҷанубии Афғонистон аз фаъолияти "Толибон" зарари зиёд мебинанд. Хусусан, дар шароите, ки имрӯз ҷангиёни "Толибон" аз маҳалҳои аҳолинишин ҳамчун "сипари мулкӣ" истифода менамоянд, зимни баъзе амалиётҳои заминӣ-ҳавоӣ ҳатто рустоҳо пурра хароб мешаванд. Зеро низомиёни Афғонистон ва НАТО низ имрӯз тибқи усули "аз ҳар ҷое, ки оташ кушода шавад, ба он ҷо оташ мекушоем" амал мекунанд.

4. Фаъолияти "Толибон" боиси аз раванди умумии иҷтимоишавӣ ва илму саводомӯзӣ қафо мондани намояндагони қавми паштун дар бисёре аз минтақаҳои ҷанубии Афғонистон гаштааст.

 Тавре маълум аст, солҳои охир ҷомеаи Афғонистон як "инқилоби таҳсилӣ"-ро аз сар мегузаронад. Аммо дар бисёре аз минтақаҳои зери таъсири "Толибон" ҳанӯз ҳам фаъолияти мактабҳо, нуктаҳои тиббӣ ва хидматрасониҳои иҷтимоӣ ба роҳ монда нашуда, аҳолӣ аз ин имкониятҳои зарурӣ маҳрум мебошанд. То имрӯз низ теъдоди донишҷӯёни донишгоҳҳо аз ин минтақаҳо ниҳоят кам буда, дар баъзе аз онҳо таҳсили духтарҳо чӣ дар мактаби миёна ва чӣ дар мактаби олӣ иҷозат дода намешавад.

Ҳамин тавр, бар хилофи насли ҷавони минтақаҳои марказӣ ва шимолӣ, бахши муҳиме аз намояндагони насли ҷавони минтақаҳои паштуннишини зери таъсири "Толибон" аз назари илму таҳсилот аз ҳамсолони худ қафо мемонанд. Ин ҳолат на танҳо ба рушди фарҳангию иҷтимоии паштунҳо, балки дар оянда ба вазъияти умумии қавми паштун дар саҳнаи илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсии Афғонистон таъсири ҷиддӣ мегузорад.

5. Фаъолияти ҳаракати "Толибон" қавми паштунро бо бӯҳрони ваҳдати дарунӣ ва хусусан, бо бӯҳрони лидери умумипаштунӣ ва умумимиллӣ рӯбарӯ сохтааст.

 Дар як замон ҳам роҳбарии давлат ва ҳам роҳбарии мухолифони мусаллаҳи давлатро ба ӯҳда доштани намояндагони паштунҳо боиси ҳолати ногувор дар масъалаи ваҳдати ин қавм ва таъмини манфиатҳои умумии қавмии паштунҳо шудааст. Ҳолати кунунӣ имкон намедиҳад, ки бисёре аз механизмҳои анъанавии ваҳдати паштунҳо кор кунад: ҳатто органи муҳимтарини ин қавм - "Луи ҷирга" низ ҷамъ шуда ва тасмим гирифта наметавонад.

Дар рафти ин бархӯрдҳо кушта шудани шахсиятҳои бонуфӯзи қабилавию минтақавии паштунҳо низоъ ва адовати байни онҳоро амиқтар менамояд. Масалан, чанд сол пеш бо дасти худи паштунҳо кушта шудани волии Қандаҳор бародари Ҳомид Карзай - Аҳмад Валӣ Карзай яке аз намунаҳои чунин низоъи дарунпаштунӣ мебошад. Дар канори ин, робитаҳои мустақими роҳбарони ҷиноҳҳои гуногуни паштун бо доираҳои хориҷӣ низ имкон намедиҳад, ки онҳо аз ҷумла, дар ҳалли масъалаҳои умумипаштунии худ мустақилона амал намоянд.  

Дар чунин ҳолат, қавми паштун бо масъалаи боз ҳам ҷиддитар, яъне бо бӯҳрони лидери умумиқавмӣ рӯ ба рӯ гаштааст, ки онро бо номи "бӯҳрони заъими қавмӣ" ёд меоранд. Ин ҳолат низ барои ин қавми дорои тарзи зиндагии анъанавӣ мушкил мебошад, зеро маъмулан, онҳо низоми устувори қавмӣ дошта, аксаран атрофи роҳбарони қабилаҳо ва лидери умумимиқавмии худ ҷамъ меоянд. Вале дар солҳои охир ин қавм натавонист, ки шахсияти хосеро ҳамчун лидери умумӣ на танҳо барои худ, балки барои тамоми Афғонистон ироа намояд.

Ин мушкили паштунҳо хусусан, бо наздикшавии интихоботи президентии Афғонистон бо тамоми ҷиддияти худ зоҳир шудааст. Зеро, коршиносони афғонистонӣ ошкоро ин масъаларо ба миён мегузоранд, ки имрӯз шахсияти бонуфӯз ва қобили қабули ҳамагоне нест, ки ҳамчун лидери умумимиллӣ аз тарафи паштунҳо ба мақоми президентии Афғонистон пешбарӣ шавад. Хусусан, чеҳраи ду шахсияти асосии имрӯзи паштунҳо, президенти амалкунанда Ҳомид Карзай ва роҳбари ҳаракати "Толибон" Муллоумар дар фазои иттилоотӣ ва афкори умумӣ то ҳадде кӯфта ва "сиёҳ" карда шудааст, ки дигар ҳеҷ гуна шанси гирифтани нақши лидери бонуфӯзи умумимиллиро на дар сатҳи қавми паштун ва на дар сатҳи кулли Афғонистон надоранд. 

Ҳамин тавр, шикастани ваҳдати паштунҳо ва пеш омадани бӯҳрони лидерӣ дар ин қавм аз осебҳои дигарест, ки аз фаъолиятҳои ҳаракати "Толибон" ба паштунҳо ворид шудааст.

 6. Фаъолияти "Толибон" қавмҳои дигари Афғонистонро ба "мавқеи қавмӣ" таҳрик намуда, онҳоро дар мухолифати огоҳона бо арзишҳои паштунгароӣ қарор додааст.

1.taliban august-2013

Албатта, Афғонистон ҷомеаи чандмиллиятӣ буда, муносибати байни қавмҳо дар он ҳамеша мавзӯи ҳассоси сиёсию фарҳангӣ ба ҳисоб мерафт. Аммо ҳамчун "намояндаи як қавм" матраҳ шудан ва зиёда аз ин, ба ҳудудҳои таърихӣ ва анъанавии қавмҳои дигар ҳуҷуми низомӣ овардани "Толибон" боис гашт, ки қавмҳои дигари Афғонистон низ муборизаи зиддитолибонии худро "тафсири қавмӣ" дода, дар муқобили ин ҳаракат пеш аз ҳама, мавқеи қавмӣ гиранд.

Ҳамин тавр, хусусан, ҳуҷуми "Толибон" ба минтақаҳои шимолии кишвар (нимаи дуюми солҳои 90-ум) ба ҷанги дохилии Афғонистон шарҳу мазмуни қавмию миллӣ бахшида, ба муносибатҳои байниқавмӣ дар ин кишвар зарбаи ҷуброннопазир ворид намуд. Солҳои муқовимати қавмӣ боис гашт, ки "рӯҳи қавмӣ" дар намояндагони миллатҳои ғайрипаштун низ бисёр қавитар шуда, мавқеъгирии қавмӣ ба ҷузъи муҳимми мавқеъгирии сиёсии онҳо табдил шуд.

Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки фаъолияти "Толибон" эҳсосоти қавмии миллатҳои дигари Афғонистонро шадидан бедор намуда, онро мазмуну инсиҷоми назарию сиёсӣ бахшида, дар ниҳоят, тааллуқи қавмиро ба яке аз андозагириҳои асосии равандҳои сиёсии Афғонистони муосир табдил додааст. Онҳо қавмҳои дигарро дар баробари паштунҳо маҷбуран басеҷ намуда, барпо хезонда, бар хилофи хоста ва манфиатҳои худ, "инқилоби қавмҳо"-ро дар Афғонистон имконпазир сохтанд.

7. Фаъолияти ҳаракати "Толибон" ба шикаста шудани тасаввури дусадсола дар бораи "ҳокимияти сиёсии паштунҳо бар Афғонистон" мусоидат намуда, заминаи психологии ин эътиқодро дар назари қавмҳои дигари Афғонистон аз байн бурд.

Яъне, дар ниҳоят, бо дар назар гирифтани тамоми он таҳаввулоти сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва равоние, ки дар ду даҳсолаи охир дар фазои муносибатҳои қавмии Афғонистон рух дод, метавон гуфт, ки заминаи равонӣ ё пихологии он ҳолате, ки бо номи "бофти анъанавии ҷомеаи Афғонистон" ва "тавофуқи таърихии миллатҳои Афғонистон" номида мешуд, амалан аз байн бурда шуд.

Мазмуни ин "бофти анъанавии ҷомеа" дар он буд, ки қавми паштун ҳамчун қавми давлатдор қудрати олии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии кишварро маъмӯлан дар ихтиёр дошта, қавмҳои дигар гӯё нақшҳои дуюму сеюмдараҷаро иҷро мекарданд. Аз ҷумла, тоҷикон пеш аз ҳама, мақомоти фарҳангӣ, қазоӣ, идорӣ, иҷтимоӣ ва машваратии сиёсиро дар ихтиёр дошта, ӯзбекҳо мақомоти сатҳи миёна ва поини низомю амниятию тиҷорӣ ва ҳазораҳо нақши хидматрасониро "ба ӯҳда доштанд".

Ин қонуни нонавишта на танҳо аз тарафи назариясозони миллигарои паштун талқин мешуд, балки аз тарафи оммаи қавмҳои дигари Афғонистон низ асосан ҳамчун воқеият пазируфта ва эътироф шуда буд. Аммо таҳаввулоти ду даҳсолаи охир заминаи зеҳнии ин "бофти анъанавии ҷомеаи Афғонистон"-ро шикаст. Дар солҳои охир бисёре аз намояндагони қавмиятҳои Афғонистон ин назарияро барои худ таҳқиромез хонда, ба "ҳаққи баробари тамоми халқҳо" таъкид доранд. Баъзе аз коршиносони афғонистонӣ  ба ин ақидаанд, ки назарияи мазкур имрӯз заминаҳои дохилии худро аз даст дода, бештар аз тарафи кишварҳои хориҷӣ таъкид ва риоят мешавад.

Яке аз хусусиятҳои хоссаи давраи нав ин аст, ки солҳои охир на танҳо тоҷикон, балки ӯзбекҳо, ҳазораҳо, туркманҳо, балучҳо, нуристониҳо ва ғайраҳо низ дар Афғонистон талаби ҳуқуқҳои баробар бо дигарон менамоянд. Намояндагони ин ақаллиятҳои қавмӣ ҳоло ҳеҷ гуна бастабандии қавмии қудратро қабул надоранд ва ба қавли яке аз онҳо, "акнун дар Афғонистон қавми якуму дуюм нест ва Раиси Ҷумҳурии Афғонистон шудани намояндаи қавми ҳазора низ як амри табиӣ мебошад".

Гарчӣ имрӯз низ қудрати асосии Афғонистон дар ихтиёри намояндагони қавми паштун аст, аммо фарқи асосии ҳокимияти онҳо аз ҳолати анъанвӣ дар он аст, ки он вақт ҳоким будани паштунҳо аз тарафи ҷомеа аз назари урфӣ ва равонӣ бисёр оддӣ ва табиӣ қабул мешуд, вале акнун он аз ин ду пояи асосии машруияти худ маҳрум шудааст. Яъне, ҳокимияти имрӯзи паштунҳо дигар на бар пояи урф ва эътирофи табии нақши роҳбарии онҳо аз тарафи қавмҳои дигар, балки асосан, аз роҳи сохтани эътилофҳо ва муомилаҳои ҷиддӣ бо намояндагони қавмҳои дигари Афғонистон ва мусоидати ҷиддии хориҷӣ нигоҳ дошта мешавад. То ҷое, ки дар тамоми тӯли таърихи давлатдории Афғонистон қавми паштун барои "ҳукумат рондан" бар ин кишвар мисли имрӯз то ин андоза ба мавқеъ ва ҳимояти қавмҳои дигар вобаста ва ниёзманд набуд. Пеш омадани ин ҳолати комилан нави таърихӣ барои паштунҳо, яке аз ҷиддитарин натиҷаҳои фаъолияти ҳаракати "Толибон" барои қавми паштун дар Афғонистон мебошад.

8. Дар сатҳи калони минтақавӣ низ фаъолияти ҳаракати "Толибон" ба худи идеяи "Паштунистони бузург" зарбаи ҷиддӣ зада, имкони амалӣ шудани онро боз ҳам мушкилтар ва шояд номумкин сохтааст.

 Идеяи "Паштунистони бузург" пеш аз ҳама, ба ҳудуди Афғонистон ҳамроҳ шудани минтақаҳои васеи паштуннишини Покистон ва ё дар заминаи минтақаҳои паштуннишини ду кишвар сохтани давлати ягонаи паштунҳоро дар назар дорад. Аммо, фаъолияти ҳаракати "Толибон" дар ду даҳсолаи охир ба пояҳои идеяи "Паштунистони бузург" зарбаи ҷиддӣ задааст. Аз як тараф, дар ҳолати ноамн ва рушднаёфта нигоҳ доштани минтақаҳои паштуннишини Афғонистон ва ба рушди нисбӣ дар ин самт расидани минтақаҳои паштуннишини Покистон боис гаштааст, ки байни ин ду минтақа тафовутҳои зиёд ба вуҷуд ояд.

Имрӯз паштунҳои Покистон аз имкониятҳое чун маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, барқ, роҳҳои обод ва ғайра бархурдор буда, дар муқоиса бо паштунҳои Афғонистон зиндагии осуда ва бисёр беҳтар доранд. Аз тарафи дигар, зиндагии тӯлонӣ дар дохили марзҳои Покистон боиси ба тадриҷ ташаккул ёфтани психология ва мавқеи "шаҳрвандии Покистон" дар паштунҳои он тарафи марз гаштааст. Насли нави паштунҳои Покистон маҳз "таҳсили покистонӣ" гирифта, худро маҳз ҳамчун шаҳрванди Покистон мешиносанд. Фаъолияти гурӯҳи "Толибон" ин тафовутро амиқтар намуда, аксарияти ҷавонони таҳсилкардаи паштуни Покистониро ба дарунтари "ҳуввияти покистонӣ" ва бо дарки бештари "тафовут аз афғонҳо" ҳидоят намудааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин таҳаввул, метавон гуфт, ки имрӯз идеяи дар асоси паштунгароӣҷудо шудан аз Покистон ва ҳамроҳ шудан ба хоки Афғонистон дар байни аҳолии калонсол ва ё дар минтақаҳои рушднаёфтаи қабиланишини паштун ҳанӯз  роиҷ аст, вале миёни насли нави таҳсилкарда ва миёни аҳолии минтақаҳои ободу шаҳрии паштунҳои Покистон акнун ҳеҷ дастгирӣ надорад. Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки фаъолияти "Толибон" ба пояҳои равонӣ ва иҷтимоии андешаи "Паштуннистони бузург" зарбаи ҷиддӣ задааст. Ба таври дақиқтар, фаъолияти ин гурӯҳ ин андешаро дар фазои иттилоотӣ матраҳтар намудааст, вале аз ҷиҳати амалӣ номумкинтар сохтааст.      

***

Албатта, ба хотири комил шудани манзара, бояд зикр кард, ки фаъолияти "Толибон" ба ҳалли ду масъала барои паштунҳо мусоидат низ намудааст:

1. Бозгашти ҳокимияти расмии паштунҳо. Яъне, пас аз суқути Наҷибуллоҳ дар апрели 1992 ҳукумат дар Афғонистон амалан ба дасти тоҷикон гузашта, то соли 1996 он ҳамчун ҳукумати воқеии Афғонистон ва пас аз ишғоли Кобул аз тарафи "Толибон" низ ҳамчун ҳукумати расмии қонунии Афғонистон фаъолият намуд. Аммо қиёми "Толибон" боис гашт, ки ин ҳукумат суқут ёфта, пас аз конфронси Бонн дар соли 2001 роҳбарияти олии ҳукумат дубора ба ихтиёри паштунҳо баргардад. Аммо бо вуҷуди имкониятҳои қавӣ, ҳокимияти феълии онҳо аз назари машруияти ҷамъиятӣ ва равонӣ дар муқоиса бо даврони то бӯҳрон қавӣ нест.   

2. Мусаллаҳ нигоҳ доштани аҳолии минтақаҳои паштуннишин. Бинобар нисбатан амн шудани вазъияти минтақаҳои марказӣ ва шимолии Афғонистон, мардуми ин минтақаҳо дар солҳои охир ба рӯзгори осоиштаи шаҳрвандӣ гузаштаанд. Давлат низ дар доираи барномаҳои "ҷамъоварии силоҳ аз аҳолӣ" силоҳи мардуми минтақаҳои шимолӣ ва марказиро амалан ҷамъоварӣ намудааст. Вале ноамнии минтақаҳои ҷанубӣ боис гаштааст, ки ҷамоварии силоҳи онҳо анҷом нашудааст. Илова бар ин, аҳолии баъзе минтақаҳои ҷанубӣ бо номи "гурӯҳҳои худдифо" мусаллаҳ мебошанд, то рустои худро аз "Толибон" ҳимоя кунанд. Ҳамин тавр, бахше аз аҳолии минтақаҳои ҷанубӣ бо номи "толиб" мусаллаҳанд ва баъзеи дигар бо номи "дифоъ аз толиб" силоҳ доранд.

Маънои низомӣ-сиёсии ин вазъият чунин аст, ки дар сурати пас аз соли 2014 пеш омадани баҳсҳои қудратию низомӣ ва ё ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон, аҳолии минтақаҳои паштуннишин хуб мусаллаҳ буда, аҳолии минтақаҳои дигар асосан бесилоҳ мебошанд. Ин ҳолат метавонад дар таносуби қудрат дар Афғонистон таъсири амиқ гузорад.  

***

Хулоса, бо вуҷуди ин, агар манфиатҳои воқеии мардуми одии минтақаҳои паштуннишини Афғонистон, сатҳи рушди фарҳангию иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии воқеии ин мардум дар назар гирифта шавад, метавон гуфт, ки мавҷудият ва фаъолияти гурӯҳи "Толибон" дар кулл, ба манфиати мардуми одии паштун набудааст, балки ин мардумро аз бисёр имкониятҳои рушди воқеӣ маҳрум гузошта, ба сарнавишти он зиёни бузурге расонидааст. Шояд тарроҳони ҳаракати "Толибон", баъзе кишварҳои хориҷӣ, идеологҳои миллигароии паштун ва худи роҳбарони ин гурӯҳ аз фаъолияти он манфиатҳои зиёде дида бошанд, вале яқинан, фаъолияти ҳаракати "Толибон" дар маҷмӯъ ба манфиати мардуми одии минтақаҳои паштуннишини Афғонистон анҷом нашудааст.



Шарҳҳо   

 
0 #2 ЧумахонGuest 10.08.2013 18:29
Ин мардак бо ин макола бори дигар нишон додааст, ки як сохибфикр мебошад ва як тахлилгари сатхи баландтарин хаст. Бисёр дакик ва чукур
 
 
0 #1 РохгумзадаGuest 09.08.2013 20:32
Аз ин рохнамоии огои Абдуллох рохро метавон якбора гум кард, яъне рахгум зад.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi